Arzon march 2024
Дарди дили зани шайтонзада
2595

 

Салом кормандон ва хонандагони сомонаи маъруфу машҳур.  Ман, як зани ба доми шайтон афтида мехоҳам саргузашти талхамро нақл кунам, то ба дигар занону духтарон дарси ибрат шавад ва мисли мани беақл бо дасти худ ба сари бахташон заҳри бадбахтиро нарезанд.

Зани шавҳардор ва соҳиби хонаю дари обод будам. Шавҳарам барои дарёфти ризқу рӯзӣ ҳар сол ба Русия мерафт. Дар набудани шавҳарам тариқи вайбер бо бачаҳои аз худам хурд гап зада, аксҳоямро ба онҳо мефиристодам. Мақсадам танҳо хуш гузаронидани вақт буду халос. Фикр намекардам, ки Худо накарда, ин сир фош шавад, ангуштнамои дӯсту душман мешавам ва ҳаётам месӯзад. Шабу рӯз телефонам дам намегирифт. Мани беандеша чунон ба вайбербозӣ одат карда будам, ки ба хонаам меҳмон ояд, девона мешудам. Худо мегуфтам, ки меҳмон тезтар равад ва ман бемалол бо ошиқонам чақ-чақ карда, ғубори диламро барорам. Шунидани таърифи зебоии ҳусну ҷамолам аз забони мардони бегона ба ман болу пар мебахшид ва худамро малика тасаввур мекардам. Бо мардони номаҳрам гап задан меҳру садоқатро аз дили зан мебурдааст, вақте ки шавҳарам аз Русия баргашт, эҳсос намудам, ки дигар ӯро дӯст намедорам. Як рӯзи шум якбора ду ошиқам ба ман занг заданд, вале аз тарси он ки сирам фош мешавад, гӯширо набардоштам. Шавҳарам шояд аз ранги кандаи ман чизеро пай бурд, ки бо шаст телефонро аз дастам кашида гирифту тугмачаро зер кард. Аз он тараф садои хушдорам Ҷалол ба гӯш расид, ки мегуфт: “Сайёра, чида ай саҳар занг мезанум, телефонта намебардорӣ? Ягонтаи дигар ёфтӣ, ки мора назарут намегира?!”

-Ту кистӣ?-пурсид бо изтироб шавҳарам.
-Аз Сайёра пурс мега, ки ма киюм. Вабшета худут, кии, ки телефони арӯси мая мебардорӣ?-ҳозирҷавобӣ намуд Ҷалол.

-Ман шавҳари Сайёра! Дар куҷо вомехӯрем?-бонг зад шавҳарам.

Ҷалол забон хоида,телефонро хомӯш карду падари фарзандонам занги дуюмро қабул кард. Довуд низ айнан мисли Ҷалол гап зада, тамоми сирру асрори маро фош кард. Шавҳарам мисли мардони дигар девона шуда, маро лагадкӯб накард, дашном надод, доду фиғон бардошта ҳаққу ҳамсояҳоро ҷамъ накард, вай оромона телефонро ба кисааш зада, аз хона баромад ва ду рӯз ба хона наомад. Рӯзи сеюм падари фарзандонам ба хона баргашт ва гуфт, ки дар бадали ду рӯз тамоми паёмаку зангҳои маро хондааст ва дар набудани вай бо киҳо гап задану чӣ номаъқулиҳо карда гаштани маро аниқ кардаасту дигар бо чунин зани бевафо зистан намехоҳад. Гиряву зорӣ карда гуфтам, ки ман бо он ҷавонҳои ношинос танҳо барои вақтгузаронӣ гап мезадам ва бо ягонтоашон муносибати маҳрамона надоштам, вале шавҳарам ба гапам бовар накарда, талоқамро доду маро бо кӯчу бандам ба хонаи падару модарам бурда партофт. Рӯзи дигар вай ба ягон кас ягон чиз нагуфта, чипта харида ба Русия баргаштааст. Хешу табори шавҳарам то ҳол намедонанд, ки мо аз ҳамдигар ҷудо шудем. Дар хонаи падар ҳар рӯз заҳри забони янгаву акаҳоямро чашида истодаам ва сад бор ба худ лаънат мехонам. Вайбербозӣ карда, хонаи бахтамро бо дасти худам оташ задам ва фарзандонамро пеш-пеши пойи янгаву тағо намудам. Ҳоли зори кӯдаконамро дида, ҷигарам аз дард пора-пора мешавад. Тайёрам, ки хоки пойи шавҳарамро бӯсида, як умр ғуломаш шавам, вале хуб медонам, ки падари фарзандонам бисёр марди баномус аст ва худамро зада кушам ҳам, аз гуноҳи мани бадбахт намегузарад. Медонам, ки бо пайдо шудани интернет ва вайберу ватсапу имо хислату хӯйи мардум тағйир ёфтааст ва ман барин занону духтарони беандеша, ки танҳо ба хотири вақтгузаронӣ бо одамони ношинос чақ-чақ мекунанд, имрӯзҳо хеле зиёданд. Ба чунин занҳо гуфтаниям:


Паридани чашм, хоридани гӯшу бинӣ ва дигар ҳолатҳое, ки мо мушоҳида менамоем ба барангезиши мушакҳо дар ҷисм алоқамандӣ дорад.


Хоҳарон ва апаҳои азиз, ақлатонро кор фармуда, бо ҳар марди номаҳрам тариқи вайберу ватсап гап-гап накунед, зеро дар ин дунё ягон розе нест, ки як умр пӯшида монад. Худованд зани хиёнаткорро як рӯз не, як рӯз мезанад. Ман хато кардам, шумо қадам ба роҳи хато гузошта, худро бадбахту фарзандонатонро ба падар зор накунед!

Сайёраи пушаймон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Беном 2019-10-06, 18:08
Рут сафед ношугри чизи хестагиат шавад..худатро дор каш осон мегалтата..
Посух
Тоҳир 2019-10-06, 19:53
Айнан мисли ҳамин мавод дар сомонаи Tajikistantimes. хонда будам шояд ҳамин ҳамон бошад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Беном 2019-10-06, 18:08
Рут сафед ношугри чизи хестагиат шавад..худатро дор каш осон мегалтата..
Посух
Тоҳир 2019-10-06, 19:53
Айнан мисли ҳамин мавод дар сомонаи Tajikistantimes. хонда будам шояд ҳамин ҳамон бошад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД