Салом! Хонандаи ҳамешагии шумоям. Сабаби ба сайти OIla.tj муроҷиат карданам як масъалаи оилавист. Падарам Нуриддин чанд сол боз дар Русия муҳоҷир аст. Сабаби аз хона қаҳр карда рафтанаш як моҷарои оилавӣ шуд.
Амакҳоям баъди сари бобоям тамоми заминҳоро аз худ карданду падарам ду даст дар бинӣ монд. Ҳарчанд бо хубӣ фаҳмонд, ки вай ҳам фарзанд аст ва ба мероси падар ҳақ дорад, касе аз бародаронаш ба додаш нарасид. Падарам сахт ранҷид ва ба қавли куҳансолон алами Мусоро аз Исо гирифта, мо, фарзандонашро партофта, қаҳр карда ба Русия рафт. Баъди рафтани падарам ҳоли мо табоҳ гашт. Модарам аз тарси янгаҳояш аз бародаронаш кӯмак пурсида наметавонист, амакҳоям бошанд, парво надоранд, ки мо зиндаем ё аз гуруснагӣ кайҳо мурдем. Як рӯз бо алам ба амакам гуфтам: «як пора замин чи буд, ки ба падарам надодед, агар ӯ ба Русия намерафт, мо хору зор намешудем!” Амаки хунхорам «тирмизак, боз ту ба ман гап ёд медиҳӣ» гуфта, маро чунон лагадкӯб кард, ки хун аз сару рўям мисли фонтан шорид.
МЕТАРСАМ, КИ ПИСАРАМ БА СУРИЯ НАРАФТА БОШАД
Бечора модарам агар худро ба болоям партофта, маро халос намекард, яқин дар зери мушту лагади амакам мемурдам. Бо ин ҳам қонеъ нашуда вай моро аз хона ронд. Гириста-гириста либосҳоямонро ҷамъ кардему ба шаҳр омадем. Азбаски ҷойи хоб надоштем, як кулбаи вайронаю валангорро макони зиндагӣ интихоб кардем. Аз хона дида ин кулбаи вайрона ба оғил бештар монанд аст, вале ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯем. Маҷбур шуда мактабро партофтам. Субҳ ба бозор рафта то шом аробакашӣ мекунам ва ба 30-40 сомоние, ки бо арақи ҷабин меёбам, барои додару хоҳаронам хӯрокворию либос харида, зиндагиро қадри имкон пеш мебарам. Кулбаи вайронаи мо дар наздикии Комбинати гӯшт аст. Барои он ба сомонаи Оила муроҷиат намудам, ки шояд падари муҳоҷирам ин газетаро хонда, аз ҳоли мо огоҳ мешавад. Падарҷон, ман тамоми рўзгори хонаро ба уҳдаи худ мегирам, пул кор карда, худам модару додаронамро соҳибӣ хона мекунам, ягона хоҳишам аз шумо ҳамин аст, ки ба Ватан баргашта, моро саробонӣ намоед!
Хуршед