Formula september
Бахтиннисо: Осори лату кӯби бачаам то ҳол ҳаст
742

Як сокини пойтахт аз мақомоти интизомӣ дархост кардааст, ки қазияи латукӯби писари ноболиғашро аз ҷониби амакаш одилона таҳқиқ кунанд.

Бахтиннисо Иззатуллоева соле пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, ду писари ноболиғашро ба амаку модаркалонашон гузошта, барои кор ба Русия рафта буд.

Аввали моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби яке аз писарони ӯ паҳн шуд, ки хашми зиёди корбаронро овард. Мақомот дар шарҳи ин қазия гуфт, Ширин Аламов, амаки кӯдак, бо иттиҳоми латукӯби ҷияни ноболиғаш боздошт шудааст, ҳарчанд модараш иддао дорад, ки ӯ дар озодӣ қарор дорад.

Ман мехоҳам онҳоро худам тарбия кунам. Аз хурдсолӣ худам онхоро ба воя расондам. Пас аз дидани навораш зуд билет гирифта аз Русия баргаштам. Ҳарчанд хушдоман гуфт, ки ҳамааш хуб аст, оромона корро давом деҳ, мебинам, ки чунин нест”, - гуфтааст Бахтинисо.

Ӯ ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардааст, ки қазияи латту кӯби писарашро одилона таҳқиқ кунанд.

«Ба ман гуфтанд, ки писарам гӯё амакашашро масхара кардааст. Ҳарчанд, худи ӯ инро рад мекунад. Маълум шуд, модаркалонаш ба ӯ таълим додааст, ки агар касе пурсад, гӯяд, ки аввалин шуда, ӯ ба амакаш санг партофтааст. Ахволаш хуб аст ва ягон каҷравӣ дар қазия нест. Амакаш панҷ вақт намоз мехонад ва як духтар дорад”, - қайд кард зан.

Ба гуфтаи хушдомани зан, келинаш набераҳояшро ба парастории онҳо гузошта, ба Русия рафт ва давоми ҳафт моҳ ба фарзандонаш таваҷҷӯҳ надошт. Вай гуфт, ки набераи ноболиғ нисбат ба амакаш беэҳтиромӣ кард. Аз ин рӯ, ӯ маҷбур шуд, ки кӯдакро латукӯб кунад.

Модараш гуфт, то ҳол дар бадани писарбача осори лату кӯб боқӣ мондааст ва писараш ба кӯмаки равоншинос ниёз дорад. “Ман то ҳол барои табобат ва барқароршавии ӯ пул надорам. Интизорам, ки маошамро пардохт кунанд”, - гуфт ӯ.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

АМАК БА ҶОЙИ ПАДАР Ё ДУШМАН?

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳ сокини пойтахт Ширин Аламов ҷойи оне, ки ба фарзанди бародараш падарӣ кунад, ӯро дар назди ҳама бераҳмона латукӯб кард. Навори латакӯби ҷиян аз ҷониби амак хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро бедор карда, онҳо аз мақомот дархост карданд, ки ин марди золим ҷоҳил дастгир шуда, сазои аъмолашро бинад.

Дар навор дида мешавад, ки марди калонсол аз паси кӯдаке дар кӯча медавад ва чун кӯдак қарор мегирад, ӯро бо лағғад бераҳмона мезанад.

Ба зикри корбарони интернет, падари ин кӯдак 7 сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, он ҷо оилаи дигар дорад. Вақте падар зани нав мегирад, модараш ду фарзанди ноболиғро оварда, дар хонаи амакашон мегузорад.

Баъди чанд соати нашри ин навор мақомот даст ба кор шуда, дар натиҷаи санҷиши навори мазкур шаҳрванд Аламов Ширин Арабович, санаи таваллудаш 15.12.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пайрав Сулаймониро дастгир карданд. дастгир карда шуд.

Ба иттилои милитсияи пойтахт, ҳодиса дирӯз, 10-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 18:00 дақиқа, рух додааст. Шаҳрванд Аламов Ширин дар маҳаллаи Сомон-2 ноҳияи Фирдавсӣ, писари ноболиғи бародари худро мавриди латукӯб қарор додааст. Бародари номбурда, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад, аз ҳамсари худ ҷудо шуда, ду фарзанди ноболиғи ӯ зери тарбияи волидайнаш қарор доранд, - навиштааст милитсияи пойтахт.

Ба зикри мақомот, баъди санҷиш Аламов Ширин дастгир карда шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар шакли 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид.

Аз идора: Мо мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда, аз натиҷаи ин шикоят шуморо бохабар мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сифат 2023-06-23, 18:27
Амак ба ҷои падар мегуфтанду
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сифат 2023-06-23, 18:27
Амак ба ҷои падар мегуфтанду
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД