Ҳалокати одамони бегуноҳ дар садамаҳои нақлиётӣ вақтҳои охир ба мавзӯи доғи ҷомеаи мо табдил ёфтааст.
Новобаста ба ҳама таъкидҳои кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар боби эҳтиёт шудан ҳангоми ҳаракат дар роҳ то кунун ронандагоне ёфт мешаванд, ки баробари ба сари чамбарак нишастан оламу одамро аз ёд бурда, худро шоҳу табъашоно вазир мепиндоранд. Ғуруру такаббур ва худнамоии чунин ронандагон аксаран боиси зери хатар мондани ҳаёти дигарон гашта, билохира саёҳат бо мошин бо фоҷиа анҷом меёбад. Сар задани се садамаи марговари нақлиётӣ дар як рӯз делели равшани ин гуфтаҳост.
Рӯзи 4-уми феврал сокини ноҳияи Дӯстӣ, Ҷумъахон Ҳабибов, ки дар сари чамбараки мошини тамғаи “Опел –Вектра” нишаста буд, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Вахш аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада ба мошини дигари тамғаи Опел-Вектра”-и таҳти идораи Миралӣ Эмомов қарор доштааст, бармехӯрад. Дар ин садамаи марговар ҷавонзани бегуноҳ Соҷида Ҳабибова захмҳои вазнин бардошта ба хуни худ оғӯшта гашт ва дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд.
ФАВРӢ: ДАР ДАНҒАРА ДУЛАН СЕ МОШИНРО БА ҶАР АНДОХТ (АКСҲО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)
Дар ҳамин рӯз боз як садамаи хунини дигар дар Вилояти Суғд ба вуқуъ пайваста, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Зокиров Фирӯз Иззатуллоевич, соли таваллудаш 1986 дар назди беморхонаи шаҳри Истаравшан пиёдагард Ҳакимова Шаҳодатро пахш намудааст. Дар натиҷа ин зани 60-сола ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба ҳалокат расид.
Ҳамин тавр беаҳамияти ронандагон дар сари чамбараки мошин ҷони боз 2 нафари дигарро дар Конибодом рабуд. Тахминан соатҳои 15:40-дақиқаи рӯзи 4-уми феврал ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Раззоқов Абдуразоқ Шуҳратович, соли таваллудаш 1999 дар роҳи нақлиётгарди «Деҳмой-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», ки таҳти идораи ронанда Хусейнов Мираҳмад Ҳасанович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Исфара қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Раззоқов А.Ш. ва мусофираш Раҳимов Меҳровар Ҷумаевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расиданд. Мусофири дигари автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Улмасов Абдулҳак, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Мо бори дигар аз тамоми ронандагон хоҳиш менамоем, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.