Хона, утоқ
Хона дар хоб нишонаи бехатарӣ аст. Рафту шахси хонаро хобдида муҷаррад бошад, пас ин нафар издивоҷ мекунад. Мегӯянд, ки нафаре худро дар хонаи тозаву бароҳат хоб бинад, ба биҳишт меравад.
Шартнома
Шартнома бастан дар хоб шаҳодати фоида ба даст оварданро дорад.
Асп
Асп дар хоб рамзи пешравӣ ва шуҳрат аст. Дар хоб аспи сафеди дар пешонияш ситорачаи сафеддоштаро зин зада савор шудан, маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида боқимондаи умри худро бо шодиву нишот сипарӣ месозад. Дар хоб аспро аз дур дидан нишонаи хабари хуш шуниданро дорад. Нафаре, ки дар хонаи худ аспи фавтидаро хоб бинад, худаш реҳлат менамояд. Шахсе, ки дар хобаш ба аспе мешинад, вале онро идора карда наметавонад, гуноҳ содир мекунад. Ҳар қадаре инсон дар хобаш аспро бо душворӣ идора намояд, ҳамон андоза бештар гуноҳ содир мекунад. Аспи сафед рамзи ғолибият бар душманон ва раҳо ёфтан аз бадбахтиву мусибат аст, зеро аспи фариштагон ранги сафед доранд. Дар хоб аспи чарсро зин задан, аз пеш омадани ҳодисаҳои нохуш дарак медиҳад. Нафаре, ки дар хоб дар аспи болдор мепарад, дар ин дунёву он дунё соҳиби иззату икром мегардад.
Каланд кардан
Дар хоб заминро каланд кардан маънои аз худ намудани илму донишро дорад ва эҳтимол шахси чунин хобдида ба саволҳои худ посух пайдо мекунад. Аз замин мурда ёфтан маънои ҳосил ёфтани ниёзҳои худ аст. Замин каланд кардан дар хоб ҳамзамон ифодакунандаи он аст, ки ба наздикӣ чизе меёбед.
Найза
Найза дар хоб нишонаи ҷанг, душманӣ ва муноқиша аст. Баъзе уламо бар он ақидаанд, ки найза дар хоб рамзи ҳақиқат аст, тоифаи дигар дар хоб дидани найзаро нишонаи сафари бебарор мешуморанд. Ҳамзамон найза хоб дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида ба наздикӣ бародар ё писари худро мебинад. Бо найза касеро задан маънои ӯро бадном карданро дорад. Найзаи шикаста маънидодкунандаи бемории бародар ё писар аст.
Киштӣ
Киштӣ дар хоб аксаран ба маънии наҷот ва наздик шудан ба ҳокимон аст. Дар баъзе ҳолатҳо киштӣ маънои ғаму андуҳеро дорад, ки зуд мегузарад. Нафаре, ки дар хобаш вориди киштии дар баҳр истода мегардад, вобаста ба андозаи киштӣ ва то кадом андоза вориди киштӣ гаштан маънидодкунандаи он аст, ки шахси чунин хобдида ба ҳокимон ҳамон андоза наздик мегардад, вале баъдан аз эшон ҷудо мешавад. Рафту дар хоб ба киштӣ об дарояд, пас ин беморӣ ва ғам аст ё маънои ба маҳбас афтидану ба зудӣ халос шуданро дорад. Дар хоб аз киштӣ берун шудан маънои аз ғам ба зудӣ раҳо шуданро дорад. Киштиро дар хушкӣ хоб дидан маънои ғаму андуҳи зудгузарандаро дорад. Рафту нафаре дар хоб киштиро ба сӯи худ равон бубинад, мушкилаш ба зудӣ осон мегардад. Киштӣ дар хоб барои нафаре, ки дар дил тарсу ҳарос дорад ё бемор асту аз мушкиле азият мекашад, роҳи наҷот аст. Ба киштӣ бо зоҳидон нишастан маънои ба роҳи рост рафтанро дорад. Рафту бо аҳли оилаи худ ба киштӣ ворид гардад, ба бузургиву ҳашамат расида, баракат ба даст меораду аз душманони худ раҳо меёбад. Хоб дидани киштии шикаста нишонаи бад аст. Дар киштӣ сӯрохӣ ё тарқиш хоб дидан маънои аз офате наҷот ёфтани нафаронеро дорад, ки дар киштии мазкур ҳузур доранд.
Қуръон
Қироати Қуръон дар хоб нишонаи эҳтиром, хушнудӣ аз Оллоҳ ва ғолибият аст. Нафари беморе, ки дар хобаш қироате аз Қуръон кунад, шифо меёбад. Нафаре, ки дар хобаш китоби Қуръонро пора-пора мекунад, он нафар бе имон аст. Рафту нафаре дар хоб мувофиқи фармудаи Қуръон амал кунаду дар бедорӣ аз чунин аъмол даст кашад, пас имонаш заиф аст. Дар хоб дар дасти худ Қуръонро қапидан маънои аз худ намудани донишу қудратро дорад, рафту нафари беморе Қуръонро хоб бинад, шифо меёбад. Дар чунин хоб оятеро, ки мешунавед, ояти меҳрубониву шафқат бошад, пас хабари хуш мешунавед. Рафту ояти дар хоб шунида ҳушдор аз ҷазо гирифтан бошад, пас чунин хоб ҳушдоркунандаи он аст, ки шахси хобдида гуноҳе содир мекунад ва ӯро ҷазо интизор аст. Чунин хоб даъват ба шустани гуноҳҳои инсоне аст, ки дар гуноҳ ғӯтидааст ё ҳанӯз ҳам ба роҳи хато меравад. Нафаре, ки дар хобаш Қуръонро буро ва зебо қироат мекунад, дар ҳама кор муваффақ мегардад. Дар хобе, ки инсон нисфирӯзӣ Қуръон қироат мекунад, маънои онро дорад, ки ин нафар ба роҳи дуруст раҳсипор аст. Нафаре, ки Қуръони ҳарфҳояш нофаҳморо мутолиа менамояд, барои гуноҳҳои содирнамудаи худ тавбаву надомат мекунад. Қироати Қуръон дар хоб шаҳодати онро дорад, ки шахси қироаткунанда аз афроди бе имон муҳофизат карда мешавад. Агар нафаре хоб бинад, ки Қуръонро зери сари худ монда хоб меравад, ин нафар ба амалҳои нораво даст мезанад. Қуръонро ба дасти рост гирифтан дар хоб ба некӣ аст, ба касе баргардонидани Қуръон аз коре пушаймон шудан аст. Шахсе ки дар хобаш дар либоси худ пораҳои аз Қуръон навишташударо мебинад, ин нафар диндори сахт, хеле мазҳабӣ аст. Рафту навиштаҷот дар дасти чапаш бошад, пас ин нафар ба аъмоли бад даст мезанад. Нафари беимонро дар хоб бо китоби Қуръон ё китоби дигари арабӣ хоб дидан маънои пеш омадани нобарориро дорад. Шахсе, ки дар хобаш Қуръонро мегираду мутолиа намекунад, ба наздикӣ соҳиби мерос мегардад. Нафаре, ки дар хобаш Қуръони дастнависро мутолиа мекунад, маънои онро дорад, ки ин нафар ҳикмати китоби мазкурро аз худ намуда, ҳамзамон шуҳрат, дониш ва имон ба даст меорад. Агар нафаре дар хоб номаи Қуръонро харидорӣ намояд, пас дониши динии ин нафар афзун гашта, фоида ба даст меорад. Дар хоб номаи Қуръонро фурӯхтан, аз даст додани имон ва ба гуноҳ даст заданро маънидод мекунад. Дуздидани Қуръон дар хоб фаромӯш кардани дуову намоз аст. Агар нафаре дар хоб варақҳои Қуръонро бо дандон мехоида бошад, ин нафар барои меҳнати худ маблағи зиёд талаб мекунад. Нафаре, ки дар хобаш Қуръонро дар гил ё садаф рӯбардор мекунад, ин нафар фармудаҳои ин китоби муқаддасро озодона ва аз нигоҳи худ тафсир менамояд. Дар рӯйи замин навиштаҷотеро аз китоби Қуръон хоб дидан, маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида бедину беимон аст.
Гов
Гов дар хоб ба солҳои хуб ё бад ишора мекунад. Гови фарбеҳ солҳои серҳосил ва гови лоғар солҳои беҳосил аст. Нафаре, ки дар хобаш гӯшти гов истеъмол мекунад, боигариву сарваташ афзун мегардад. Гови саҳроӣ дар хоб барои мард завҷаи зебо аст. Дар хоб гов ҷӯшидан нишонаи хушиву нишот асту ба шохи гов даст расонидан бошад, нишонаи беҳбудиву роҳат. Нафаре, ки дар хоб говро савор мешавад, аз мушкилиҳо раҳо ёфта, хушиҳои зиндагӣ насибаш мегардад.