Arzon march 2024
Аҷиб: Гови "супергерой" дар Тоҷикистон
6349

Усто Валӣ ном истифодабарандаи фаъоли Фейсбук чанд лаҳза пеш дар пости худ аксеро гузошт, ки бо диданаш тамоми истифодабарандагони ин шабака ба ҳайрат омада, зери он шарҳҳои гуногун навиштанд.

Дар акс дида мешавад, ки моли шохдор дар сари девори баландияш ду метр нотарсона роҳ мегардад. Акс далолат аз он медиҳад, ки дар кадом деҳоти Тоҷикистон ин гов ба болои девор ҷаҳидааст, чунки манзара ва табиати тасвирёфта шабеҳи деҳотҳои кишварамон мебошад.


Дирӯз тахминан соатҳои 17: 00 хонаи як марди Раштӣ, ки Зоҳир ном доштааст, ба коми оташ рафт.


Ҳамагон дар шарҳи худ навиштаанд, ки ин гов чӣ гуна ба боло чорхез карда бошад вале Исмоил ном ҷавон гуфтааст, ки гови бечора дар зимистон дар оғили тангу торик соҳибаш ҷонбезор шуда, майлӣ фирори хонаи соҳибаш дорад.
Аҷибаш ин, ки гови шохдор чанд қадам равон гашта дар болои девор ба берун менигарад ва майли ба замин ҷаҳиданро дорад.
Ин гови ба қавли Мадина Меликова “супергерой” нотарсона дар болои девор гаштугузор мекунад.
Усто валӣ баъди гузоштани ин акс зери он чунин навиштааст:

Яке дар ҷустуҷӯи гов ба сад бозор мегардад,
Аҷаб, ки гов чу гурба сар сари девор мегардад
.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД