Formula novemver 2024
Пули бе дарду миён ба сарам бало овард
6644
Муҳоҷири тоҷик 50 ҳазор доллар ёфту...

 

Ман Субҳон, муҳоҷир аз шаҳри Маскав. Як сол боз дар ин шаҳри бузург таксист шуда кор мекунам.

 

Як шаби боронӣ як марди русу ду духтараки ҷавон мошинамро манъ карданд. Борҳояшон зиёд будааст, бо азобе чизу чораашонро ба бордони мошин бор карда, онҳоро ба ҷои гуфтаашон бурда расондам. Се ҳазори русӣ дода, раҳмат гуфта рафтанд. Бо андешаи он, ки дар чунин шаби боронӣ дигар касе дар кӯча намегардад, мошинро сӯйи иҷорахонаам рондам. Сахт хаста шуда будам, хӯрокамро хӯрда, дарҳол сар ба болин гузоштам ва чӣ тавр саҳар шудани шабро нафаҳмида мондам.  Субҳ ҳангоми мошиншӯӣ чашмам ба ҳамёне афтид, ки дар зери нишастгоҳи қафо афтида буд. Хам шуда онро гирифтам. Аз дарунаш як бандча саддолара баромад.  Ҳисоб кардам 50 ҳазор доллар будааст. Азбаски чунин пули калонро дар умрам бори аввал медидам, ҳуш аз сарам парид.  Пойҳоям ба ларза даромад. Як ҳафта пулро нигоҳ доштам, вале касе ба суроғаш наомад. Худо ба мани камбағал дод гуфта, ҳафтаи дигар ба бозор рафтам ва мошини нави «BWM Х6» харидам. З ҳазор доллари дигарро ба ҳамсарам фиристодам, то барои меҳмонхонаамон мебелҳои зебои қимматбаҳо харад. Боқимондаи пулро ба киссаам зада мегаштам.


Ба гапи дигарон гӯш кунанд ҳам, танҳо кори табъи дили худашонро мекунанд. Шиорашон дар зиндагӣ чунин аст: “Аз сад бор шунидан як бор дидан беҳтар аст!” 


Аз байн  чанд рӯз гузашта буд, ки тамғаи мошини пештараам дар интернет пайдо шуд. Соҳибони пул тариқи Интернет аз ман талаб доштанд, ки пулашонро баргардонам, вагарна ҳолам бад мешавад. Ҳайрон мондам, ки чӣ кор кунам, зеро нисфи пулро сарф карда будам. Медонистам, ки бо кӯмаки полис ба зудӣ маро меёбанду ба паси панҷара мекашанд, мисли барги бед меларзидам. Гумонам рост баромад, рӯзи дигар дарамро кормандони орган кӯфтанд. Соҳибони бор маро дидан баробар шинохтанд ва гиребонамро дошта, талаб карданд: «Верни деньги!» Бо сари хам 20 ҳазор доллари дар дастам бударо бароварда додам ва зорӣ намудам, ки маро ба зиндон накашанд, боқимондаи маблағро ёфта медиҳам. Мошинамро кашида гирифтанд ва як ҳафта муҳлат доданд. Гирёну нолон аз рафиқонам қарз гирифта, боқимондаи пулро додам. Кормандони прокуратура низ аз фурсат истифода бурда, боз 5 ҳазор доллар талаб карданд. Хуллас, ҷонамро бо як азоб аз ҳабсшавӣ наҷот додам, вале ба қарз ғутидам. Имрӯз бо азобҳои алим бо ҳамон мошинчаи назарногирам таксӣ зада, кам-кам қарзамро бар гардонида истодаам. Пули муфт маро ба гирдоби бало гирифтор кард. Беҳуда намегӯянд, ки чизи кас ба кас фаво намекунад, кошкӣ ҳамон пулҳои лаънатиро нигоҳ медоштаму ба чунин ҳол намеафтидам.

Субҳони ғариб                

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД