Sebiston new 2024 october
Хунрезӣ дар сарҳад
2712

Субҳи 18 декабр дар марзи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон байни сокинон занозанӣ рух додааст.

Ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, дар ин занозанӣ 5 нафар, аз ҷумла хонандаи синфи 8 Умедҷон Сафаров ва имоми масҷиди ин деҳа Содиқбой Набиев ва як корманди милисаи Қирғизистон ҷароҳат бардоштаанд. Се сокини Сомониёнро дар бемористони Исфара бистарӣ кардаанд. Табибон гуфтанд, ки Умедҷон Сафаров дар натиҷаи латтукӯб ва Асрорхон Асадзодаи 23-сола ва Содиқбой Набиеви 59-сола дар натиҷаи сангпартоӣ маҷруҳ шудаанд. Дар 4 рӯзи охир ин алакай муноқишаи сеюм дар марзи Сомониён бо Кӯктош мебошад. Сабаби асосӣ ин моҷаро аз барои қитъаи замин мебошад ,ки муайян кардани минтақаҳои ҷудошудае сарҳади дар байни кишварҳо имконнопазир аст.

Бознашр аз сомонаи Akhbor.com ва РИА Новости

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД