Formula september
Аспи ҷавмаст човандозро кушт
22.01.2020
Р. Азимӣ
5279

 Бузкашӣ яке аз бозиҳои маъмул ва машҳури миллати тоҷик буда, мардум онро бо шавқу завқи бепоён тамошо мекунанд. Дар шаҳру навоҳии водии Ҳисор мухлисони ин бозӣ хеле зиёданд.

Новобаста ба фаслҳои сол дар ин минтақ тез-тез мусобиқаи бузкашӣ барпо мешавад. Ҳафтаи ҷадид низ човандозони машҳур дар ноҳияи Шаҳринав гирд омаданд, то ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд, аммо ин дафъа бозӣ бо фоҷиа анҷом ёфт. Ба ҷойи буз дар ин бозии пуршӯру шар яке аз човандозони машҳури водии Ҳисор Нусратулло Сафаров қурбонӣ гашт... Абдуҳалим Алиев, яке аз сокинони ноҳияи Шаҳринав дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Oila.tj РустамАзимӣ ин ҳодисаи хунинро шаҳр дода, чунин гуфт: -Ба сардиҳои зимистон нигоҳ накарда, ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар водии Ҳисор мусобиқаи бузкашӣ барпо мешавад. Ба тамошои ин бозии шавқовар натанҳо аз Ҳисору Шаҳринаву Турсунзода, балки аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон низ мухлисони зиёде меоянд. Нидоҳои шавқангези тамошобинон ба човандозон нерӯи тоза мебахшад ва барои ғолиб омадан дар ин мусобиқа тамоми ҳунару маҳорати худро сарф менамоянд. Бадбахтона, ин ҳафта бузкашӣ ба мотам табдил ёфт. Пойи яке аз човандозони машҳури минтақаамон Нусратулло Сафаров дар айни авҷи бозӣ ба узангуи асп дармонда, дигар ҷонварро идора карда натавонист. Аспи ҷавмаст ин човандози 32-соларо рӯ-рӯйи замин ба масофаи беш аз 100 метр кашола кард ва дар фарҷом ба дарахти дӯлона бурда зад. Бо дидани ин манзараи ваҳшатангез тамоми мухлисону иштирокчиёни бозӣ ба даҳшат афтиданд. Ҳамакаса ба имдоди ҷовандоз давидем, вале аллакай кор аз кор гузашта, акаи Нусратулло дар хуну халаф тар шуда буд. Аз гардани ин човандози номӣ хун фаввора зада мерехт. Бачаҳо зуд мошин киро карда ӯро ба беморхона бурданд, аммо баъди чанд лаҳза хабар расид, ки акаи Нусрат дар роҳ ҷон ба ҷонофарин супурдааст...

Ёдрас мешавем, ки Нусратулло Сафаров яке аз човандозони машҳури водии ҲИСОР ба шумор рафта, ҳамагӣ 32 сол дошт.


Дурахшони Ортиқ ҳангоми ҷодугарӣ дастгир шуд? (Видео)


Аз ин паҳлавон се фарзанди хурдсол ятим монд. Ҷанозаи човандоз дар зодгоҳаш, деҳаи Қади ҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав барпо гашта, аҳли оила, хешу табор ва ёру дӯстони сершумораш бо нолаҳои зор ҷисми дар хун оғӯштаи Нусратуллои шаҳидро дар оромгоҳи деҳа ба хок супурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД