Новобаста ба тамоми чораҳое, ки дар самти пешгирии садамаҳои автомобилӣ андешида мешаванд, рӯзе нест, ки беэҳтиётии ронандагон ҳангоми идора намудани нақлиёт боиси сар задани ягон ҳодисаи нохуш нагардад.
Саросемагӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ садҳо касонро захмию маъюб гардонида, боиси марги даҳҳо одамони бегуноҳ мегардад. Боз як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок ба вуқуъ пайваста, ҷони ду танро рабуд...
Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД рӯзи 15-уми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 09:30-дақиқаи субҳ дар натиҷаи ба садама дучор гардидани автамашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Шералӣ Норбоевич ва Раъно Одилова ҳалок гардидаанд. Дар хабар омадааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Шералӣ Норбоев, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштиҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошин ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Мусофири дохили автомашина Шамсиева Раъно Одиловна, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшан дар ин садмаи маргор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Беэҳтиётии роннада натанҳо ба сари мусофир бало овард, балки риштаи ҷони худи ӯро низ барканд. Комилов Ш.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.