Ҳамал
Ба ҳамалҳое, ки дӯстдошта доранд, аз паси ёри мардум давиданро маслиҳат намедиҳем, чунки хавфи ба чанг афтиданатон вуҷуд дорад. Хиёнат накунед, вагарна хиёнат мебинед. Нимаи дуюми моҳи сентябр дар ҳаёти ҳамалҳои оиладор бо сабаби мушкилоти рӯзгор каме муноқиша ба вуҷуд меояд, вале ин боиси хирашавии табъи шумо намегардад. Ҳамалҳои муҷаррад охирҳои моҳи сентябр бахташонро меёбанд.
Савр
Моҳи сентябр барои шахсоне, ки дар мучали савр ба дунё омадаанд, чанд лаҳзаи душворро пеш меорад. Аввали моҳ ҳодисае рух медиҳад, ки шуморо ба коми ноумедиву руҳафтодагӣ мебарад. Дӯстдоштаатон дар лаҳзаҳои душвортарин такягоҳи шумо мегардад, ӯро аз худ наронед. Охири моҳ (баъди 25-26) дар зиндагиятон рӯзҳои нек сар шуда, ҳаётатон ранги дигар мегирад ва шумо руҳан ором гашта, ба наздиконатон меҳру муҳаббати самимии худро ато менамоед.
Ҷавзо
Моҳи сентябр барои зодагони бурҷи ҷавзо чандон сабук намеояд. Ғалату камбудиҳои пештар аз сар гузаронидаатон имрӯз аз худ дарак медиҳанд. Миёнаи моҳ эҳтимол собиқ дӯстдоштаатон баргашта, дар назди поятон афтида бахшиш пурсад. Рафту ёри дигар ёфта бошед, муҳаббати собиқ дӯстдоштаатонро қабул накунед. Ҷавзоҳои оиладор, зуд-зуд хира гаштани табъатон боиси сар задани муноқишаҳо дар хонаводаатон мегардад, вале шумо роҳи рафъ кардани онро пайдо месозед.
Саратон
Моҳи Сентябр барои зодагони бурҷи саратон муътадил аст. Саратонҳое, ки то ин дам муҷаррад буданд, бо нафаре шинос мешаванд, ки ба қадрашон расида метавонад. Ба ҷавононе, ки ба тозагӣ ошиқ мешаванд, аз баҳри кору таҳсил баромаданро тавсия намедиҳем. Саратонҳои оиладор метавонанд тамоми гапи дар дил доштаашонро ба ҳамсафари ҳаётиашон бовар намоянд. Дар маҷмӯъ тамоми саратонҳо бояд ин моҳро ба дӯстдоштаҳои худ бубахшанд.
Асад
Нимаи аввали моҳ дар ҷодаи муҳаббат барор ҳамсафари зодагони бурҷи асад мегардад, вале нимаи дуюми моҳ мурғи бахт калиди барор дар минқор аз кафи шумо фирор мекунад. Эҳтимол бо сабаби гум кардани маблағи калони пулӣ байни шумо ва шахси дӯстдоштаатон муноқиша сар занад. Вақти ҷанҷол, агар худро ба даст гирифта натавонед, хавфи аз шумо сахт ранҷида баромада рафтани ёратон ба миён меояд, бинобар ин, ба даҳонатон нигоҳ карда гап занед. Асадҳои муҷаррадро дар моҳи август вохӯриҳои аҷиби ошиқона ва саргузаштҳои хотирмон интизоранд.
Сунбула
Дар зиндагии шахсони зери мучали сунбула тавлидёфта давраи бобарор сар мешавад. Шумо дар ин моҳ аз доми макру ҳила амон меёбед, вале барои мустаҳкамии муносибатҳои ошиқона кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Заҳмататон барабас намеравад ва дӯстдоштаатон ҳамеша ҳамрозу ҳамнафаси шумо мегардад. Духтарҳои бурҷашон сумбула қабл аз коре кардан бояд оқибати онро андеша намуда, обрӯи худ ва наздиконашонро нигоҳ доранд.
Мизон
Эҳтиёт шавед, моҳи сентябр бароятон серташвиш меояд. Ошиқи хирае бо ҳар роҳу восита муҳаббати шуморо ба даст овардан мехоҳад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми ин ошиқи хасакӣ наафтед, вагарна пушаймон мешавед. Дар маҷмӯъ моҳи бобарор аст, вале ягона чизе, ки мо ба шумо маслиҳат намедиҳем, ин аст, ки дар бораи пешравии касбу коратон дар назди шахси дӯстдоштаатон бисёр лоф назанед. Таърифу тавсифи зиёд шуморо ҳамчун одами худпарасту ҳавобаланд нишон дода, ғаши маҳбубатонро меорад.
Ақраб
Аз аввали моҳ барору комёбӣ ҳамсафари зодагони бурҷи ақраб мегардад. Пешравиҳои шумо боиси рашку бадбинии нотавонбинон гашта метавонад. Аз доираи дӯстоне, ки чандин сол боз якдигарро мешиносед, худро канор гиред. Танҳо дар ҳамин сурат метавонед хушбахтии комилро эҳсос намоед. Боз як тавсияи дигар: ба нафароне, ки аллакай дӯстдошта доранд, чашм ало накунед.
Қавс
Қавсҳое, ки то ба ин рӯз бахти худро пайдо накардаанд, яку якбора бо чанд нафар шинос мешаванд. Шумо аз байни талабгорони бешумори худ ҳамсафари ҳаётиатонро пайдо карда метавонед, ба шарте ки муҳаббати худро иброз намуда тавонед. Барои қавсҳои оиладор охири фасли тобистон душвориҳои зиёдеро ба бор меорад. Шуморо лозим меояд, ки дар якҷоягӣ бо ҳамсафари ҳаётӣ роҳҳои баромадан аз мушкилоти зиёди зиндагиро ҷустуҷӯ намоед. Танҳо дар ҳамин сурат никоҳатон мустаҳкам мегардад.
Ҷаддӣ
Хислати душвори шахсони дар мучали ҷаддӣ тавлидёфта боиси муросо карда натавонистанашон бо шахси дӯстдошта мегардад. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми муноқишаву нофаҳмӣ ба иззати нафси ошиқатон нарасед, вагарна ӯро аз даст медиҳед. Ҷаддиҳое, ки дар ҷустуҷӯи бахт ҳастанд, маҳз дар ҳамин давра ёри содиқу вафодор пайдо карда метавонанд. Эҳтимол аҳли оилаатон интихоби шуморо намепазиранд, вале шумо бояд барои бахти худ мубориза баред.
Далв
Имкон дошта бошед, барои худ вақт ҷудо карда, ба ягон истироҳатгоҳ сафар намоед. Дар бораи дӯстдоштаатон хавотир нашавед, агар вай шуморо дар ҳақиқат дӯст медошта бошад, бояд дарк кунаду дастгирӣ намояд. Дар акси ҳол, ҳаволаашро ба Худо супоред. Ба духтаракони ҷавони бурҷашон далв маслиҳат медиҳем, ки сару либоси худро нав карда, баъдан ба ҷустуҷӯи бахт бароянд.
Ҳут
Моҳи сентябр барои ҳутҳо бобарор меояд. Ғаму андуҳи қалбатон рафъ мегардад ва дар атрофатон танҳо дӯстони вафодор ва ошиқони содиқ мемонанд. Шумо метавонед ба садои дили худ гӯш дода, ошиқ шавед, вале дар интихоби бахт ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар зиндагии ҳутҳои оиладор дар ин давра ягон душворӣ ва нофаҳмӣ ба миён намеояд.