Давомаш... Қисмҳои як ва дуюмашро дар ин ҷо хонед.
Падарам бо ҳайрат ба ман нигарист. Ман бо маънои “чизе нагуфтаам“ китф дарҳам кашидам. То расидан ба назди дарвозаи зани падарам ҳамагӣ хомӯш будем, ман дар ҳайрат будам, ки чӣ гуна модарам ба хонаи палонҷаш рафтани маро фаҳмида бошад?
Падарам ману модарамро дар мошин гузошта, аввал ба хона даромад ва баъди чанде ҳамроҳи занаш баромад, ин зани накӯхисол модарамро низ мисли хеши наздикаш истиқбол намуд,а барои ӯ низ пойандоз партофту пешаш дастархони пурнозу неъмате орост.
Гулҷамол гирди модарам парвона шуда, “очаҷонаш” меномиду гоҳ дастонашро мемолиду гоҳи дигар пойҳояшро, гоҳ болишташро дуруст мекарду гоҳи дигар меваеро пӯст канда, пешаш мегузошт. Чун шом фаро расиду падарам ба хонаи хобаш гузашт, модарам ману Гулҷамол ва зани падарамро наздаш шинонида гуфт:
- Гулсунбӣ, шавҳари ман туро аз рӯйи ҳавою ҳавас ва мастӣ нагирифтааст, Худо ба мо фарзанд надод.
- Насиб, ки набошад, намедодааст,- гапи модарамро бурид зани падарам.
-Аммо ман мебинам, ки ту дар дилат кинаю кудурат надорӣ, зани порсоӣ, агар шавҳарат ҷавонмарг намешуду бо духтаракат танҳо намемондӣ, ҳаргиз зани дуюм намешудӣ.
Боз дилам ҷиғғӣ кард. Охир, касе дар бораи зиндагии пешинаи зани падарам ба модарам нагуфта буд. Модарам гӯё васият мекарда бошад, дасти палонҷашро ба даст гирифта, ба суханаш идома кард:
- Агар ба ман ягон гап шавад, духтараки маро низ дар қатори духтарат дон. Худо хоҳад, хор намешавӣ,-зани падарам дасти модарамро бӯсида алам кард.
- Апаҷон, садқаи забони ширину бовариятон, аммо Худованд ба шумо сад сол диҳад, ки ҳавасу ормони духтараки ягонаатонро бинед.
ИНЧУНИН, ХОНЕД:
Он шаб мо дуру дароз сӯҳбат кардем, рӯзи дигар падараму занаш ба кор рафтанду Гулҷамол ба мактаб, дар хона ману модарам мондем. Зани падарам дар беморхонае фаррош шуда кор мекард, падарам бошад, дар заводи нон заҳмат мекашид, онҳо модарамро маҷбур карданд, ки то каме қувват гирифтанаш ҳамин ҷо бимонад. Модарам розӣ шуд…
Рози ғалатии модар
Пас аз рафтани ҳама ману модарам сари дастархон танҳо мондем, модарам ба ман аз аёми ҷавониҳою наварӯсияшон нақл намуда гуфт:
- Арӯсаки бачилла будам, як нисфишабӣ ба берун баромада дидам, ки таги чормағзи пири ҳавлӣ кампираки нуроние нишастааст. Хостам аз ӯ авҳол пурсам, вале ӯ мисли дуд ба ҳаво бархост. Аз дидани ин манзара беҳуш шудам. Чун ба худ омадам, болои сарам модараму хушдоманам зор-зор мегиристанду гуфтанд, ки ними шаб маро аз зери чормағз беҳушу ёд ёфтанд. Пас аз ҳамон рӯз ҳар шаб дар хобам ҳамон кампирак медаромад, ки ҳамроҳаш ҷавомарди зебое низ буд. Ӯ маро маҷбур мекард, ки бо ҳамин ҷавон, ки наберааш мешавад, зану шавҳар шавам, ҳамин тавр бемор шудам. Дар олами руъё маро бо он ҷавон тӯй карданду бо ӯ чандин бор ҳамхоба ҳам шудам, вале баъди қасидахонии дуру дарози домуллои машҳур ба худ омадаму дигар шавҳари руъёиям ғамам намедод. Ту дар ҳамон давра дар қадам задӣ, кампирак ҳамеша мегуфт, ки аз шавҳари ту фарзанд намешавад, агар аз дунё бенишон рафтан нахоҳӣ, гапи маро гир. Чун даврони гулдомониямро ҳисоб мекунам, хато намекунам, ки гӯям ту фарзанди ҳамон парӣ ҳастӣ. Пас аз зангирии падарат ҳамон кампирак боз ба хобам даромад, пиру фартут гашта буду зор-зор мегирист, ки наберааш мурдааст. Аз деҳа то ба хонаи мулло омаданамон кампирак ҳамроҳамон дар мошин буд, ӯ ба ман мегуфт, ки фоидаат надорад, ин дафъа теғи аҷал риштаи ҷонатро мебурад. Ба ӯ гуфтам, ки “илтимос, ба духтарам кордор нашав”, ӯ розӣ шуд, вале бо як шарт:
- Ту бояд ҳеҷ гоҳ ба деҳа барнагардӣ. Барои ҳамин ман ба хонаи зани падарат омадаам, худам низ дигар ба деҳа намеравам.
Ман ба гапҳои модарам бовар намекардам, гумон мекардам, ки ӯ аз фарти беморӣ ин суханҳоро мегӯяд, вале….
Давом дорад ...