Arzon march 2024
Шӯрпешонӣ
2589

 Дар яке аз нишастҳои дӯстона нигоҳам ба чашмони ҳузнангези ҷавондухтаре бархӯрд. Хомӯшу бесадо ашк мерехт. Дугонаҳояш аз рӯзгори ширину саодатмандонаи худ ҳарф мезаданду ин зебосанам бо қатраҳои ашки шӯр рухсораи зебояшро доғдор мекард. Нигоҳамро аз он духтар ҳеҷ канда наметавонистам. Баногоҳ нозанини гирён рӯймолчаро аз болои чашмонаш гирифт, аз дидани чашмонаш ҳайратам афзун гашт, нигоҳаш ба нигоҳи чашмони солим шабоҳат надошт. Пай бурдам, ки духтарак нобиност. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Наздиктар нишаста сабаби гиряашро пурсон шудам. Духтарак оҳи сард кашида саргузашти ғамангезашро чунин қисса кард:

Модарам Бибиҳодия духтари қоматбаланду зебои зиндадил будааст. Тамоми хешу таборон Бибиҳодияро дӯст медоштаанду бегона карданашро намехостаанд. Ба хотири аз даст надодани Бибиҳодия ӯро бо писарамакаш Маҳмадхуҷа фотиҳа мекунанд. Муносибати ин ду навҷавон то баргузор гаштани тӯяшон ба кинои ҳиндӣ шабеҳ буда, кас аз диданашон лаззат мебурдааст. Падарам Маҳмадхуҷа ба хотири дидори арӯси нозанинаш тез-тез амакашро хабар мегирифтагӣ шудааст. Волидони орзупарвар беқарории ин булбулони боғи ишқро дида, рӯзи хонадоршавии онҳоро муқаррар мекунанд. Бибиҳодия пироҳани шинаму сафеди арӯсиро ба бар карда, чун садбарги шукуфони сафед шаҳсавори орзуҳояшро интизорӣ мекашид. Баланд гаштани садои таблу карнай аз омадани домоди паричеҳра муждагонӣ дода, 7-уми ноябри соли 1986 муҳри никоҳ номи Маҳмадхуҷаро дар тақдири Бибиҳодия нақш менамояд. Тӯйи арӯсию домодии онҳо бо рақсу бозӣ ва шодию сурур баргузор гардид. «Аз инҳо бисёр кӯдакони хушрӯ ба дунё меомадагистанд»,- пичиррос мезаданд меҳмонон ба гӯши якдигар, вале…

 Тавлиди тифл
Зиндагии шаҳдбор оғоз гардид. Зану шавҳари ҷавон ҳар лаҳза бо суханҳои меҳрбору ошиқона қалби якдигарро шод мекарданд. Ширинии зиндагӣ ва давоми умри инсон фарзанд аст. Бибиҳодияву Маҳмадхуҷа низ бесаброна пайдо шудани самари муҳаббати худро интизорӣ мекашиданд. Худованд дар батни ин зани орзупарвару зиндадил тифле офарида, акнун умеди ба дунё омадани фарзандашон ниҳоди навхонадоронро равшанӣ мебахшид. Маҳмудхуҷа ҳар рӯз ҳангоми аз кор баргаштан барои ҳамсари дӯстдоштааш ширинӣ ва хушбӯиҳо ҳадя меовард, то нахли умедашон ширинаку зеборӯй гардад. 14 сентябри соли 1987 садои гиряи тифл баланд шуда, шуълаи чароғи ишқи Бибиҳодияву Маҳмадхуҷаро боз ҳам равшантар намуд. Тифли маъсуму зеборо Заррина ном ниҳоданд. Заррина бозичаи дӯстдоштаи волидонаш гашт, Бибиҳодияву Маҳмудхуҷа дар атрофи лӯхтакчаи зиндаашон шабу рӯз парвона буданд. Онҳо бо лаҳни ширини кӯдакӣ ҳарф задани фарзандашонро интизорӣ мекашиданд, интизорӣ мекашиданд, ки кай дастони кӯчаки худро ба гардани падару модар ҳалқа мекунад… Зарринаи кӯчак афтону хезон роҳгардӣ омӯхт, акнун волидонаш ӯро ба оғӯш гирифта бӯй мекашиданду мебӯсиданд ва сипос мегуфтанд Худовандро, ки фарзанди онҳоро бенуқс рӯйи дастонашон гузошт, аммо…

 Фариштачаи нобино
Баъд аз муддате роҳгардӣ барои Заррина мушкил гардид. Ба ҳар чиз пешпо хӯрда меафтид. Вай мисли дигар тифлакон дастони хурдакакашро боли парвона барин кушода ҷониби падару модар оғӯш намекушод, мустақилона шишачаи обнӯшиашро аз болои мизи хӯрокхӯрӣ гирифта наметавонист. Чизи мехостаашро ламскунон ҷустуҷӯ мекард. Зану шавҳари ҷавон ба ташвиш афтида, духтарчаашонро ба духтур бурданд. Маълум гашт, ки фарзанди дӯстдоштании Маҳмудхуҷаю Бибиҳодия нобино аст. Табибон сабабашро дар никоҳи хешу таборӣ арзёбӣ карданд. Чеҳраи Бибиҳодия аз шунидани ин хабари шум якбора чун барф сафед шуд, пойҳояш аз ҳаракат монданд, баданаш ланҷ шуда ба замин афтод. Табибон кӯдакро ба дасти падараш дода, осемасар ҷониби модари ҷигархун давиданд. Ба биниаш навшотир молиданд, ба рухсорааш оби сард пошиданд, хулоса бо як азоб Бибиҳодияро ба ҳуш оварданд, аммо ҷавонзан ояндаи пурғусаи духтарашро тасаввур карда, дигар нон аз гулӯяш намегузашт. Баҳори зиндагиаш бо шунидани шумхабари нобино будани фарзандаш ранги хазонро гирифта, баргҳои сабзи умеду орзуяш зарду пажмурда гашта буданд. Аз як тараф бемории Заррина, аз тарафи дигар хавфи тавли фарзандони носолими дигар дили зану шавҳари ҷавонро хуншор мекард, зеро ҳамон шабу рӯз Бибиҳодия фарзанди дуюмашро интизор буд. Маҳмудхуҷа бо суханҳои таскинбахш ҳамсарашро ором карданӣ мешуд, аммо худ дарун-дарун хун мегирист.

 Ғам болои ғам
Ҳабдаҳуми сентябри соли 1988 фарзанди дуюми Бибиҳодия ва Маҳмудхуҷа Шоира ба дунё омад, баъд Моҳираи ширинрӯ таваллуд шуд. Кӯдакон хеле хурд буданд, ташвиши зиндагӣ бошад зиёд. Бибиҳодия Моҳираи чормоҳаро дар гаҳвора баста, худ аз пайи анҷоми кору бори хона овора буд. Шоираи хурдакак бо хоҳараш бозӣ карда, аз муҳаббати зиёд ва ё аз беақлӣ, дасти кӯдакро мегазад. Аз шунидани чирроси баланди Моҳира Бибиҳодия ба ташвиш афтида осемасар ба хона давид. Кӯдакро аз гаҳвора кушода аллагӯён ором кардан мехост, вале тифлак торафт баландтар гиря мекард. Нолиши ҷонкоҳи фарзандашро дида Бибиҳодия хост Моҳираро ба беморхона барад, аммо кампири хушдоманаш «кӯдак бо гиря калон мешавад» гӯён, садди роҳаш гашт. Тифлаки чормоҳа се шабу се рӯз таб карда гириста бошад ҳам, Маҳмудхуҷа ба гапи калонҳо гӯш дода, зану фарзандашро ба беморхона набурд. Шаби сеюм кӯдакро ларза-судороги гирифт. Зану шавҳар гирёну нолон фарзандашонро ба бемористон бурданд, лекин хеле дер шуда буд. Табибон гуфтанд, ки аз сутунмуҳрааш функсия гиранд, эҳтимол зинда монад. Маҳмудхуҷа ночор розӣ шуд, бехабар аз он, ки барои ин амалиёт пул дода ба худ дарду ғаму андуҳ мехарад. Табибон Моҳираро аз марг наҷот доданд, вале кӯдак аз ақл бегона шуда, ба ғами волидонаш боз як ғами дигарро зам кард. Дили Бибиҳодия аз ин чархиданҳои ноҷури зиндагӣ ба дард омад. Ду фарзанди солимаш нобиногии Зарринаро мепӯшониданд, вале бозии тақдирро бубинед, ки як бозии беақлонаи кӯдакона фарзанди солимашро носолим гардонд.

 Тавлиди писар
Худованд гиряҳои пурсӯзи Бибиҳодияро дида, барояш писарчае ато намуд. Тифлро Иброҳим ном гузоштанд. Бибиҳодия андармони муолиҷаи фарзандони бемораш фурсати писарашро ба оғӯш гирифтан намеёфт. Нуҳ сол ин ҷавонзани шӯрпешонӣ роҳи беморхонаро аз рафтуои зиёд хӯрда кард, аммо натиҷае ҳосил нашуд.

 Фоҷиаи хунин
Он рӯзи шум Бибиҳодия фарзандони солимаш Шоираю Иброҳимҷонро ба микроавтобуси хатсайри 28 савор карда, ба хонаи модараш гусел намуду худаш ба беморхона ба назди Моҳира рафт. Нав ба беморона расида буд, ки шумхабари бо сабаби аз кор баромадани тормузҳояш бо симчӯбе бархӯрда, ба садама дучор гаштани як маршруткаи 28 расид. Аз шунидани ин хабар дили Бибиҳодия ба ларза даромад ва осемасар ба ҷойи ҳодиса шитофт.

 (Идомаи қиссаро пагоҳ соати 22.00 интизор шавед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД