Амаку тағо дар бештари маврид ҷойгузини падар ва дастгири ҷиянҳо мебошанд, вале сокини пойтахт Ширин Аламов ҷойи оне, ки ба фарзанди бародараш падарӣ кунад, ӯро дар назди ҳама бераҳмона латукӯб кард.
Навори латакӯби ҷиян аз ҷониби амак хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро бедор карда, онҳо аз мақомот дархост карданд, ки ин марди золим ҷоҳил дастгир шуда, сазои аъмолашро бинад.
Дар навор дида мешавад, ки марди калонсол аз паси кӯдаке дар кӯча медавад ва чун кӯдак қарор мегирад, ӯро бо лағғад бераҳмона мезанад. Ба зикри корбарони интернет, падари ин кӯдак 7 сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, он ҷо оилаи дигар дорад. Вақте падар зани нав мегирад, модараш ду фарзанди ноболиғро оварда, дар хонаи амакашон мегузорад.
Баъди чанд соати нашри ин навор мақомот даст ба кор шуда, дар натиҷаи санҷиши навори мазкур шаҳрванд Аламов Ширин Арабович, санаи таваллудаш 15.12.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пайрав Сулаймониро дастгир карданд. дастгир карда шуд.
Ба иттилои милитсияи пойтахт, ҳодиса дирӯз, 10-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 18:00 дақиқа, рух додааст. “Шаҳрванд Аламов Ширин дар маҳаллаи Сомон-2 ноҳияи Фирдавсӣ, писари ноболиғи бародари худро мавриди латукӯб қарор додааст. Бародари номбурда, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад, аз ҳамсари худ ҷудо шуда, ду фарзанди ноболиғи ӯ зери тарбияи волидайнаш қарор доранд”, - навиштааст милитсияи пойтахт.
Ба зикри мақомот, баъди санҷиш Аламов Ширин дастгир карда шуда, бо мақсади пурра муайян намудани сабабу омилҳои мавриди латукӯб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Аз идора: Мо мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда, ҳамроҳ бо коршиносони ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқшинос, равоншинос ва руҳонӣ омилҳои ин вазъиятро баррасӣ мекунем.