Дар зиндагии ҳар як ҷавонмард лаҳзае фаро мерасад, ки барои давом додани насл ба худ ҷуфти муносиб ёфтанаш лозим меояд.
Интихоби арӯс масъалаи бисёр нозук аст, зеро аз чӣ гуна будани арӯс, хислату хӯяш ҳаёти чандин нафар вобастагӣ дорад. Хуб мебуд, ки ҷавонмардон дар ин бобат масъулиятро ба дӯши волидон напартофта, ҷиддан аз пайи ин масъала шаванд. Арӯснро қабл аз тӯй ҳаматарафа омӯхта, мувофиқ будан ё набуданатро муайян созед, то фардо аз падару модар барои келини ёфтаашон домангир нашавед.
Қадами аввал:
Арӯс кист?
Аввал рӯихати духтаронеро тартиб диҳед, ки ба шумо писанданд. Рӯихати шумо айни ҳол холӣ бошад, пас фикри зангирӣ карданатон беҳуда аст. Қабл аз он ки духтареро ба занӣ мегиред, бояд ба ӯ таваҷҷуҳ дошта бошед. Духтареро, ки умуман тобу тоқати диданашро надоред, ба занӣ гирифтан камоли беақлист.
Қадами дуюм:
Модараш кист?
Шумо чанд духтаракеро мешиносед, ки бароятон ҷолибу дилкашанд, вале кадоме аз онҳоро бояд интихоб кард? Беҳуда калонсолонамон нагуфтаанд: «очаша бину духтара гир» нагуфтаанд, хислати модар аксаран ба духтар мегузарад. Аҳамият диҳед, ки модари духтари писандидаиатон чи хел зан аст. Бо шавҳараш чӣ хел муносибат дорад? Донистани ҳамаи ин чизҳо муҳим аст. Вақте духтар дар бораи падару модараш гап мезанад, бодиққат гӯш кунед. Маълумоти гирифтаатон дар шинохти маҳбубатон ба шумо кӯмак мерасонад. Аҳамият диҳед, ки духтар падарашро дӯст медорад ва ҳурмат мекунад ё нисбаташ дилсардона гап мезанад. Рафту духтар аз ҳад зиёд эркаи падар бошад, шумо ҳеҷ гоҳ марди идеалии ӯ шуда наметавонед. Образи дадаҷони дӯстдошта ҳамеша байни шумо ҳамчун «девор» мемонад.
Қадами сеюм:
Камбудиҳои арӯс
Чаро зану шавҳар ҷудо мешаванд? Барои он ки ба камбудиҳои якдигар чашм пӯшида наметавонанд. Фаромӯш насозед, ки дар дунё одами бе камбудӣ нест, аз ин лиҳоз қабл аз интихоби арӯс ба ҷиҳатҳои манфии хислаташ диққат диҳед. Модоме моҳи осмон низ беайб нест, зани шумо низ бе камбудӣ намешавад. Он тарафаш кори шумост, ки кадом камбудиҳои арӯсро қабул мекунеду кадомашро не.
Қадами чорум:
Якдигарфаҳмӣ
Зану шавҳар бояд фикру ақидаҳои якхела дошта бошанд. Аз духтар тасаввуроташро дар бораи чӣ гуна будани зан ва шавҳар, дар оила бояд чанд фарзанд бошад, кадом корҳои зиндагиро кӣ бояд иҷро намояд, пурсон шавед. Фарқияти калон дар сатҳи тафаккур ва тарзи зиндагӣ маънои онро дорад, ки шумо ба ҳамдигар мувофиқ нестед ва оилаи мустаҳкам бунёд намуданатон ба гумон аст.
Қадами панҷум:
Шитоб накунед!
Равоншиноси машҳури рус А.Полеев гуфтааст : «Барои он ки дар интихоби арӯс ба хатогӣ роҳ надиҳед, аз духтари дӯстдоштаатон олиҳа натарошед. Барои хубтар шинохтани инсон вақт лозим аст!»
Чашми ошиқ кӯр аст, вале бо гузашти вақт, баъди он ки пардаи муҳаббат аз пеши чашматон афтид, бо ақли солим ба нафаре, ки ҳаётатонро бо ӯ пайвастан мехоҳед, менигаред. Аслан, инсон бояд дар ягон кор шитоб накунад. Дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ бошад, ҳушёрӣ мебояд. Нависандаи рус Лев Толстой гуфтааст, ки зангирӣ ҳам монанди мурдан аст. Яъне, вақте зан бояд гирифт, ки илоҷи дигар намемонад.
Дар ҳолате, ки духтаре номзади хуб асту дилатон кашоли дигаре, тамоми гуфтаҳои боло моҳияти худро гум мекунанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки пайванди шумо амри тақдир аст. Дар ин сурат ба садои дилатон гӯш диҳед, чунки маслиҳати атрофиён аз дусар фоида намекунад.