arzon replenishment
Кӯргиреҳи қисмат
2185

 

Ман дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба дунё омадаам. Мардуми ин деҳаи ниҳоят зебоманзарро солҳои панҷоҳуми асри пор ба водиҳо муҳоҷир кардаанд. Танҳо бобокалону бибикалони раҳматии ман аз он ҷо дил канда натавонистанду ҳамин макони баъд аз муҳоҷирати сокинонаш вайронаро ба худ ватан интихоб намудаанд.

Чор нафар фарзанди болиғи онҳо ҳамроҳи бародарашон, ки соҳиби зану фарзанд буд, ба водиҳо кӯч бастанду танҳо бобои ман фарзанди хурдияшон бо онҳо дар ин гӯшаи биҳиштосои беодам монд. Бобокалонам худаш аз илми муосиру динӣ бархӯрдор будаасу писарашро дарс дода, саводнок мекунад ва бобоям баъдҳо чун яке аз донандагони хуби дини мубини ислом байни мардум муаррифӣ шуда буданд.

Чун бобои ман ба камол мерасад, кам ҳам бошанд, мардум ба диёри бобоӣ рахти сафар мебанданд ва дар деҳаи мо низ чанд нафар оила пайдо мешавад. Мардум бо қувваи худ роҳҳо мекушоянд ва бобокалонам бо хурсандӣ духтареро аз ҳамин хонаводаҳои навомад, ки ба эшон риштаи хешутаборӣ доштанд, ба бобоям хостгорӣ карда, келинро ба хона меоранд.

Баъдҳо масъулин хато будани вайрон намудани деҳаҳои кӯҳистонро фаҳмида, ба мардум иҷозат медиҳанд, ки хоҳиш дошта бошанд, ба деҳаҳои бобоии худ кӯч банданд. Ҳарчанд хоҳишмандон бисёр набошанд ҳам, чун ман худро шинохтам, дар деҳаи кӯҳманзари зебое волидайнам зиндагӣ мекарданду бибиям ин ҳамаро бароям чун афсона ва сабақи қисмат нақл намуданд.

Якдонаи гулдона

Падари ман писари калонии бибию бобоям буданду пас аз хонадор намудани амаки хурдиям мо ба хонаи навамон кӯч бастем. Дар оилаамон ман яккадухтар будам, аз рӯзе худро ёд дорам, ноздонаи бибию бобо ва амаку аммаҳоям будам, вале баъд…

Бибию бобоям дар ҳамсоягии мо мезистанд, амаку аммаҳоям низ, баъди каме калонтар шудани ман ҳамеша дар хонаи мо ғурбат буд. Гоҳ бибиям омада, бо падарам ҷангу ҷанҷол мекарданд, ки “бо ҳамин зани «яккаснд» (ба қавли бибиям дар дунё занҳое мавҷуд будаанд, ки қудрати фақат як фарзанд таваллуд карданро доранд ваин гуна занҳоро ҳамингуна ном мебурд) умратро хазон кардию кош боз фарзандаш писар бошад. Ин духтар фардо шавҳар карда мераваду ту мемонию чор девори қоқ, зан гир!” мегуфт.

Шумо намедонед, ки баъд аз ин ташрифҳои пайвандони падарам бо ман чӣ ҳолат рӯй медод. Ман ду амма ва ду амак доштам, бибию бобои модарӣ ва тағоҳоям аслан ба зиндагии мо кор намегирифтанд, як тағоям бошад, ба модари аз ҷабри хешони шавҳар гириёнам амр медод, ки “розӣ шав то шавҳарат аз болоят зан гирад”.

Як аммаам бо модарам дӯст буд ва ӯро намеранҷонд, як рӯз ӯ ва модарам бо ҳам чӣ маслиҳате карда, маро бо меҳрубонӣ наздашон ҷеғ зада, ба доманам қанду қандалоти зиёде рехтанд ва яке кафи поям сахт сӯхт ва дигар чизеро ёд надорам.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

ҶОДУГАРИ ҒОРАТГАР ҚИСМИ 2

Баъди ба худ омадан фаҳмидам, ки кадом фолбине ба аммаам маслиҳат додааст, ки агар пошнаи пойи яккадухтари акаатро сузонӣ, аз пасаш фарзанди дигар ба дунё меояд. Вақте ба ҳуш омадам, модарам зор-зор мегиристу захми поямро мебаст, падарам бошад, аммамро сахт сарзаниш мекард, ки наход бо кӯдак ҳамин гуна муносибат намоӣ!

Амри волидайн

Ман он вақтҳо дар синфи дуюм мехондаму як моҳи дароз бо модараму аммаам гап назадам. Падарам худаш бо меҳрубониҳои зиёд, гули ман, булбули ман гӯён, захмамро мебасту бо ман шӯхию бозӣ мекард. Аммо оқибат таънаҳои хешу табораш ба падарам кора карданду ӯ бевазанеро аз водӣ, ҷое, ки амаки калониям бо аҳли оилааш зиндагӣ мекарданд, ба никоҳаш даровард. Ин зан аз никоҳи пешин як духтар доштааст, медидам, ки модарам чӣ қадар азоб мекашад…

Падарам дар як моҳ як бор ба хона омада, барои мо маводи хӯрданӣ меоварду боз ба назди занаш бармегашт, маро дӯст медошт, вале бо модарам қариб бегона шуда буд. Модари ҳунармандам ба дастгирии падар ниёзе надошт, зеро ӯ шабу рӯз аз сари мошина нахеста, дарзу дуки мардумро медӮхту ризқи ману худашро меёфт. Аммо омадани падарамро интизорӣ мекашид.

Ман дар бадбахтии модарам худамро гунаҳгор карда, ба гапҳои бибиям дар бораи шумқадамиям бовар мекардам. Модари гул барин зебоям бошад, сари маро ба сандуқи синааш зер карда, хомӯш ашк мерехт, дар чашмони ӯ андӯҳи бузурге лона карда буд...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД