Oila Navruz
Ниқоб-лифтинг барои чашм
1701

 

Баъди 30-солагӣ пӯсти рӯйи зан тағйир меёбад. Таровату нафосати пӯст гум шуда, ожангҳои аввалин пайдо мешаванд.

Баъди 40-солагӣ ҷараёни пиршавии пӯсти рӯй бошиддат давом мекунад. Пеш аз ҳама дар кунҷи чашмон чинҳои чуқур пайдо мешаванд. Пӯсти атрофи чашмон тунук аст, ҳар замон хандидану гиря кардан, бурмакунии лабу рӯй боиси ба вуҷуд омадани ожангҳо мегардад. Бонувоне, ки ба ҳолати пӯсти рӯяшон бепарво нестанд ба нигоҳубини пӯсти ин мавзеи рӯй диққати хоса медиҳанд. Имрӯз мо ба шумо, хонумҳои азиз дар бораи ниқоб-лифтингҳое маълумот медиҳем, ки аз маҳсулотҳои дастрас омода шуда, барои ҳамвор сохтани ожанги кунҷи чашмон на камтар аз малҳамҳои мағозагӣ кӯмак мерасонанд.

 Картошка-давои варами чашм
1 дона картошкаро шуста, хушконида аз турбтарошаки сӯрохиҳояш хурд гузаронед. Саҳару бегоҳ каме картошкаи тарошидашударо ба пораи дока гирифта, ба қисми поёни чашмонатон гузоред ва 10-15 дақиқа нигоҳ доред.

 Асалу зардии тухм

 1 қошуқ асал, зардии 1 тухм, 1 қошуқ орд, 3-4 қатра витамини Е-ро нағзакак омезиш диҳед. Ниқобро ҳафтае 2-3 бор ба гирди чашмонатон молида, баъди 15 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.

 Барги ҷаъфарӣ

Баргҳои ҷаъфариро нағзакак шуста кӯбеду маҳлули омодашударо ба атрофи чашмонатон молида, бо докачаи дар оби сард таршуда пӯшонед.

Барои ниқоби дигар 1 қошуқ ҷаъфарии кӯфтаро бо 2 қошуқча сметанаи беравған омехта карда, ба поёни чашмҳо молидан лозим аст. Тақрибан баъди 15 дақиқа ниқобро бо оби хунук шӯед.

Аз ҷаъфарӣ боз як ниқоби сеҳрноки дигар тайёр кардан мумкин аст. Ҷаъфарии кӯфтаро бо картошкаи хоми майдашуда омезеду маҳлули ҳосилшударо ба дока гирифта, 10-15 дақиқа дар чашмони пӯшидаатон нигоҳ доред.

 Испаноқ
Испаноқ чинҳои хурдро ҳамвор ва пайдоишашро пешгирӣ менамояд.
Испаноқ (шпинат)-ро кӯфта, 1 қошуқчаи шарбаташро ҷабида, бо 10 г маҳлули равғанини витамини А ва 1 қошуқча малҳами барои атрофи чашм муқарраршуда омехта карда ба пӯсти зери чашмонатон молед. Ниқобро баъди 20-30 дақиқа бо докаи дар шири хунук таркардашуда тоза кунед.

 Ниқоб аз лӯбиё ва қаймоқ
1 қошуқча пюреи гарми картошкагиро бо 1 қошуқча лӯбиёи обпази кӯфташуда, равғани зайтун ё бодом, 1 қошуқча сметана ё саршири равғанин ва орд омехта карда, ниқоби тайёршударо ба пӯсти атрофи чашмон молидан лозим аст. Ниқобро метавонед 10-15 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби хунук шӯед.
Ҳар як ниқобро баъд аз 3-4 рӯз дар давоми 5-7 ҳафта тайёр кардан лозим аст.

 Ниқоб аз афлесун
Аз ними афлесун шарбаташро ҷабида, ба он зардии латзадаи тухм, 1 қошуқча асал ва 1 қошуқ равғани зайтунро илова карда, дар пӯсти атрофи чашм 10-15 дақиқа нигоҳ дореду бо оби ширгарм шӯед.

 Ниқоб аз банан
Ними бананро нағзакак лат зада, ба он 1 қошуқча равғани растанӣ ва 1 қошуқча саршир илова карда, ниқобро дар пӯсти атрофи чашмонатон 15-20 дақиқа нигоҳ дореду баъд бо оби ширгарм шӯед.

Ниқоб аз сабзӣ
Сабзиро пӯст карда, аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронед ва ба он зардии 1 тухму 2 қошуқ оҳари картошкагиро илова карда, нағзакак омезиш диҳед. Ниқобро ба пӯсти атрофи чашмон молида, баъди 20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД