Саховатманд
Дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашидам, шавҳарам Салим тамоми нозу нузамро мебардошт ва ба қавле маро рӯйи даст бардошта мегашт. Модарам мудом таъкид менамуданд, ки дар ин замонаи нотинҷ ҳар касу нокасро ба хона роҳ надиҳам ва аз макри душманон эҳтиёт намоям, вале барои хафа нашуданашон «хуб» мегуфтаму кори худамро мекардам. Шавҳарам соҳиби чанд нуқтаи фурӯши бензину газ буд ва пул халта-халта меомад, аз ҳамин хотир, парвои чизу чора надоштам, то метавонистам хайру саховат мекардам, дасти мӯҳтоҷону дармондагонро мегирифтам. Ҷанги бародаркӯшӣ давом дошту мардум ба як пора нон зор буданд, аммо мани ба қавле масти давлат ҳар шиносу ношиносро ба хона оварда, шикамашонро сер мекардам, то савоб бигирам.
Меҳмони нохонда
Рӯзе духтаре бо либосҳои дарида гирёну нолон аз дари хонаам даромада зорӣ намуд, ки ӯро дар ягон ҷой пинҳон намоям, ки силоҳбадастон ҷустуҷӯяш доранд. Духтаракро осемасар ба ҳавлӣ дароварда дарвозаро маҳкам кардам. Силоҳбадастон, ки шавҳарамро хуб мешинохтанд, ҷуръати ба хонаи мо зада даромаданро накарданд ва бо овози баланд духтаракро дашномдеҳон гузашта рафтанд. Ман лаб газида меҳмони нохондаро ба хона даровардам ва сари дастурхон шинонда, шикамашро сер кардам. Дар рафти сӯҳбат маълум шуд, ки духтар аз водии Вахш будаасту ҳамроҳи модараш гуреза шуда ба Душанбе омадааст. Барои харидани хлеб ба берун баромада ба дасти силоҳбадастон афтидааст. Худо раҳмашро хӯрда аз мошин худашро партофта ҷонҳавл тарафи хонаи мо тохтааст. Азбаски нав бори нахуст ба шаҳр омада буд намедонист, ки модараш дар кадом кӯча зиндагӣ мекунад. Духтарак тахминан 17-18-сола буда Волида ном дошт. Нақлашро шунида мӯйи бадани кас виҷирос мезад. Силоҳдорон дар пеши чашми Волидаю модараш падар ва ду акаашро парронда будаанд. Пас аз рафтани силоҳбадастон Волидаю модараш дар мобайни замини ҳавлиашон чуқурие канда се марди хонадонашонро гӯр карда, рӯзи дигар саҳарии барвақт ба пойтахт фирор кардаанд. Як хеши дурашон раҳм карда, онҳоро ба хонааш роҳ додааст. Духтарак барои нон ба мағоза рафта ба ин ҳол гирифтор шудааст. Духтаракро тасаллӣ дода, гуфтам, ки ташвиш нашавад, бегоҳ, ки шавҳарам омад, албатта модарашро кофта меёбем.
Сағерапарвар
Бегоҳ Салим ба хона омад ва меҳмони нохондаро дида, ҳайрон шуд. Оҳиста маро ба гӯшае хонда кӣ будани духтарро пурсид. Саргузашти талхи Волидаро ба шавҳарам нақл кардам. Дили Салим ба ҳоли духтарак сӯхта гуфт: «Сағераи бечораро дар ин замонаи хунхор аз дар берун кардан убол аст. Бигзор то пайдо шудани соҳибаш бо мо монад!» Аз ин сағерапарварии шавҳарам шод шуда, дарҳол либосҳои худамро бароварда ба меҳмон додам. Волида, ки худаш духтари зебо буд, баъди ҳаммом карда, либоси тоза пӯшидан боз ҳам дилкашу нозанинтар шуд. «Занак, ин духтарро эҳтиёт кун, ки ба чашми касе наафтад. Ҳусну ҷамоли меҳмонат боз сарамонро нахӯрад»,- таъкид намуд шавҳарам ва даст афшонда баромада рафт.
Таъкиди модар
Волида саҳарии барвақт хеста ба корҳои ман ёрӣ мерасонд. Духтараки чаққон рубучини хона ва шустани либосҳоро ба зимма гирифта, кори маро хеле осон намуд. Хурсанд будам, ки ёрдамчии беминнат ёфтам, вале тақрибан як ҳафта пас модарам хабаргирӣ омаданду духтараки ношиносро дида, маро сарзаниш намуданд, ки чаро дар чунин замонаи нотинҷ дарди сари зиёдатиро ба гардан гирифтаам. «Тезтар духтарро ба соҳибонаш супор, то ин ҷӯҷаи парӣ ба саратон ягон балоро набиёрад. Аздусар силоҳдорон чунин сайди зеборо фаромӯш намекунанд, худо накарда ба суроғаш биёянд, аҳволи тую шавҳарат бисёр бад мешавад»- таъкид карданд модарам ва моро ба мошини бародарам шинонданд, то модари Волидаро кофта ёбем.
Дида ба дидор расид
Волида духтари боҳуш будааст ва дар назди масҷиди «Аминҷон» воқеъ будани хонаи хешашонро ба хотир оварда кори моро хеле осон намуд. Аз бачаҳои маҳалла пурсида-пурсида хонаи хешашонро ёфтем. Модараш аллакай дар ғами Волида ҷигаркабоб шуда, либосӣ мотамӣ пӯшида буд. Ҷигарбандашро сиҳату саломат дида, занаки бечора намедонист, ки чи тавр ба мо миннатдорӣ баён намояд. Дар хона ба ҷуз як палоси нимдаридаю ду кӯрпачаи чиркин дигар чизе ёфт намешуд. Деворҳои рангпаридаи манзил аз он гувоҳӣ медоданд, ки ин хона чандин сол боз рӯйи таъмирро надидааст. Дар рӯйи дастурхоне, ки барои мо густурданд, ба ғайр аз ним бухонка хлебу чанд дона қанди сафед дигар чизе набуд. Ҳоли зори модари Волидаро дар хонаи хешашон дида, раҳмам омад ва барои он, ки духтарак барояшон бори зиёдатӣ нашавад, аз модараш иҷозат гирифта Волидаро дубора ба хонаам овардам.
Рашки фолбин
Суроғаи хонаамро ба модари Волида ва хешашон дода будаму аз байн як ҳафта нагузашта онҳо дарамро кӯфтанд. Ҳурмати меҳмон гуфта барояшон зиёфат оростам. Хеши модари Волида ду чашмашро аз ҷиҳози зебо ва дастурхони пур аз нозу неъмати ман намеканд. Нигоҳҳои ҳарисонааш аз ҷавшани ҷонам гузашта бошанд ҳам, хотири Волида чизе нагуфтам, чунки писаронам ба Волида сахт одат карда буданд ва ӯро «апа» мегуфтанд. Бегоҳ ду халтаи селофаниро пур аз хӯрока карда меҳмонҳоро гесел кардам. Хеши Волида хоҳиш намуд, ки агар либосҳои намепӯшидагӣ дошта бошам, диҳам, то пӯшида дар ҳаққам дуо кунанд. Чизеро пай набурда, чанд либоси қариб нав ва рӯймолҳоямро бароварда додам ва борхалтаҳояшонро пур карда аз дари хона гусел намудам. Тасодуфан ин дам модарам намоён шуданд ва модари Волидаро бо хешаш дида, қошу қавоқашонро овезон намуданд. Сир бой надода, табассумкунон меҳмонҳоро гусел кардам, сипас ба хона даромадаму модарамро коҳиш кардам, ки чаро беҳуда қавоқ гиронда бечораҳоро хиҷил карданд. Модарам лаб газида, гуфтанд:
-Эҳ духтари содда, ҳанӯз намедонӣ, ки бо кӣ сарукор гирифтаӣ! Модари Волида ба фикрам занаки бад нест, вале аз хешашон одамгарӣ намебарояд. Ин занакро тамоми маҳалла мешиносад, бисёр зани ҷодугар ва худонотарси аждарсират аст! Метарсам, ки хонаю даратро дида, аз рашку ҳасад ин ҷодугар балоеро ба сарат наорад!
Либос ва рӯймоли сарамро ба меҳмонҳо доданамро шунида фиғони модарам ба фалак печид. Гаштаю баргашта маро сарзаниш мекарданд, ки барои чӣ давлати сарамро ба он ҷодугар додам. Талаб карданд, ки фавран рафта чизҳои додаамро гирифта биёрам, ки хосияти хуб надорад. Барои он, ки оташи ғазаби модарам паст шавад, ваъда додам, ки саҳар рафта либосу рӯймоламро мегирам.
Модарамро дилпур карда гуселондам, ки рафта либосҳоямро меорам, вале шарм кардам, ки рафта чизҳои додаамро дубора пас бигирам. «Фолбин бошад, будан гирад, ман ба вай бадӣ накарда бошам, барои чӣ вай ба ман бадӣ мекардааст» гӯён, моҷарои рӯймолу либосро ба гӯшаи фаромӯшӣ партофтаму ҳамроҳи Волида аз пайи корҳои рӯзгор шудам.
Бозгашти «давлати сар»
Тақрибан панҷ рӯз аз байн гузашта буд, ки дарвозаро сахт-сахт кӯфтанд. Овози модари Волида ба гӯшам расиду осемасар дарвозаро кушодам. Вай бастаи чанд рӯз пештар додаамро баргардонда, айнан суханҳои модарамро такрор намуд. Авзояш каме беҷо менамуду ба назар чунон мерасид, ки аз чизе ҳарос дорад. «Духтарам, либоси тану рӯймоли сарро бароварда додан хосияти хуб надорад. Одам давлати сарашро ба ҳар кас намедиҳад»,- гӯён модари Волида баромада рафту мани аз ин рафтори занак лолу ҳайронмонда кифт дарҳам кашида, ба хонаам даромадам.
Дарди беамон
Бастаро кушодан баробар чашмам ба рӯймоле афтод, ки шавҳарам ба ман ҳадя карда буд. Ҳайрон шудам, ки чи тавр ин рӯймоли дӯстдоштаамро ба фолбинзан додаам. Рӯймолро ба сарам бастан баробар сарам худ аз худ ба дард даромад. Аввал аҳамият надодам, вале дарди сарам торафт шиддат мегирифту сӯзишаш бештар мешуд. Он рӯз чи хел бегоҳ шуд, худам медонаму худованд, дарди сар ҳоламро зор кард. Нимашаб хобам бурда мондааст, то саҳар хобҳои даҳшатнок дида, мурда-зинда шуда хестам. Ду кампири ношиноси аҷузамонанд дар хоб ба тамоми аъзои баданам сӯзан зада, хуни маро мемакиданд. Ростӣ, чӣ қадар хоб кардам дар ёдам нест, як вақт фиғони талх кашида бедор шудаму дидам, ки субҳ аллакай дамидааст. Дилам аз тарс гуп-гуп зада, майли аз хонааш баромадан мекард. Базӯр аз ҷогаҳам бархостам. Тамоми аъзои баданам сӯзиш мекард, чашмонам сиёҳӣ мезаданду дилам беҳузур мешуд. Ҳолатам чунон бад буд, ки гӯё як сол боз бемор бошам. Уф-уф гӯён ба ошёнаи якум фаромада дидам, ки Волида бо сари хам наҳорӣ тайёр карда истодааст. Табъаш ким-чихел гирифтагӣ менамуд. Хоҳиш кардам, ки ба модарам занг зада, хоҳиш кунад, ки ба хона биёяд, чунки ҳолам чандон хуб нест ва дасту рӯямро шуста боз ба хонаи хобам даромадаму худамро рӯйи бистар партофтам.
Ҷодушуда
Боз хоби баде дида, фарёд зада чашмонамро кушодам. Модарам аллакай дар болои сарам нишаста буд ва аз чашмонаш ғурра-ғурра ашк мерехт. Чашм кушоданамро дида, модарам ашки чашмонашро поккунон гуфт:
-Духтари содда, нагуфта будам, ки ҳар касро ба хонаат роҳ надеҳ, ана дидӣ оқибаташ чӣ шуд?! Ин духтари бесоҳибро тезтар аз хонаат гум кун!
Хостам гӯям, ки очаҷон, ин духтараки сеғера гуноҳ надорад, вале ҳарчанд кӯшиш мекардам, гап зада наметавонистам. Ҷоду маро гунг карда буд ва бар замми ин, як тарафи баданам ҳам кор намекард. Хайрхоҳиам маро дар як шаб ҳам гунгу ҳам шал карда буд.
Ҷодубарор
Шабу рӯз духтурон дар болои сарам доруву дармон мекарданд, вале заррае фоида намекард. Фишори хунам гоҳ баланд мешуду гоҳе паст. Шавҳарам баъди ду моҳи духтурдавиҳои бефоида аз куҷое як табибро, ки Ҷонмаҳмади Саид ном доштааст, ёфта овард. Табиб дасташро болои сарам гузошта чашмонашро пӯшид ва зери лаб дуоеро хонду пурсид:
-Киро ба хонаатон роҳ дода нону намак дода будед?
Ман гап зада наметавонистам, модарам қиссаи Волидаро нақл карданд. Табиб лаб газида боз дуое хонду чашмашро кушода гуфт:
-Хайрхоҳии ин хоҳарам балои ҷонаш шудааст. Аз дили соф сару либосашро ба зане додаасту он зан дар рӯймоли сараш ҷоду карда оварда додааст. Рӯймоли ҷодушударо ба сараш баста, гирифтори ҳамин беморӣ шудааст.
Хуллас, табиб ба ман як литр шир нӯшонда ҷодуро баровард. Пас аз он, ки ҷоду аз меъдаам баромад, забонам худ аз худ кушода шуду дасту пойҳоям ба кор даромаданд.
Шавҳарам гов кушта қурбонӣ кард ва рӯзи дигар чизе нагуфта Волидаро ба хонаи хешашон бурда монд.
Аз ҳамон вақт инҷониб дигар ягон одами ношиносро ба хонаам роҳ намедиҳам. Моргазида аз ресмони ало метарсад мегӯянд, ман ҳам як маротиба заҳри мори ҳасадро чашида ҳушёр шудам ва кӯшиш мекунам, ки дигар хатоямро такрор накунам. Шумо ҳам аз сарнавишти ман ибрат гирифта, худатон ва ҷумла пайвандонатонро аз шарри ҷодугарҳо эҳтиёт намоед!