Гулҷаҳон Сафарова имрӯз ҳамроҳи 5 фарзанду 2 набера дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайрон мондааст. Мушкилҳо болои ҳам чун борон ба сараш рехтанду ӯро аз пой афтонданд.
Ӯ, ки худ аз рӯзи тавлид рӯзгори хуб надошт, ҳамеша мехост хушбахт бошаду барои фарзандонаш шароити лозимии зиндагиро муҳайё кунад, вале чархи тақдир дар ин айём ҳам ба муроди дили ӯ начархид.
Қаҳрамони мо соли 1976 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Дар оила панҷ нафар буданду онҳоро модар танҳо ба воя расонд. Вақте ки ӯ ба 18-солагӣ расид, шавҳараш доданд. Ин замон дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошта, замона ноором буд. Давоми 5 соли аввали ҳаёт фарзанд намеёфт. Ин буд, ки писари дорои нуқси ҷисмонии хоҳарашро ба фарзандхонӣ гирифту табобаташ кард ва хумори фарзандро дар ӯ мешикаст. Аммо, баъде, ки кӯдак бузургтар шуд, соҳибонаш омадаву бозпас бурдандаш. Як аламаш сад шуду дигарбора ба кулбори ғам ғӯтид.
Шабу рӯз мегиристу ибодат мекард ва Худоро тавалло, ки барояш фарзанд диҳад. Худованд оҳашро шуниду соҳиби 5 фарзанди нозанин шуд – 4 гулдухтару 1 шоҳписар. Акнун ба хотири онҳо зиндагӣ мекард ва ҳамеша ояи шукр бар лаб дошт, ки аз вартаи ғам раҳид. Аммо, дертар ин хаёлаш хом баромад...
Соли 2009 шавҳараш дучори аҷали саратон шуд ва азбаски онҳо дар хонаи хушдоман зиндагӣ мекарданд, баъд аз 6 моҳи фавти сутуни хонадонаш онҳоро ронданд. Модаршӯ гуфт барояш дигар на келин аҳаммият дораду на набераҳо ва онҳоро ба кӯча баровард. Ягона ҷойи рафташ хонаи модар буд. Аммо, чун модараш бемории қанд дошту чашмонаш намедиданд, келини хона ғурбат мебардошту рӯзаш намедод ва корашон ҳамеша ҷанҷол буд. Ин ҳолати якмаром ба дилаш заду кӯдаконро гирифта, пайи иҷоракобӣ афтод. Якхонагиеро киро карда, ба кор баромад дар як нонпазхона. Рӯздармиён 40 сомонӣ ҳаққи заҳмат мегирифт. Бо ин пул ҳам чархи зиндагиро мегардонду ҳам фарзандонро мехононд.
Ҳамин тавр, ӯ дар хонаҳои мардум фарзандонашро ба воя расонид. Соли 2017 бо ҳазорон ҳавасу армон духтари калониашро ба шавҳар дод. Духарони дигараш ҳам калон шуда буданд. Онҳоро ҳам яке пайи дигар ба хонаи бахташон бурд. Акнун осуда шуд, ки домод дораду духтаронаш соҳибдор шуданд, вале боз ҳам зиндагӣ ба рӯяш шаппотии дигаре зад. Зиндагии духтари калониаш дер давом накард.
ИНЧУНИН, ХОНЕД:
БАХТИННИСО: ОСОРИ ЛАТУ КӮБИ БАЧААМ ТО ҲОЛ ҲАСТ
Бино ба нақли ин модари ҷигарсӯхта, духтараш дигар ба таънаю маломати хушдоману шавҳар тоқат накарда, дучори сил шуд.
“Рӯзе хушдоманаш занг зада, гуфт, ки ба беморхонаи касалиҳои сил равам. Чун расидам, дидам, ки духтарам танҳо нафас мекашад. Табибон ба хулосае омаданд, ки ӯро ба беморхонаи маъруф ба “Мачитон” барем. Инро шунида, хушдоманаш моро партофту рафт ва тани танҳо духтаракамро ба он ҷо бурдам. Тарсидам, ки сиҳат намешавад, зеро дар бораи ин бемор гапҳои безеб мегуфтанд. Аммо, табибон табобати хуб карда, доруҳояшро сари вақт ва ба таври ройгон дода, ҷиддӣ назораташ карданд. Шукр, ки сиҳат шуд ва ҳоло ду фарзанд дораду сеюмашро мунтазир аст. Дар бораи ин беморӣ ҳамааш гап будааст”, - қисса кард ин зан.
Ба нақли зан, ҳар бор хушдоману шавҳараш келинро “шумо бехонаю бедар, дар кӯча калон шудагӣ” гуфта, лату кӯб ва масхара мекарданд. Чун духтар ба ҳамаи ин азиятҳо тоб наовард, шавҳараш бо ишками дам ҷавобашро доду ӯро ба хонаи модараш оварда монд ва дигар суроғаш намекунад.
Ду сол қабл бо миёнаравии як нафари шиносашон онҳо хонаеро дар маҳаллаи маъруф ба “Қаротегин” хариданд. Хона ҷуз чанд девори рехтаву фарсуда чизи дигаре надошт ва нархаш ҳам гарон буд. Аммо, соҳибхона розӣ буд, ки молики нав ҳар боре пул ёфт, оварда, ба ӯ диҳаду дар ин ҷо истиқомат кунад. Ӯву фарзандонаш якҷоя кор карда, андак – андак пасандоз мекарданду онро ба соҳиби хона медоданд. То ин муддат нисфи қарзашро канд. Аммо, чӣ шуд, ки мард пӯстинашро якбора чаппа пӯшида, тамоми пулро хостор шуд.
“Дар наздам шарт монд, ки ё боқимондаи пулро биёр, ё ҷойи нав ёб. На ҳаммом дорему на ҳоҷатхона ва на ошхона. Оҳиста – оҳиста баъзан рехтагиҳояшро таъмир кардем. Борон дар тори сарамон меборад. Аммо, соҳибхона тамоми пулро талаб дорад. Гуфтам, ки зӯрам намерасад, хез мегӯяд. Гуфтам, пули додаамро пас гардон, меравам, вале гуфт мисли худат ҳар моҳ ҳазору дуҳазорат медиҳам. Бо ин ҳол ман ба куҷо рафта метавонам?”,-пурсид ӯ аз мо.
Гулҷаҳон ягона нафаре нест, ки чунин зиндагии пур аз азобу машаққат дорад. Болои ҳамаи ин захмҳо ташхиси табибон ӯро бемор нишон додаву ҷарроҳиаш таъин карданд. Вале, ӯ ҳоло на дар фикри саломатӣ, балки пайи андешидани тадбире барои наҷоти фарзандонаш аз чоҳи ғаму дарди зиндагист. Ӯ умед дорад, ки нафарони дастбахайре кӯмакаш мекунанд, то боқимондаи маблағро дода, дар дами пирӣ соҳиби манзил шаваду барои фарзандонаш ҳадди ақал сарпаноҳе аз худ гузорад.
Аз идора: Онҳое, ки ба ин зан дасти кӯмак дароз кардан мехоҳанд, метавонанд ба суроғаи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Қаротегин рафта, аҳволашро аз наздик бинанд, ё бо ӯ тариқи рақамҳои 909115945 (Душанбе сити ва Алиф дорад) занг зананд.