Ҷӯраи президент ва мусалмони асил
Даричаи ошноӣ:
Ҳабиб Нурмагомедов Абдулманапович.
Санаи таваллуд: 20-сентябри 1988 (30-сола).
Зодгоҳ: Силди, ҷумҳурии Доғистон.
Дарозии қад: 177 см.
Вазн: 70 кг.
Мучал: Сунбула.
Ҳабиб Абдулманапович Нурмагомедов – муштзани ҷангҳои тан ба тан, зодаи Доғистон, дар миёни варзишгарон лақаби «Уқоб»-ро гирифтааст. Баъди он ки ҳафта гузашта Ҳабиб дар шаҳри Лос Вегас, дар майдони муҳориба рақиби пурқувваттаринаш-Конор МакРегорро мағлуб кард, номаш дар тамоми ҷаҳон вирди забони мардум гашт. Дар кишвари мо низ имрӯз дар ҳар хонавода гапи Ҳабибро мегӯянд.
Даврони кӯдакӣ ва наврасии Ҳабиб
Ҳабиб 20-уми сентябри соли 1988 дар деҳаи хурдакаки куҳии Силдии кишвари Доғистон ба дунё омадааст. Қариб тамоми мардуми ин деҳа муштзани авлодӣ буданд, аз ҷумла хешовандони Ҳабиб низ. Падараш Абдулманап Нурмагомедов – устоди варзиш оид ба гӯштигирӣ, амакаш чемпиони ҷаҳон оид ба самбо дар соли 1992 буда, тағоҳояш низ гӯштигири унвондоранд.
Пешаи авлодӣ сабаб гашт, ки Ҳабиб ва додараш Абубакр аз пайи авлодони номдорашон рафта, аз кӯдакӣ бо муштзанӣ машғул шаванд. Падар ҳамчун тренери аввалин қариб, ки аз гаҳвора ҷигаргӯшаҳояшро барои ширкат дар майдонҳои муштзанӣ омода менамуд.
Боксёри 3-сола
Аз синни сесолагӣ Ҳабиб аз машқҳои оддӣ сар карда, аллакай дар синни 5-солагӣ ба майдони муҳориба баромад. Вақте писарак 10-сола шуд, оилаашон ба Махачкала кӯч бастанд. Дар ин шаҳр падари Ҳабиб гурӯҳи варзишгарони боистеъдоди ҷавонро ташкил намуд ва Ҳабиб низ ба он шомил гашт. Вай то синни понздаҳсолагӣ аз дигар писарон фарқ намекард: ба мактаб мерафт, мунтазам машқ мекард, аксаран бо бачаҳои кӯча занозанӣ мекард, вале…
Панди падар
Вақте ки Ҳабиб бо мақсади пулкоркунӣ ба ҳайси посбон ба кор даромаданӣ шуд, волидон зид баромаданд. Падараш мегуфт, ки варзиш ҳам меҳнат аст ва варзишгари касбӣ набояд дар фикри пулкоркунӣ бошад, вагарна ба мақсад намерасад. Ҳабиб ин панди падарро ба гӯш гирифта, ҷиддӣ аз паси машқ шуд…
Баъди ба воя расидану бақувваттар шудан Ҳабиб аз рақибонаш фарқ мекард ва падар дарк намуд, ки фарзандаш дар ҳақиқат метавонад ҷаҳонро тасхир намояд. То он замон Абдулманап Нурмагомедов бештар писарашро ба дзюдо талқин менамуд ва хаёлан фарзандашро дар ин намуди муҳориба чемпион тасаввур мекард, вале баъдан дарк намуд, ки Ҳабиб дар ҷанги тан ба тани омехта бартарии бештар дорад. Бар замми ин, худи ҷавон ба самбои ҷангӣ майли зиёд дошт.
Устоди Ҳабиб кист?
Устодони ҷодаи самбо аз қабили Фёдор Емеляненко, Рустам Хабилов ва Рустам Мухторов ҳамеша мояи ифтихори Ҳабиб буданду ҳастанд. Аз ҳар кадоме аз ин варзишгарон Ҳабиб чизе омӯхтааст, вале маҳз бо шарофати кӯшишҳои падараш вай орзуҳои наҷиби худро ҷомаи амал пӯшонида тавонист.
Дастовардҳо ва набардҳои Ҳабиб
Дар синни 23-солагӣ Ҳабиб Нурмагомедов ҷавонтарин гӯштигири Русия дар таърихи UFC гашт. Амрикоиҳо дарҳол қобилияти хуби ин ҷавонро дарк намуда, Ҳабибро ба ташкилоти худ даъват намуданд. Аз ҳамон рӯз эътиборан фарзанди шоистаи доғистониҳо, бо лақаби «Уқоб» дар рингҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зӯрозмоӣ карда, ҳамеша дастболо мегашт.
Рамзи Ҳабиби муштзан телпаки чӯпонӣ гаштааст, ки тавассути он гӯштигир арҷу сипоси бепоёнашро ба халқи худ ва ба анъанаҳои мардумаш иброз менамояд.
Солҳои 2014-15 барои варзишгар давраи душвор буд: ӯ чанд ҷароҳати вазнин бардошт, вале ба захмҳои бешумори ҷисмаш нигоҳ накарда, Ҳабиб мавқеашро ҳамчун варзишгари мағлубнашаванда аз даст надод.
Соли 2016 Ҳабиб ба ринг баргашта, сарбаландона Даррелл Хорчерро мағлуб кард.
Зӯрозмоӣ бо Майкл Ҷонсон бори дигар омодагии баланд доштани муштзани русиягиро собит намуд: Ҷонсони амрикоӣ дар сеюм раунд ба Ҳабиб бой дод. Судя маҷбур шуд, ки ҷангро манъ намояд, зеро Ҳабиб усули ҳис кардани дард (болевой прием)-ро ба кор бурда, ҳатто имкон надод, ки Ҷонсон нафасашро рост кунад.
Зӯрозмоии Ҳабиб Нурмагомедов бо Тони Фергюсон чанд маротиба ба таъхир гузошта шуд. Онҳо бояд дар ринг тобистони соли 2014 қувваозмоӣ мекарданд, вале ҷароҳати Ҳабиб нақшаҳоро барбод дод. Апрели соли 2016 бошад, бо сабаби ҷароҳати Фергюсон муҳориба баргузор нагашт. Набарди ин ду рақибро ба моҳи марти 2017 гузоштанд, вале табибон дар гурдаҳои Ҳабиб санг пайдо намуданду зӯрозмоӣ баргузор нагашт.
Муҳорибае, ки дар он Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор МакГрегор ширкат варзиданд, шуру валвали зиёде барангехт, зеро баъди он ки Ҳабиб Майкл Ҷонсонро мағлуб кард, ҳангоми аз ринг поин шуданаш Конорро «Чӯҷаи ирландӣ» номида буд. МакГрегор дар ҷавоб гуфт, ки Нурмагомедов барои бо ӯ ба як майдон баромадан арзанда нест, вале тобистони 2017 аз фикраш гашта, иброз намуд, ки вай омодааст бо Ҳабиб зӯрозмоӣ кунад. 30-юми декабри соли 2017 Нурмагомедов дар ринг на бо МакГрегор, балки бо Эдсон Барбоза, гӯштигир аз Рио-де-Жанейро баромад. Падари Ҳабиб қаблан гуфт, ки Барбоз муштзани хуб аст, вале дар раунди дуюм мағлуб мегардад ва пешгӯии падар рост баромаду Ҳабиб дастболо гашт.
7-апрели соли 2018 Ҳабиб бояд дар ринг бо Тони Фергюсон вомехӯрд, вале зӯрозмоиро боз ба таъхир гузоштанд. Сабаб дар ҷароҳат бардоштани Тони буд. Аз он ки ба ҷои Фергюсон ба ринг Эл Яквинт мебарояд, Нурмагомедов як рӯз қабл аз муҳориба хабардор шуд, аммо бо вуҷуди ин, дар ин набард ғолиб омад.
Мусалмони асил
Ҳабиб Нурмагомедов ҳамчун мусалмони асил арақ наменӯшад, сигор намекашад, мунтазам бо додараш зиёрати Хонаи Худо мекунад ва тамоми рукнҳои Қуръонро риоя намуда, дар моҳи шарифи Рамазон ба майдони муҳориба намебарояд. Ҳабиб дар бораи ҳаёти шахсияш гап заданро дӯст намедорад. Атрофиён то ҳол рӯйи завҷаи ӯро надидаанд. Ҳамсари ин марди машҳур дар хона ба тарбияи ду фарзандаш машғул аст. Духтарчаи Ҳабиб сесола, писараш бошад, нав яксола шудааст. Ҳамсари покдомон ва покдилу покнияти Ҳабиб ҳамеша дар намозҳояш аз даргоҳи Худованд пешравиҳои беназирро барои шавҳари обрӯмандаш талаб мекунад.
Ҷӯраи президент
Ҳабиб Нурмагомедов бо шахсиятҳои номдори ҷаҳон, аз ҷумла бо сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров риштаи дӯстӣ дорад. Баҳори соли 2017 Нурмагомедов дар меҳмонии боксёри машҳури олам Майк Тайсон қарор дошт.
Дағдаға ва шикасти шармандавори Конор
Дар даври аввали зӯрозмоӣ бо МакРегор Ҳабиб муддати 5 дақиқа имкон надод, ки варзишгари ирландӣ аз замин худро бардорад. Дар даври дуюм низ Нурмагомедов ғолиб омад. Дар даври сеюм зарбаҳои пайи ҳами Ҳабиб рақибро гаранг карданд ва дар даври чорум вай бо усули хафакунии гулӯ Конорро пурра мағлуб намуд, аммо бо ин занозанӣ анҷом наёфт. Ҳануз ҳукмномаи ҳакамон набаромада, Нурмагомедов аз майдони набард баромада, ба сӯи зал давид. Вақте Ҳабиб бо Диллон Дэнис, тренери дастаи МакГрегор ҷанҷол мекард, дар ин замон ду нафар аз командаи доғистонӣ ба Конор ҳамла карданд. Задухӯрд бо кӯмаки кормандони пулис бартараф гашт. Ғолибият насиби Нурмагомедов шуд, вале се рафиқи ӯро кормандони пулис бо худ бурданд.
Конор аз рӯйи онҳо аризаи шикоятӣ нанавиштааст, вале ӯ баъдан дар твиттер қайд намуд, ки мехоҳад дубора бо Ҳабиб ба ринг барояд.