Sebiston new 2024 october
Вилояти Хатлон: Аслиддинро 11 корд заданд!
30.01.2020
Р. Азимӣ
4379

 

Ҷангу ҷанҷол ва муноқишаҳои хунин дар байни ҳамдеҳагон вақтҳои охир ба дарди ҷомеаи мо табдил ёфта истодааст.

Ҳафтаи гузашта сокини деҳаи Шодмони ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Абдунаими Элмуродро ҳамдеҳагонаш Исомиддин ва Саидҷаъфар кордборон карда буданд ва айни замон ин ҷавонмарди 35-сола дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дорад. Бадбахтона, боз як ҳодисаи нохуши ба ҳамин монанд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба вуқуъ пайваста, боиси рехтани хуни инсон гашт...

Ин муноқишаи хунин дар қисмати ҷанубии кишварамон ба амал омада, сокини ҷамоати деҳоти Ҳелеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Аслиддин ном марди 32-соларо як нафар ҳамдеҳааш бо исми Зокир кордборон кардааст. Зуҳуриддин, яке аз шоҳидони ҳол дар сӯҳбат бо хабарнигори Oila.tj Рустам Азимӣ ин ҳодисаро ваҳшатангезро чунин шарҳ дод:

-Ин фоҷиаи хунбор шоми 28-уми январ дар хонаводаи Буриев Аслиддин рух дод. Шахси кордзада бегона не, балки писари аммаи худи Аслиддин мебошад. Онҳо барои замини назди ҳавлигӣ бо ҳам ҷанҷол карданд ва Зокир дар пеши чашми зану фарзандонаш Аслиддинро 11 -корд зада, аз ҷои ҳодиса фирор намуд. Хайрият, ки ҳамсояҳо зуд аз ин ҳодисаи нохуш хабардор гашта, ба имдоди Аслиддин шитофтанд, вагарна зинда монданаш ба гумон буд...


- ДОДАР, ТО РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ИҶОЗАТ НАДИҲАД, ДАР БЕМОРХОНАИ МАН БО ЯГОН КАС СӮҲБАТ НАМЕКУНӢ! “- ин буд сухани охирини сардухтур.

 


Дар идомаи сӯҳбат Зуҳурридин қайд намуд, ки вақте онҳо ба хонаи Аслиддин омаданд, хун аз бадани соҳибхона мисли фаввора мешорид ва зану кӯдаконаш чирросзанон гириста, чӣ кор карданашонро намедонистанд. Касе аз ҳамсояҳо умед надошт, ки бо ин қадар ҷароҳатҳои вазнин ин мард зинда мемонад, вале ба ҳар ҳол қарзи инсонии худро адо намуда, ӯро зуд ба беморхонаи марказии ноҳия бурданд. Инак, ду рӯз боз табибони ин даргоҳ барои аз панҷаи аҷал радоӣ бахшидани ҷони ҷавони Аслиддин талош доранд, вале ҳоли бемор ҳамоно вазнин боқӣ монда, касе зинда монданашро кафолат намедиҳад.

Аслиддин Бӯриев ҳамагӣ 32-сол дошта, падари 2- фарзанди хурдсол мебошад.

Санҷиши сабабу омилҳо сар задин ин рӯйдоди хунин аз ҷониби кормандони мақомоти тафтишотӣ идома дорад.


ЧАРО ИСОМИДДИН НАИМРО КОРДБОРОН КАРД?


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД