Arzon march 2024
Кампири 70-сола духтарча зоид
1903
Раҷо Девии ҳинду дар 70 солагӣ аз мӯйсафеди 72-солааш фарзанд таваллуд карда, ҳамчун модари пиртарини дунё ном баровард. Бояд гуфт, ки Раҷо замони 12 солагиаш бо ҷавони 14- сола издивоҷ намуда бошам ҳам, муддати 58 сол кӯдакдор нашуда буданд. Ҳомиладории Раҷо Деви бо кӯмаки амалиёти тиббии ЭКО ба вуқуъ пайвастааст. Зану шавҳар барои аз ин намуди хизматрасонӣ баҳравар гаштан тамоми чорвову ғаладонаашонро фурӯхтанд. Кампиру мӯйсафеди хушбахт хеле хуб медонанд, ки бо сабаби пир буданашон чӣ тавр ба камол расидани духтарашонро намебинанд, вале пушаймон нестанд. Мӯйсафед мегӯяд, ки дар 70-солагӣ таваллуд кардан гуноҳ нест, балки то ин замон фарзанддор нашудан гуноҳ аст.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД