Тақрибан як соат пеш дар шоҳроҳи Данғара –Душанбе, дар масири мавзеъи Себистон садамаи даҳшатовар рӯх додааст.
Ронандаи мошини боркаши Дулан ҳангоми ҳаракат аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, яку якбора ба се мошини тамғаи Опел Астра бархӯрдааст.
Як шоҳиди ҳодиса ба хабарнигори сомонаи Oila.tj Шабнам Тоҳирӣ бидуни овардани ному насабаш гуфт: Вақте ки мо аз роҳ бо мошини худамон мегузаштем, бо чашмони сарамон дидем, ки Дулан ба мошинҳои тамғаи Опел –Астра якбора бархӯрда, ба қаъри ҷарӣ сарозер шудаанд. Зуд аз мошин бадар шуда, дидем, ки ронадагон ва мусофирони ин мошинҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд ва эшонро зуд ба мошинҳои роҳрав шинонда ба самти беморхонаи наздиктарини шаҳри Данғара интиқол намудем.
Шумораи нафарони ҷароҳат бардошта ва ба ҳалокат расида то ҳол маълум нест, чунки онҳоро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода буданд. Чанд дақиқае, ки мо дар ҷои садама будем, наҷотдиҳандагон кушиш карда истода буданд, ки мошинҳои ба ҷарӣ афтидаро ба берун кашанд"-гуфт дар идома сӯҳбат ин шоҳиди ҳодиса.
Аз тамоми ронандагони кишвар хоҳиш мекунем, ки дар фасли зимистон қоидаи ҳарақати роҳро риоя намуда, ба ҷони худу наздиконашон хатар эҷод насозанд.