Formula novemver 2024
Мурдахӯр дар дараи алмосии Ҳисор
7901

 

Даҳшат
….Ҳамсояҳо давед! Зудтар ба ин ҷо биёед! Бинед, касе мурдаҳоро аз гӯр баровардааст. Ҳама ҷо пур аз устухони одамӣ,-фиғони кампири Ашўрбӣ мардумро ба таҳлука овард.

Ҳамдеҳагон ҷонҳавл сӯйи қабристон медавиданд, ман низ қатори дигарон ба сӯйи водии хомӯшон тохта, раҳораҳ аз ҳамсояи девордармиёнамон акаи Юсуф, ки ба калонсолиаш нигоҳ накарда, қариб нафасгир шуда баробари мо медавид, пурсидам:
-Худаш чӣ гап? Мурдаҳоро кӣ аз гӯр баровардааст?
Акаи Юсуф ба маънои «намедонам» китф дарҳам кашид.
Аз шиддати давидан нафасҳоямон дар гулӯямон печида ниҳоят ба қабристон расидем. Дар ҳақиқат ҳама ҷо пур аз устухони дасту пой ва дандонҳои шикаставу рехтаи одамӣ буд. Аҳли деҳа бо дидани ин манзара ба даҳшат афтиданд.

«Бозёфт»-и кампири подабон
-Бачаҳо дар Русия, мӯйсафедам бемор хоб аст, аз ҳамин хотир вақтҳои охир худам молҳоро ба саҳро мебарам. Саҳар говҳоро ба чарогоҳ мебурдам, ки ногоҳ чашмам ба алафи сабзи баландшудаи теппаи дар паҳлуи гӯристон буда афтид. Хурсанд шуда говҳоямро ба ҳамин тараф ҳай кардам. Дар бозгашт ба арвоҳи гузаштагон фотиҳа хонданӣ шуда ҷониби дарвозаи қабристон равон шудам. Ногоҳ ба чизе пешпо хӯрда қариб афтида будам. Бинам, косахонаи сари одамӣ. Ба атроф назар карда дидам, ки ҳама ҷо пур-пури устухони одамизод, аз тарс дилам қариб аз хонааш баромада буд,-Бо рангу рӯйи кандагӣ қисса кард зани бобои Ҳамдам, кампири Ашўрбӣ.

Изи пойи мурдадузд
Мо, мардҳо устухонпораҳоро бо эҳтиёт аз пайроҳаи мазор ҷамъ кардем. Мурдахӯр бераҳмона якбора чанд қабрро кофта буд, бинобар ин, муайян кардан душвор буд, ки кадоме аз ин устухонҳо ба кадом маит тааллуқ доранд. Маслиҳат кардем, ки гӯри нав кофта ҳама устухонҳои ёфтаамонро алоҳида дар ҳамон қабр зери хок мекунем. Домулло баъди гӯрондани устухонҳо ба ҳаққи руҳу арвоҳи тамоми хуфтагони водии хомӯшон аз Қуръони карим сураю дуову фотиҳа хонд, ҳама даст ба рӯй кашида омин гуфтем. Дар бозгашт баногоҳ чашмам ба пайи пойи аҷибе афтид, ки дар болои гӯри акаи Саид, ки ду рӯз пеш ба хок супурда будем, нақш баста буд. Ба из ишора намуда гуфтам:
-Домулло, ин пайи пойи чӣ бошад?
-Пайи мурдахӯри лаънатӣ, дигар чӣ ҳам мешуд?!-Даст афшонд домуллоимоми масҷидамон ва оҳи сард кашид.
-Мурдахӯраш чист?-Кунҷковӣ кардам ман, вале домулло ба ин саволам ҷавоб надода, танҳо даст афшонду халос.

Дарди бедармон
Рӯзи дигар дар деҳа овоза паҳн шуд, ки кампири Ашўрбӣ сахт бемор шуда аз гапу ҳарф мондааст. Мардум миш-миш мекарданд, ки ҳоли холаи Ашўрбӣ бисёр бад аст, багумон, ки аз бистари беморӣ бархезад. Аз рӯйи таомули деҳа ба хонаи акаи Ҳамдам ба аёдати бемор рафтем. Холаи Ашўрбӣ дар ҳақиқат беҳолу бемадор хоб буд. Чашмонаш пӯшида буданд, вале талх-талх нолиш мекард.
-Холаҷон, ба шумо чӣ шуд?-Ба бемор наздиктар нишаста пурсидам ман, вале падарам даст ба лаб бурда ишорат намуд, ки хомӯш бошам.
-Очаам касеро намешиносад, чизеро намефаҳмад, тамоман аз гапу ҳарф мондааст,-Оби чашмонашро пок карда гуфт духтараш Ситора.
-Дирӯз нағз буданд-ку!-Вохӯриамонро бо холаи Ашўрбӣ дар гӯристон ба ёд оварда, пурсидам бо ҳайрат.
-Очаам дар ҳақиқат дирӯз сип-сиҳат буданд. Саҳар говҳоро ба чарогоҳ бурданду баъди баргаштан якбора табларза карданд. Дар пайроҳаи қабристон кадом махлуқи даҳшатнокро дида сахт тарсидаанд,-Ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт келини хурдии холаи Ашўрбӣ-Муслима.
-Ҳеҷ гап не, ин кас одами бақувват, худо хоҳад, дар ду-се рӯз сиҳат шуда ба по мехезанду боз асп барин тохта мегарданд,-дилбардорӣ намуд падарам.
Мо қариб як соат дар назди бемор нишаста аз ину он суҳбат кардем, вале дар ин муддат кампир ақаллан як бор ҳам чашмонашро накушод. Вай ҳамоно бо чашмони пӯшида нолиш мекард ва баъзан аз чизе тарсидагӣ барин, дод мегуфт.


 МУРДАИ БОЙМУРОДРО КӢ СОҲИБӢ МЕКУНАД?



Бо соҳибхонаҳо хайрухуш намуда баромадем. Раҳораҳ ҳар кас сабаби бемории кампирро ба таври худаш шарҳ медод. Яке мегуфт, ки холаи Ашўрбиро бало задааст, дигарӣ тахмин мекард, ки кампир дев ё ҷинро дида аз тарс бемор шудааст…
Ҳамон шаб ба фикрам касе аз аҳли деҳа аз тарс аз хонааш набаромад.

Марги пурасрор
Субҳ, баробари баланд шудани садои азон аз хонаи бобои Ҳамдам овози гиряву нолаи ҷонсӯзи духтару келину набераҳояш ба фалак печида аз он дарак дод, ки кампири Ашўрбӣ аз олам гузаштааст. Занҳо ба сар рӯймоли сафед андохта, ҷониби мурдахона равон шуданд, мо, мардҳо бошем, баъди хондани намози бомдод роҳи хонаи бобои Ҳамдамро пеш гирифтем. Абри тираи ғам фазои ин хонадони ду рӯз пеш ба тӯйхона монандро фаро гирифта, хурду калон дар сӯги кампираки меҳрубону беозор гиря мекарданд. Духтарҳои холаи Ашўрбӣ рӯю мӯяшонро канда «очамой» гӯён, нола мекарданду келину набераҳояш бо онҳо ҳамовоз шуда, сӯзу фиғонашонро бо сухан баён менамуданд, шавҳари пиру бемораш бошад, пушташро ба девор гузошта бе овоз ашк мерехт. Маълум буд, ки даргузашти ҳамсари меҳрубонаш барои ин мӯйсафеди касалманд бохти бисёр калон аст. Раиси маҳалла қарор дод, ки мурдаро пеш аз пешин баровардан лозим аст, вале қабрканҳо аз рафтан ба водии хомӯшон метарсиданд. Овозаю ҳангомаҳои даҳшатнок дар бораи мурдахӯр ончунон мардумро тарсонда буданд, ки дигар касе ҷуръати аз дарвозаи қабристон даромадан намекард. Марги пурасрори кампир ин овозаю ҳангомаҳоро вусъати тоза бахшида, ҳароси мардумро дучанд гардон. Раис ба дасти чор ҷавони паҳлавон таёқҳои пурқувват дода, онҳоро қариб зӯран ба қабрканҳо ҳамроҳ намуда ба гӯристон фиристод, то барои маит ҷой тайёр кунанд.
Ҳазли хунук
Ҷасади кампирро баъди ҷаноза кардан бо тарсу ларз ба хок супурда ба арвоҳаш дуову фотиҳа хонда, аз водии хомӯшон баромадем. Калонсолон пештару мо, ҷавонҳо аз пасашон оҳиста-оҳиста қадам мезадем. Чеҳраи ҳама гиреҳбаста ва табъашон нохуш буд.
-Дилам ба момаи Ашўрбӣ месӯзад, аз Мункар ва Накир пештар ба сараш мурдахӯр меомадагист,-ҳазли ноҷо намуд ҳамсинфам Зафар, ки табиатан ҷавони шӯху бебоке буд.
Аз афташ пичир-пичири мо ба гӯши домулло расид, ки пас гашта норозиёна ба сӯйи мо нигарист. Падари Зафар шарм дошта писарашро коҳиш намуд:
-Аҳмақ, ҳеҷ аз ҳамин шӯхиҳои аблаҳонаат намондӣ-да!
-Рамшод, камтар ист, ман ба ту гап дорам,-даҳонашро қариб ба гӯши ман часпонда пичиррос зад Зафар.
Ман бо аломати ризо сар ҷунбондам…

Вохӯрӣ бо мурдахӯр
-Рамшод, биё имшаб мепоем, ки мурдахӯр ба шикори мурдаи момаи Ашўрбӣ мебиёяд ё не?-Пешниҳод кард Зафар.
Ин таклифи ҷӯраам бисёр хавфнок бошад ҳам, ҳисси кунҷковӣ маро ба қабул карданаш водор сохт.
Шабона, баъди хобидани ҳама пайвандонамон мо, чор ҷӯраи ҷонӣ фонарикҳо дар даст ҷониби водии хомӯшон равон шудем. Тарс дар ҳақиқат душмани азиме будааст, ҳатто садои алафи зери поямон ҳам дасту пойи моёнро ба ларза медаровард, вале худро мард гирифта аз роҳамон нагаштем.
Аз байн қариб як соат гузашт, вале ҳанӯз аз мурдахӯр дарак набуд.
-Ба фикрам ин овозаю ҳангомаҳо ҳамаашон танҳо гапи хушку холӣ, на ягон хел мурдахӯр ҳасту на мурдадузд, хезед ба хонаҳоямон меравем,-дилтанг шуда гуфт Хусрав.
Нав майли аз ҷой бархостан карда будем, ки Зафар нидо кард:
-Бачаҳо ба он тараф нигаред, ана аз тарафи қабри момаи Ашўрбӣ ким-чихел як ҷонвар баромад….
Ҳама ба ҳамон самте, ки Зафар ишора карда буд, нигаристем.
-Ба фикрам рӯбоҳ аст,-тахмин намуд Файзалӣ.
-Не, рӯбоҳ нест. Рӯбоҳ ин қадар калон намешавад, ба ғайр аз ин, манаҳаш бисёр дароз менамояд,-сар ҷумбонд Зафар.
-Шағол будагист,-ҳадс задам ман.
-Шағол ҳам нест, ким-кадом ҳайвони дигар. Ман чунинашро дар умрам бори аввал мебинам,-рад кард ҷӯраам.
Ин дам мурдахӯр самти ҳаракаташро якбора тағйир дода рост ба тарафи мо равон шуд.
-Гурезад! Гурезед, ки мехӯрад,-ҷонҳавл фиғон кашид Хусрав, ки то ин дам ба баҳсу мунозираи мо бефарқ менигарист.
Бачаҳо ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳоданд, вале маро гӯё барқ зада бошад, мадори аз ҷой ҷунбидан надоштам. Мурдахӯр туъмаи навбатиаш дар даҳон рост ба сӯйи ман меомад. Умедамро аз зиндагӣ кандам, дасту диламро аз ҷони ширинам шуста, интизори фаро расидани марги даҳшатноки худ нишастам. Ҷонваре, ки тамоми деҳаро ба даҳшат оварда буд, ба ман расида гирифт. Акнун дар байни мо ҳамагӣ чанд қадам масофа буду халос, вале аз чӣ бошад, ки мурдахӯр ба ман ҳуҷум намекард. Мурдахӯр чанд лаҳза бо чашмони оташбораш маро ҳадафи нигоҳи маргзойи худ қарор дод. Нафас аз шиддати тарсу ҳарос дар гулӯям печид, хаёл кардам, ки ҳамин ҳоло дилам торс мекафад, вале ҷонвари даҳшатнок якбора мурдаи дар даҳонаш бударо ба пеши пойи ман ҳаво доду , якбора чун бод тозон ҷониби гӯрҳои мурдаҳо давида рафт…
Чанд лаҳза ё чанд соат дар ҳамон ҳол лолу карахт нишастам, дар ёд надорам, як вақт овози ҷӯраам Хусрав ба гӯшам расид:
-Рамшод, зиндаӣ? Ба ту чӣ шуд, ҷӯраҷон?
Сар бардошта дӯстонамро дар болои сарам дидам.
-Мурдахӯр ба гӯшат чиҳо гуфт?-Ҳазл кард Зафар.
-Мурдахӯр гуфт, ки ҷӯраҳои ноодамат садқаи одамгарӣ шаванд,-талх табассум карда гуфтам дар ҷавоб ва афзудам,-Касофатҳо, думатона хода карда гурехтед, агар ҳамон дарранда маро мехӯрд, шумо аз дур истода тамошо мекардед, ки чӣ тавр мурдахӯр Рамшодро пора-пора мекунад?!
Дӯстонам чӣ гуфтанашонро надониста гунаҳкорона нигоҳашонро ба замин дӯхтанд.
-Исто, ки мурдахӯр ба ту чӣ «савғотӣ» ҳадя карда рафтааст,-Чашми тезбинаш ба ҷасади дар назди ман хобида афтида, пурсид Зафар.
Ман гӯё танҳо ҳамин лаҳза мурдаи кафанпечро дида бошам, бо ҳайрат ба «туҳфа»-и аз худ ёдгорӣ гузоштаи мурдахӯр нигаристам. Рӯйи мурдаро кушода ҳар чаҳорамон якбора «воҳ» гуфта мондем. Ҷасади дар наздамон истода мурдаи кампири Ашўрбӣ буд ва дар баданаш пайи дандонҳои мурдахӯр боқӣ монда буданд. Бо дидани ин манзара аз ҳуш рафтам. Дигар чӣ шуд намедонам. Ҷӯраҳоям маро бардошта ба хонаамон овардаанд. Пас аз ҳамон воқеа чанд моҳ бемор хобидам. Шабҳо мурдахӯрро хоб дида, мисли девонаҳо фиғонкашон бедор мешудам. Волидонам маро ба назди табибони номдор бурда дурудароз табобат карданд.
Баъди шифо ёфтанам аз забони пайвандонам шунидам, ки раиси маҳалла аз ҳуҷуми пай дар пайи мурдахӯр ба қабристон ҷонбезор шуда, шабҳо дар водии хомӯшон посбон мондааст. Бо шарофати ҳамин талошҳои раис ин ҳайвон аз мазори деҳаи мо гум шуд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД