Arzon march 2024
Келин не, хари хизматгорам
6489

 

Намедонам кадом дарду аламамро гӯям. Маро дар хонаи шавҳарам хар кардаанд, касе хоҳад, маро мезанад, касе хоҳад, таҳқир мекунад, дашном медиҳад, касе хоҳад, табақи авқотро ба сарам ҳавола медиҳад. Барои аҳли ин оила ман як ғулом, як хизматгори тайёр ҳастам.

Додаршӯям маҷбур мекунад, ки либосҳои таҳпӯшакашро шӯям, хусурам «нохунҳоямро гир, пойҳоямро сум кун келин» гӯён, пойҳои бӯгинашро сӯйи ман дароз мекунад, қайсингилҳоям ҳатто косаи хӯрок хӯрдаи худашонро намешӯянд. Намедонам аз паси кадом як корашон давам. Рӯзи дароз аз паси гову мол, пухтупаз ва шустушӯй овора ҳастам, вале ин кӯрнамакҳо ба ҷои миннатдор шуда раҳмат гуфтан, маро мурданивор зада, аз хонаи мо баромада рав мегӯянд. Андеша намекунанд, ки бо чор кӯдаки хурдсол, ки ҳамаашон аз хуни онҳо ҳастанд, ман дар хонаи ягон кас намеғунҷам. Намедонам дарди диламро ба кӣ гӯям. Ба волидонам шиква кунам, маро ба таври худ насиҳат карда мегӯянд: «Духтарам ягон кас аз кор кардан намурдааст, ки ту мурӣ. Зиндагӣ пастию баландиҳо дорад, тоқат кун, ягон рӯз ҳамааш хуб мешавад…» Боре ба холаам, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунад, занг зада рӯзи сиёҳамро нақл кардам. Маслиҳат дод, ки аз баҳри он ғурбатхона гузашта ба шаҳр, ба хонаи вай равам ва дар ягон ҷо ба кор даромада зиндагиамро бо меҳнати ҳалоли худ пеш барам. Қариб як ҳафта кӯшиши фирор намуданро кардам, вале нашуд, аз дар бароям, хусурам аз масҷид мебаромад, аз дарича гурезам гӯям, балои аз таги замин баромадагӣ барин, додаршӯям дар пеши рӯям пайдо мешуд, ба хонаи ҳамсоя рафта аз он ҷо ноаён баромада гурезам гӯям, ду қайсингиламро дар он ҷо дида пас мегаштам. Дидам, ки корам ҳеҷ барор нагирифта истодааст, қарор додам, ки шабона мегурезам.


ПАДАРАМ ЗАН ГИРИФТУ ПАДАРАНДАР ШУД


Шавҳарам ҳамон шаби шум масту аласт омад. Маҷбур будам, ки ӯро ба хона дароварда хобонаму баъдан фирор кунам. Кошкӣ худамро нишон намедодам, баробари маро диданд, мардакам « фоҳишаи лаънатӣ, дар ин нисфишабӣ Ҳайдарро интизори ё Бобоҷони усторо?!» гӯён, маро чунон лагадкӯб кард, ки аз ҳуш рафтам. Як вақт аз садои занги телефон ба худ омадам. Базӯр сари аз мушту лагади шавҳар зарбхӯрдаамро бардошта гӯшакро гирифтам ва рақамҳои холаамро дида, ҷони тоза ёфтам. Салому алейкро нася гузошта ҳодисаи рӯйдодаро ба холаам нақл кардам ва зориву тавалло намудам, ки бо мошини писараш ба деҳа омада, маро гирифта барад. Дили холаам ба ҳоли мани бадбахт сӯхту дар ҳамон нисфи шаб ба пушти дари хонаи хусурам омад. Таги як курта ба мошини писархолаам нишаста, аз деҳа ба шаҳр фирор намудам. Чор писарамро ба он хотир бо худ нагирифтам, ки хуб медонистам, агар кӯдаконро барам, шавҳари золими одамкушам маро албатта кофта меёбад ва рӯзамро сиёҳ карда, фарзандонашро кашида мегирад. Шаш рӯз мешавад, ки дар хонаи холаам ҳастам. Дар ин муддат аз хонаи шавҳарам касе ба суроғи ман наомад, танҳо бародаронам ба холаам занг зада, доду вой карданд, ки чаро маро аз хонаи шавҳарам овардааст, вале холаам «Малика ба шумоён даркор набошад, ба ман лозим аст, намехоҳам, ки ҷиянамро зинда ба зинда дар сих кашида, дилу ҷигарашро кабоб кунанд» гӯён, ҳамаашонро дар ҷояшон шинонда монд. Мехоҳам аз минбари «Оила» ба холаи меҳрубонам бигӯям:

Аз кулфату ғаму дард раҳоям кардӣ, холаҷон, илоҳо ҷавоби некиҳоятро аз Худованд бубинӣ ва хокро гирӣ, дар кафат зар гардад!

Маликаи сиёҳбахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД