Борҳо бо одамоне, ки аз нодориву камбағалӣ даст ба корҳои ношоиста задаанд вохӯрдам, аммо ҳеҷ боварам намеомад, занеро дучор меоям, ки бо вуҷуди сарватманду доро будани шавҳараш даст ба корҳои ғайришаръӣ мезанад…
Бародари азим корманди фурӯдгоҳи ҳавоӣ буду барои додараш низ кори хубе пайдо кард. Азимро зуд ба кор гирифтанд, зеро ӯ механик шуда кор мекард. Азим дарав мавқеъи худро дар коргоҳ пайдо кард. Ҷавони хушгапу дидадаро буд ва ҳамкорон эҳтиромаш менамуданд. Солҳо кор карду дар назди собиқ фурӯдгоҳи кӯҳна дар ошёнаи шашуми бино хона харид.
Онҳо ба хонаи шаҳрашон омаданӣ шуданд, аммо модари азимро муҳити шаҳр хуш наомад, хусусан ҳоҷатхонааш. Ӯ аз писараш хоҳиш намуд, ки ӯро ба деҳа бараду фарзандони калониро бо ӯ гузорад ва худаш бо зану бачагони хурдсолаш инҷо монанд. Азим розӣ шуд. Онҳо ҳар рӯзи якшанберо дар деха мегузаронданд. Зани азим бо ҳамсояҳои наваш шиносо шуд, аммо миёни онҳо марде зиёд ба ӯ таваҷҷӯҳ мекарду ба хонаашон зуд-зуд меомадагӣ шуд. Азим, ки дар деҳа бо ҳамсояҳо чун хоҳару бародар буд, аз нияти бади мард воқиф нагашт ва занаш ҳам ҳамеша хушнудона ӯро пешвоз мегирифту дар вақти набудани азим низ ӯро ба хона роҳ медод.
Дар натиҷа мард ҳамаи зиндагиву хонаву дари онҳоро мушоҳида карда, ниҳоят худро ба зан наздиктар кардан гирифт. Аввал ӯ ба хонадони онҳо ҳар гуна кӯмаки молӣ мекард ва боре зан аз ӯ пули қарз пурсид. Азим баъди харидани хона ногаҳон бепул монду зани пулбозаш дигар тоқат накарда, аз ҳамсоя пул пурсид, зеро ин ҳамсоямард худ ҳар бор таъкидан мегуфт, ки ба онҳо чӣ хел ёрдаме лозим бошад, ба ӯ муроҷиат кунанд.
Мард хурсанд шуда, як бандча садсомонаро назди зан гузошт. Зани азим аз чунин муомилаи нек ҳайрон шуда, каме худро гум карду ниҳоят "ба ман ҳамагӣ 200-300 сомонӣ ёфта диҳед бас аст", гуфт.
Мард ду садсомонаро ба таври қарз ва дутои дигарашро ёрдампулӣ аз ман ба фарзандонат гӯён ба дасти ӯ дод. Ҳамин тавр зан беандешона ва дилпурона пулро сарф кардан гирифт. Марди ҳамсоя боре дар набудани азим ба хонаи онҳо омада, пули қарзашро пурсид. Зан каме суст шуда,гуфт: - ако, охир ман нав як ҳафта шуд, ки пул овардаам, ҳоло азим маошашро нагирифтааст. Ҳамин ки маош шуд, аввал қарзи шуморо медиҳам. Хоҳиш мекунам, камеи дигар сабр кунед!
Мард асабӣ шуда гуфт: - янга, ман ҳам намедонистам, ки соҳиби пул ба ин зудӣ аз ман пулашро мепурсад, охир ин пул аз ман неву чун амонат дар дасти ман буд ва тӯлли 4 сол нав ба суроғаш омадааст. Зан саргаранг шуд. Гиря мекарду аз ҳамсоямард бахшиш мепурсид, ки ин пулро дарҳол гардонда наметавонад. –ин тавр бошад, бегоҳ аз шавҳарат мегирам, гуфт мард ва пушташро гардонда, рафтанӣ шуд. Зан дарҳол аз дасташ дошта, хоҳиш кард, ки дар ин бора шавҳараш бояд надонад.
Ҳамсоямард, ки ин лаҳзаро интизор буд, дарҳол занро ба оғӯш кашиду ин тавр бошад ин сир миёни ману ту мемонад ва ҳам ба ту ҳар вақт, ки хоҳӣ пул медиҳам гуфт. Ва дарҳол занчираи дарро маҳкам карду дигар занро ҳатто даҳон кушодан намонд.
Баъди ба мақсад расидан хандону хурсанд аз хона баромада рафт. Зани соддаву нодони деҳотӣ хапу хомӯш монд, зеро аз дасташ кори дигаре намеомад. Марди маззахӯрак шуда, ҳар вақте ки мехост берабт омаду рафт мекард. Ин рафтори ӯро ҳамсояҳо низ мушоҳида карданд ва ба азим гӯшрас намуданд.
Азим худро ноҳинҷор ҳис кард, бовар карда наметавонист, ки занаш бо нӯҳ фарзанд ба чунин кор даст зада бошад. Аз байн чанд ҳафтаи дигар гузашту азим ба хонадони онҳо зиёд ва баҳудаву беҳуда равуо кардани ҳамсоямардро мушоҳида намуд. Бинобар ин барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия бардурӯғ ба коргоҳам меравам, гуфт ва афзуд: -имрӯз маҷлис дорему дертар меоям.
Хӯроки нисфирӯзиро ҳам бе ман хӯред. Ӯ каме бо писарчаи хурдӣ бозӣ карду баромада рафт. Вале дур нарафт, худро дар ҷойе пинҳон намуд. Ӯ бо чашмони худ дид, ки ҳамсоямард дуздона ба хонаи ӯ даромаду дергоҳ набаромад. Азим оҳиста дари хонаро бо калид кушод ва ӯ низ ба хонаи худаш мисли дузд даромад. Дари хонаи дарун қулф буду кӯдакон дар даҳлез бозӣ доштанд. Азим зуд табарро оварда, дарро шикаст ва аз сурохии дар ҳардуро дида тавонист, ки саросема либос мепӯшиданд. Аз ҳама бадтар дар рӯзи равшан халаташро ба тани марди бегона дида, дуд аз димоғаш баромад. Дигар ба онҳо коре нагирифту модарро хабаргирӣ рафт ва ҳамаашонро ба хонаи шаҳраш овард.
Якҷоя нишастанду ба онҳо аз рафтори занаш ҳикоя намуд. Зан хиҷолат кашида менишасту рангу рӯи модари азим дигаргун мешуд. Азим ба модар гуфт, ки хотири фарзандонам хонаро ба ӯ медиҳаму худ ба деҳа меравам. Аммо модар намехост, ки фарзандонаш ҳамроҳи зан биистанд. Ду духтари қадрасаш модарро интихоб намуданду писарон бо бибиашон ба деҳа рафтанд…
Аз байн ду сол гузашт. Яке аз ҳамкорон барои азим духтари холаашро, ки синнаш ба 27 расида буду ҳанӯз оила бино накарда буд, хостгорӣ намуд. Азим хост, ки зани навашро ба хонаи модар бубарад, аммо модари аз келин дилмондашуда ба ин чиз роҳ надод.
Азим ба хушдоманаш гуфт, ки модарам розӣ несту баъди муддате ман сороро ба хонаи модарам мебарам. Ҳоло, бигузор бо шумо бошад. Ба бахти азим соро зани хубу фармонбардор ва амонатнигаҳдоре буд, нисбати азиму фарзандон ва модараш меҳрубонӣ нишон медод. Бо мурури вақт модари азим сороро худ ба хонадонаш бурд, аммо духтарони азимро, ки ҳамроҳи модар буданд наҷот дода натавонист. Онҳо низ ба роҳи модар рафтанд.
Соро худ аз азим ду писар дорад, аммо духтару писарони азимро зиёд дӯст медораду ба қарибӣ келиндор мешавад. Азим зани хубу зиндагии тинҷ ва модари меҳрубон дошта бошад, ҳам дигар мисли пештара хушгапу шӯх нест, баръакс хеле мулоиму сархам аст. Шояд ӯро ояндаи ду духтари бо хуни ҷигар парваридаи модараш ғамгин месозад…