arzon replenishment
Кӯргиреҳи қисмат (қисми 2)
2083

Давомаш. Аввалашро дар ин ҷо хонед:

Аз зангирии падарам панҷ сол гузашту ҳеҷ не, ки зани наваш барояш фарзанд таваллуд кунад. Дар ин миён модари ғамзадаам ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд, ман ба ин падарамро сабаб дониста, бо ӯ ҷанг кардам, аммо ӯ гуфт:

- Хуморҷон, модарат дар давраи арӯсияш ҳам ба ҳамин беморӣ гирифтор шуда буд. Худ ба худ гап мезад, маро ба наздаш намегузошт, баъд як муллои зур ӯро чилла шинонду дуохонӣ кард ва ӯ шифо ёфт, баъди ба дунё омадани ту бошад, пурра дуруст шуда рафт. Акнун он мулло вафот кардааст, аммо писараш ҳаст, агар гапамро гирад, модаратро назди ӯ мебарам…

Моиндар

Падарам пас аз се рӯзи ин ваъдааш дар деҳа пайдо шуда, ману модарамро, ки хомӯшу бесадо ба як нукта менигарист, ба мошини боркаше шинонда, роҳи хонаи домуллои машҳурро пеш гирифт. Он домулло бобокалону бобоямро мешинохтаасту моро бо эҳтироми зиёде пешвоз гирифта гуфт:

- Бемор ҳафт рӯз дар хонаи мо мемонад, ин ҷо занҳо нигоҳубинаш мекунанд. Духтаракатро гирифта рав, мабодо зиёнаш расад. Падари хастаю афгорам бо илтиҷо ба ман нигариста гуфт:

- Духтарам, дигар мадори ба деҳа рафтан надорам, биё ба хонаи очаи дуюмат меравем, ӯ зани ганда нест.

Он вақтҳо дар синфи нуҳум мехондаму ба баду неки дунё сарфаҳм мерафтам, дилам ба падарам сӯхту бо аломати ризоият сар ҷунбонидам. Пас аз ду соати гарди роҳ хӯрдан, ману падарам пеши дарвозаи кабуди оҳание аз таксӣ фаромедем, рӯйи ҳавлӣ моро зани озодаи сабзинаи дилкаше пешвоз гирифт. Бо дидани ман каме дасту по гум карда бошад ҳам, баъд худро ба даст гирифта бо ханда гуфт:

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ГУЛҶАҲОН: МЕХОҲАМ БАРОИ ФАРЗАНДОНАМ САРПАНОҲЕ ГУЗОРАМ

-Биёен, биёен Хуморҷон духтарам, садқаҳаки хоки пот, чӣ хел шуд, ки тарафои мо омадӣ,-зан ин гапҳоро роҳравон гуфта, ба хонааш даромада аз он ҷо либоси бахмали сабзеро бароварда, бароям пойандоз партофту фарёд кард:

- Гулҷамол, тезтар баро, хоҳарат омад.

Ҳамин дам аз хонаи дигар духтари мавзунқомати ба зан хеле монанд давида баромаду гӯё ман шиноси деринааш бошам, маро ба оғӯш кашида, хоҳарона бӯсид. Дар хонаи зани падарам он қадар меҳрубоние дидам, ки танҳо аз модарам дида будам. Хонаи онҳо дар шаҳраки зебои батартибе воқеъ шуда буд ва хеле тозаю озодаю дилкаш буд.

Рӯзи дигар Гулҷамолу модараш маро мағоза бурда, бароям тоқии заррин ва атласи намози шом хариданд. Гулҷамол ҳамсину соли ман бошад ҳам, дам ба дам “хоҳарҷони ман, ту ин қадар хушрӯӣ» гуфта, маро ба оғӯш мегирифту мебӯсид.

Модараш, ки ман аз дақиқаҳои аввал очааш гуфтам, ба ман мисли модар меҳрубон буду аз аҳволи модарам пурсида, барояш ашк мерехт. Гулҷамол ба ҷону ҳолам намонда, мӯйҳои дарозамро майдбофӣ карду ба пуштам партофт, аммо ман пӯшидани пироҳани атласу тоқии зардузиро рад кардам, зеро модарам бемор буду ба дилам чизе намеғунҷид.

Палонҷҳо

Пас аз як ҳафта ҳамроҳи падарам барои овардани модарам рафтем, ӯ дар назар хурсанду розӣ менамуд ва мисли солҳои сиҳатияш маро ба оғӯш гирифта бӯсид. Ман аз хурсандӣ гиря кардам, падарам ба назди домулло даромада, аз он тараф ким чӣ хел ғамгин баромад. Чун ба мошин нишастем, модарам гуфт:

- Ба хонаи занат меравем, мехоҳам ӯро бубинам. Хумор бо ӯ шинос шуд, ман ҳам мехоҳам шинос шавам...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД