Arzon march 2024
Чапаргӯши духтарбоз
2592

 

Чашм оинаи дил бошад, гӯш дарвозаест, ки соҳибашро бо ҷаҳони пур аз навгониҳои рангоранг мепайвандад. Дар баробари хабарҳои гуногунро ба мо расонидан ин “антенаҳо”-и илоҳӣ дар бораи хулқу рафтори соҳибашон низ маълумотҳои бисёр аҷиб дода метавонанд. Инак, гӯш кунед, ки гӯшҳо чӣ мегӯянд.

Чапаргӯши меҳрубон

Одатан ба одамони гӯшҳояшон калон-калон мардум бо чашми тамасхур нигариста, бечораҳоро “чапаргӯш ” гӯён масхара мекунанд. Мабодо ҷавон ё духтараки чапаргӯше ба шумо дил баста бошад ё волидонатон чунин домод ё арӯс ёбанд, дарҳол биниатонро инҷ карда, рӯятонро нагардонед. Одамони гӯшкалон дар назари аввал бисёр безеб намоянд ҳам, кордону чорчалон ҳастанд ва дунёи зебо доранд. Мардони чапаргӯш бисёр олиҳиммат мешаванд. Онҳо ҳамеша ба дарди дигарон шарик буда, кӯшиш мекунанд, ки ба дармондагону муҳтоҷон кӯмак расонанд. Дасти афтодаҳоро гирифтан хислати модарзоди гӯшчапарҳо аст. Аксарияти чапаргӯшҳо баъди 30 солагӣ бою бадавлат мешаванд ва занҳо мисли магас ба онҳо мечаспанд, зеро хуб медонанд, ки ин мард барои зани дӯстдоштааш чизеро дареғ намеорад.

Гӯш не, гӯшчаяк

Афроде, ки гӯшҳои майда-майдаи аҷиб доранд, диққати атрофиёнро дарҳол ба худ ҷалб месозанд. Гӯшчаҳои хурдакак касро ба олами поку беғаши кӯдакӣ мебарад, вале ин эҳсосот сароби назарфиреб аст. Одатан одамони гӯшҳояшон майда бисёр худхоҳ, эгоист ва ҳавобаланд буда, назарашон дигаронро намегирад. Ин тоифа ба зебоӣ ва ақлу заковату хиради худ чунон боварӣ доранд, ки гумон мекунанд меҳвари замин ҳастанд ва агар набошанд, дунё вайрон мешавад. Ба гапи дигарон гӯш кунанд ҳам, танҳо кори табъи дили худашонро мекунанд. Шиорашон дар зиндагӣ чунин аст: “Аз сад бор шунидан як бор дидан беҳтар аст!” 

Сухани нармаки гӯш

Нармаки гӯш ҳам забон дорад, вале забонашро танҳо касе фаҳмида метавонад, ки аз асрори қиёфашиносӣ бохабар аст. Мехоҳед сухани нармаки гӯшро шунавед? Пас, гӯш кунед!

Одамоне, ки нармаки гӯшашон ғафс аст, қобилияти бисёр баланди мантиқан андешаронӣ намуданро доранд. Онҳо ба ҳама чиз аз назари мантиқ менигаранд. Афроди нармаки гӯшашон тунук бисёр ҳассос буда, аксаран эҳсосоташон аз ақлашон боло мегирад. Онҳо ба корҳои ҷиддӣ аз қабили сиёсат, ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва ҳисобу китоб чандон майлу рағбат надоранд. Нармаки нарми гӯш аз табиатан ҳунарманд будани соҳибаш дарак медиҳад. Одатан маҳз аз ҳамин тоифаи одамон рассомон, актёрон ва ҳофизони номӣ мебароянд.

Бо чашм бубину бишнос

Ҳангоми суҳбат танҳо ба шакл ва нармаки гӯш диққат додан барои шинохтани инсон ва дарди дунёи ботиниаш кифоя нест, боз як розкушои дигаре ҳам ҳаст, ки бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Диққат дода бошед, нармаки гӯш бо устухони тағоякмонанде пайваст аст, ки пардаи маҳини пӯст онро мепӯшонад. Ана ҳамин устухонча ҳам ба шумо дар бораи соҳибаш маълумотҳои ҷолиб дода метавонад. Ин устухон аз нармаки гӯш калон бошад, донед, ки соҳибаш одами дар дунёи ботинии худ фурӯрафта аст. Ин тоифа ҳиссиёти бисёр баланд доранд ва аксар вақт сар задани ҳодисаҳои нохушро пешакӣ эҳсос менамоянд. Эҷодкоранд. Дар зиндагӣ на ба ақлу мантиқ, балки ба эҳсосоти худ бештар такя менамоянд. Бо далелҳо чизеро ба чунин одам бор кардан бефоида аст, аздусар вай танҳо ҳамон гоҳ пешниҳоди шуморо қабул мекунад, ки садои ботиниаш онро дуруст шуморад.

Андоза накӯст

Касоне, ки нармаки гӯшашон бо устухон мутобиқ афтодааст, натанҳо зоҳиран зебоянд, балки ба шарофати дар ҳама кор баробариро нигоҳ дошта тавонистанашон ҳамеша гули сари сабади дигарон мегарданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ҳаёти шахсии худро қурбони кор ё баръакс масъалаҳои кориро қурбони кайфу сафою роҳату истироҳати худ намесозанд. Проблемаҳои кориашонро бегоҳ ҳамроҳи худ ба хонаашон намеоранд ва мушкилоти зиндагиашонро низ вирди забони мардум намесозанд. Мувозинат байни зиндагии шахсӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-ҳамин аст сирри комёбиҳои ин афрод. Ин тоифа боз як хислати наҷиб доранд-ҳақгӯю ҳақпараст ҳастанд. Пеш аз он, ки ба хулосаи қатъӣ биёянд, ҳатман тамоми далелҳои мусбату манфиро дар тарозуи ақл баркашида, сипас ба амал мегузаранд.

Гӯш ё биёбон?

Аҳён-аҳён одамоне вомехӯранд, ки устухони гӯшашон бо нармак қариб, ки яксон буда, дашти биёбон ва ё ҳамворро ба ёд меорад. Одатан ин тоифаи одамон аз ҳад зиёд ба қобилиятҳои худ эътимод мебанданд. Мағруру худписанд буданашон боиси он мегардад, ки билохира танҳо мемонанд. Аз худ шоҳзода сохтан ва хоҳишу эҳсосоти касеро ба назар нагирифтани “биёбонгӯш” дӯстонашро аз ӯ дилсард намуда, шиносҳояшро мегурезонад. Одатан ин тоифа вақте аз осмони ғурур ба замин мефароянд, ки аллакай ба мӯяшон сапедӣ дамидааст.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД