Холиқов Тошмирзо, сокини деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор ба идораи сомонаи Оила муроҷиат намуда, аз он шикоят намуд, ки қариб як сол боз дар ба дари беморхонаҳо сарсону саргардон аст, аммо ҳеҷ ба дарди фарзандаш даво ёфта наметавонад.
Ба қавли ин мард як хатои табибони тоҷик духтари 28-солааш Холиқова Барноро ба гирдоби дарди ҷонсӯзе гирифтор намудааст. Қариб як сол мешавад, ки Барно бар асари ин дарди ҷонгудоз на шаб хоб дорад, на рӯз орому қарор.
Беҳтараш биёед дарди дили ин падари ошуфтаҳолро аз забони худаш бишнавем.