Зиндаятим
Аз рӯзе, ки худро мешиносам, дар хонаи бобоям зиндагӣ мекардем. Аз рӯйи шунидам вақти дар шикамаш панҷмоҳа будани ман, падарам модарамро талоқ дода будааст. Бобоям дар як гӯшаи ҳавлӣ барои мо хоначаи алоҳида сохта буд, то ки аз ғурбати янгаҳо дуртар бемалол зиндагӣ кунем. Модарам аз паи кору бори худаш овора шуда, чандон ба ман аҳамият намедод. Вай умуман намепурсид, ки ман чӣ мехӯрам, чӣ мепӯшам ва рӯзҳоро чӣ гуна бегоҳ мекунам. Фориғболии модар маро қайсару бепарво карда буд. Ба хондан чандон шавқу ҳавас надоштам, ба хотири дугонабозию даву тоз ба мактаб рафта, рӯз кӯр мекардам, аммо...
Нахли гуноҳ
Дар синни 15-солагӣ ба Ҳаким ном ҷавон ошиқ шудам. Касе аз аҳли оилаамон аз муҳаббати кӯдаконаи ман хабар надошт. Аз ҷавонию хомиам истифода бурда, Ҳаким бо ваъдаҳои болохонадор маро ба домаш афтонд ва ба номусам дастдарозӣ кард. Муносибати ошиқонаи ману Ҳаким қариб се сол давом ёфт. Мани содаю гумроҳ тайёр будам, ки барои ӯ ҷонамро фидо намоям, вале ба ҷойи ба хонаи бобоям хостгор фиристода, маро побанд кардан, баъди хатми мактаб Ҳакими номард бо баҳонаи кор кардани пули тӯй ба Русия рафту бо ҳамин бе ному нишон шуд. Пас аз рафтанаш фаҳмидам, ки падару модараш аз кӯдакӣ Ҳакимро бо духтари холааш номзад, яъне гаҳворабахш карда будаанд ва арӯси ӯ таппа тайёр будааст. Болои сӯхта намакоб, баъди чанд рӯзи рафтани Ҳаким ҳолам якбора бад шуд. Сарам чарх мезад, дилам беҳузур мешуд, тобу тоқати бӯйи равғанро надоштам...
Барои ташхис ба назди духтури занона рафтам. Вақте фаҳмидам, ки думоҳа ҳомиладор ҳастам, дуд аз димоғам баромад. Сари калобаамро гум када, намедонистам чӣ кор кунам ва аз кӣ маслиҳат пурсам...
Роҳи наҷот
Хеле фикр карда ба хулосае омадам, ки ба ҷуз модарам дигар ягон кас наметавонад ба дарди бедавои ман даво ёбад. “Ҳар чӣ набошад, вай модари ман аст, модар бояд аз сиру асрори духтараш бохабар бошад” мегуфтам худ ба худ ва пайти муносиб меҷустам. Як ҳафтаи дароз чӣ тавр ба модарам фаҳмондани ҳомиладориамро фикр кардам ва билохира, як шаб гириста-гириста ҳамаашро нақл кардам. Модарам аввал ба шӯр омада, маро чанд мушту шаппотӣ зад ва “ту сари маро дар байни мардум хам мекунӣ” гӯён, дашному ҳақорати зиёде дод, баъд оҳи сард кашида, гуфт, ки кори ношуданӣ аллакай шудааст ва бояд ягон роҳи ҳалли масъаларо пайдо кард...
Ҳамон шаб то саҳар мижа таҳ накарда, фикр мекардам, ки модарам чӣ хел роҳи ҳалли ин масъаларо меёфта бошад. Гумон доштам, ки вай маро ба назди ягон духтури шиносаш бурда, исқоти ҳамл мекунад, аммо рӯзи дигар модарам аз кор баргашта гуфт, ки тайёриамро бинам, пас аз як ҳафта ба Маскав парвоз хоҳам кард.
-Дар он ҷо як дугонаи ман туро пешвоз гирифта ба хонааш мебарад. Як хешаш ба наздикӣ аз занаш ҷудо шуда будааст, туро ба ҳамон мард ба шавҳар медиҳем. Фақат то рӯзи парвоз дар ин бора ба ягон кас даҳон накушо. Бобою тағоҳоят ҳомиладориатро фаҳманд, сари ҳардуямонро аз танамон ҷудо мекунанд,-таъкид кард модарам.
Бо шунидани ин суханон оҳи сабук кашида, бо аломати ризо сар ҷунбондам, зеро дар он лаҳзаҳо ман тайёр будам, ки ба Иблис бошад ҳам, ба шавҳар баромада, аз шармандагӣ халос шавам...
Рахти сафар
Шабе, ки саҳараш бояд ба Русия парвоз мекардам, модарам аҳли оиларо аз нияти худ огоҳ карда гуфт, ки маро ба назди дугонааш Лайло коркунӣ мефиристад ва баъдан худаш ҳам меравад. Бибиам аввал розӣ нашуд, вале тағоҳоям, ки ҳарчи зудтар аз хона рафтани моро мехостанд, тарафи модарамро гирифта, ӯро розӣ кунонданд.
Ҳамин тавр саҳари барвақт аз бобою бибии пирам дуо гирифта, ҳамроҳи модарам ба фурудгоҳ рафтам ва ӯ маро ба тайёра шинонда таъкид намуд, ки аз хати кашидаи дугонааш берун набароям...
Вақте тайёра ба парвоз даромад, сиёҳии азиме диламро фаро гирифт. Намедонистам дар он шаҳри азим чӣ сарнавиште маро интизор аст, вале дигар роҳи бозгашт набуд...
Бойбачаи ланг
Дугонаи модарам маро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта ба таксӣ шинонд ва рост ба хонааш бурд. Се рӯз дар манзили ӯ меҳмон будам, баъд холаи Лайлӣ як дег ош пухта, муллоеро даъват кард ва маро ба ҷавоне, ки модарам дар борааш гуфта буд, никоҳ карда дод. Бо дидани домод, ки сараш калу як пояш ланг буд, дуд аз димоғам баромад. Авзои маро пай бурда, холаи Лайлӣ дар бехи гӯшам пичиррос зад:
-Зиқ нашав, домод он қадар зебо набошад ҳам, бою бадавлат аст. Сардори як ширкати бузург аст, пулу моли бисёр, хонаи калону зебо, мошини қиматбаҳо дорад, як умр малика барин зиндагӣ мекунӣ...
Дар ҷавоб чизе нагуфтам, чунки бо айби худам ба чунин рӯз гирифтор шуда будам ва дигар ягон роҳи наҷот надоштам...
5 -ХАТОИ ЗАН ДАР ҶОЙГАҲ АЗ НИГОҲИ МАРД
Духтарфурӯш
Шавҳарам Умед ном дошта дар ҳақиқат бисёр бою бадавлат буд. Вай берун аз шаҳр чанд бӯстонсаро доштааст, вале мо дар марказ дар як бинои бисёрошёна зиндагӣ мекардем. Шавҳарам ду чорҳуҷрагиро харида як хона карда буд ва он чунон зебою барҳаво буд, ки дили кас боғ-боғ мешукуфт. Аз ягон чиз танқисӣ намекашидем, тавре ки холаи Лайлӣ гуфта буд, бо ин ҷавони ланг ман шоҳона зиндагӣ мекардам, аммо дилам бо ёди модар ва бобою бибиам гум мезад.
Як шаб ба шавҳарам гуфтам, ки модарамро сахт ёд кардаам. Умед ба ман бо заҳрханда нигариста гуфт:
-Модарат, агар туро дӯст медошт, мисли мол савдо намекард.
Чизеро нафаҳмида саволомез ба рӯяш нигаристам.
-Модарат туро бар ивази панҷ ҳазор доллар ба ман фурӯхт,-гуфт шавҳарам ва сар ҷунбонда рӯяшро гардонд.
Бо шунидани ин суханон хун ба сарам зад ва дар дилам нисбати модарам оташи нафрат аланга зад. Ман то он рӯз гумон мекардам, ки ба хотири аз шармандагӣ наҷот додани ман модарам ба ин никоҳ розӣ шудааст, вале маълум шуд, ки ӯ танҳо дар фикри манфиати худаш будааст ва маро мисли гов ба ин ҷавони калу ланг фурӯхтааст. Занг зада, алами диламро холӣ карданӣ будам, вале модарам телефонашро ҳеҷ набардошт, ки набардошт....
Дар набарди зиндагӣ
Ҳамин тавр аз байн шаш-ҳафт моҳ гузашт ва вақти зоданам фаро расиду ба таваллудхона рафтам. Азбаски шавҳарам одами пулдор ва бо обрӯ буд, табибон маро бисёр хуш қабул карда, дар атрофам парвонавор давр мезаданд. Духтарчаи зебое таваллуд кардам. Гумон доштам, ки шавҳарам ба кӯдак чандон аҳамият намедиҳад, аммо ӯ маро бо гулу гулдастаҳо аз таваллудхона бароварда, ба ман ҳалқаю ангуштарин ва гарданбанди тиллоӣ харида, зиёфати калоне орост.
Одатан фарзанди нахустинро бибиҳо нигоҳубин мекунанд, вале модарам на танҳо ба суроғи ману духтарчаам наомад, балки ақаллан як бор занг зада, табрик ҳам накард. Дар нигоҳубини кӯдак азоб кашидани маро дида, шавҳарам доя киро кард. Акнун Беназирро як зани миёнасоли рус нигоҳубин мекард, ман бошам, рӯзи дароз дар хона нишаста, дилам аз зиқӣ қариб ба кафидан мерасид. Модарам маро бар ивази пул фурӯхта бошад ҳам, мехостам дар ин лаҳзаҳо дар барам бошад, аммо ӯ маро тамоман суроғ намекард. Ҳайрон шуда худ ба худ мегуфтам, ки одамон ҳатто мурдаро ёд карда, гоҳ-ногоҳ ба қабристон ба зиёрати гузаштагонашон мераванд, чаро модарам мани ҳанӯз зиндаро ягон бор ба ёдаш намеоварда бошад?!
“Некӣ”-и пурасрор
Ҳамин тавр аз байн ду сол гузашту духтарчаам якунимсола шуд. Холаи Лайлӣ ба ман маслиҳат дод, ки кӯдакамро ба боғча супурда ба кор бароям. Ба пул эҳтиёҷ надошта бошам ҳам, ақаллан ғубори дилам мебарояд. Шавҳарам ин маслиҳати дугонаи модарамро хуш пазируфта, ба зудӣ дар як беморхона ба ман ҷойи кор ёфт ва ҳуҷҷатҳои Беназирро тахт карда ба боғчаи бачагонаи дар наздикии хонаамон буда супурд.
Дар беморхона ман ба сифати фаррош ду шабонарӯз кор карда, ду рӯзи дигар дам мегирифтам. Корам чандон душвор набуд, ҳамкоронам ҳам одамони хуб буданд. Хурсанд будам, ки холаи Лайлӣ ва шавҳарам ба ман некии бузург карда, чунин ҷойи кори нағз ёфта доданд ва маро аз азоби танҳоию хонашинӣ халос карданд, вале...
Шоми тақдирсӯз
Як шаб дар беморхона якбора ҳолам бад шуда, таб кардам. Ҳамкоронам маслиҳат доданд, ки ба хона рафта дам гирам. Дар назди бинои истиқоматиамон аз таксӣ фаромадам. Хонаи мо дар ошёнаи якум буд ва тирезаҳои зал-меҳмонхона аз ҷониби даромадгоҳ буданд. Суроби чанд нафарро дар меҳмонхонаамон дида ҳайрон шудам, чунки шавҳарам одати ба хона одам овардан надошт. Меҳмонҳояшро ба тарабхона бурда зиёфат медоду аз ҳамон ҷо гусел мекард. Кунҷковии занонаам маро ба пушти тиреза бурд. Оҳиста ба дарун нигаристам ва манзараеро дидам, ки ақлу ҳуши маро рабуд. Дар хона чор нафар машғули айшу ишрати ошиқона буданд ва ман ҳамаи онҳоро хуб мешинохтам. Модарам нимурён, бо мӯйҳои парешон дар сари зонуи шавҳарам нишаста, бо ӯ нӯл ба нӯл буд, дугонаи маккорааш Лайлӣ бошад, оғӯши ҷӯраи ҷонии шавҳарам-Далерро гарм мекард. Чунон масти айши пургуноҳ буданд, ки оламу одам аз ёдашон рафта буд. “Ана барои чӣ шавҳарам маро ба кор монда будааст. Ин ду касофат пешакӣ маслиҳат карда будаанду мани гӯлу гумроҳ хурсанд шудам, ки бароям ҷойи кор ёфта, маро аз ғами танҳоию хонашинӣ халос карданд. Ман ба айшу ишрати онҳо халал мерасондаам, барои ҳамин маро ба кор мондаанд, то ки хона холӣ шуда, дигар касе пишакашонро пишт нагӯяд. Лайлӣ-ку як бегонаи аҷнабӣ аст, вале модарам, модаре, ки маро ба дунё овардааст, бо кадом рӯ ба оғӯши домодаш даромада бошад...”,- мегуфтам худ ба худ ва оби дидагонам мисли борон шорида рӯямро мешуст...
Ғарию пешхезӣ
Дарро ба шатта зада фиғон кашидам, ки кушоянд. Шавҳарам бо дидани ман дасту по хӯрд, ҷӯрааш шарм дошта, суп-сурх шуд, модараму дугонааш бошанд, мехостанд аз худ мусичаи бегуноҳ тарошида маро гӯл зананд, ки гӯё ба хонаи ман меҳмонӣ омадаанд, вале дер шуда буд.
-Беҳуда гап зада маро бештар асабӣ накунед. Ман аллакай ҳамаашро аз пушти тиреза дидам ва ба шумоён нафрат дорам,-гуфтам ба Лайло ва ба модарам рӯй гардонда дод задам:
-Маро фурӯхтанат кам буд, ки боз ин кори ҳаромро кардӣ! Худат, ки ба ин ланг ошиқи зор будаӣ, барои чӣ маро овора карда, ба ин мулки ғарибӣ фиристодӣ?! Мурдани ту барин зан беҳтар аст! Наход дигар мард наёфта ба оғӯши шавҳари духтарат дароӣ?!
-Дамата гир аҷинаи сари мазор, агар ман намебудам, туро бо сағераи ҳаромиат кайҳо мекушанд,-гуфт бо ситеза модарам ва саросема либосҳояшро пӯшиду ҳамроҳи дугонаи маккорааш баромада рафт...
Хулоса, он шаб то саҳар ману шавҳаам ҷанг шуда, кашталканӣ кардем...
Бозгашгт ба Ватан
Саҳар баъди ба кор рафтани шавҳарам сару либоси худу духтарчаамро гҷамъ кардам ва рост ба фурудгоҳ рафта, чипта харидаму ба Ватан баргаштам. Мехостам дар кулбачаи бобою бибиам ҳамроҳи духтарчаам дур аз фисқу фуҷур зиндагӣ кунам, вале аз кулбаи бобоӣ ному нишонае намонда буд. Тағоям онро чаппа карда дар ҷояш хонаи боҳашаммат сохта буд. Бо дидани ману духтарчаам авзои янгаам тағйир ёфт ва ҳатто салоу алейро нася гузошта, дод зад:
-Аз модари фоҳишаат нав халос шуда бедем, боз ту аз куҷо пайдо шудӣ?! Зуд таз ин ҷо дафъ шав, агар тағоят туро бо ин сағераи ҳаромиат бубинад, пӯсаро аз танат меканад! Шумо дигар ба ин хона ҳақу ҳуқуқ надоред...
Янгаам инро гуфту аз китфам гирифта, маро аз дарвоза берун кард. Ашк рӯямро мешуст. Намедонистам бо кӯдаки хурдсол ба куҷо равам. Ягона фикре, ки дар сарам чарх мезад, ин андешаи худкушӣ буд. Барои он ки кӯдакам бесоҳиб намонад, духтарчаамро бурда дар пушти дарвозаи ҷавоне мондам, ки маро ҳомиладор карда буд ва бо чашми гирён ҷониби дарё равон шуам.
Аз болои кӯпрук худро ба об партофтам, бо умеде, ки худо ҷонамро мегираду аз ин зиндагии пур азмакру фиреб халос мешавам, вале мурдан дар насибам набудааст. Ҷисми ниммурдаю нимзиндаи маро одамон аз соҳиби дарё ёфта ба бемористон бурдаанд. Як моҳи дарз дар беморхона хобидам. Ҳар рӯз марди мӯйлабдоре ба беморхона омада, аз ҳолу аҳволам хабар мегирифт ва бароям дорӯю дармон меовард. Баъдтар фаҳмидам, ки он мрад падарам будааст. Баъди аз беморхона баромадан падарам маро ба хонааш бурд. Акнун дар оғӯши падар зиндагии тинҷу осуда дорам. Духтарчаамро низ падарам соҳиб шудааст. Ягона чизе, ки маро нороҳат месозад, нокасии модарам аст. Ман то ҳол ба як савол ҷавоб ёфта наметавонам, ки чаро модарам дидиаву дниста ба оғӯши домодаш даромад? Наход, ки зан то ин дараҷа паст шавад?
Сурайё Рабиева