Arzon march 2024
“Хизмат кунад, мардак мешава”-мегӯяд ин ҳунарманди машҳур
5716

Ҳамасола 23-феврал дар кишвари мо ҳамчун рӯзи матонату ҷасурӣ ва Иди артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Сомонаи Oila.tj тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори ин ид як силсила сӯҳбатҳои аҷибро бо ҳаҷвнигорон, актёрон ва сарояндагони машҳури тоҷик манзури муштариёни худ гардонад. Инак, аз ин силсила сӯҳбати нахустинамонро бо яке аз ситораҳои Ютуб, ҳунарманди шӯхтабъу хоксор Қадами Қурбон манзури шумо месозем.

-Акои Қадам, ба иди артиши миллӣ ҳамагӣ чанд рӯзаки дигар боқӣ монааст. Солҳои охир аксари ҷавонон аз хизмати аскарӣ мегурезанд. Шумо, ки парвардаи замони шӯравӣ ҳастед, албатта хизмати модар-Ватанро ба ҷо овардаед. Аз ҳамин хотир мехостем назаратонро нисбати хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ бидонем....


ВОХӮРИИ ГУЛДОНА БО ЗАНИ ҚАДАМИ ҚУРБОН ПАС АЗ ВИДЕОИ ПАҲНШУДА!


-Додар, хизмати аскарӣ дар гардани ҳар як мард қарзай. Мардак бояд қарзша иҷро кунад. Бачая мард мекардагӣ ҳамин аскарияй. Дар аскарӣ одам ба қадри падару модар, ба қадри ҳаёту зиндагӣ мерасад, лекин...

-Лекин чӣ?

-Аскарӣ худуш хубу ҳамин облаваш ганда. Бечора падару модаро то мефаҳманд, ки бачашона облава бурдаст,ҷигархун мешаванд.

-Бисёр бо алам дар бораи облава гап мезанед. Магар ягон хеши шуморо шуморо ҳам облава карда буданд?

-Бачама облава карда, аскарӣ бурданд. Албатта алам мекунад, охир “телех”-и ман дар тамоми тӯйҳо ҳамин бачам буд, ғайр аз ин, дар кору бори хона ёрдам мекард.


ГУЛДОНА ЗАНИ БАҶОИИ ҚАДАМИ ҚУРБОН АСТ? (ВИДЕО)


-Аз як дастёри бе миннат мондам гӯед?!

-Фақат дастёр не, ману бачаи ранги ҷӯра будем.

-Имрӯз шуморо хурду калон мешиносанд. Кӯшиш накардед, ки писаратонро халос кунед?

-Ростӣ гап шиносом бисёранд, лекин пеши ягонташон нарафтам, ки бачаи мара халос кунед. Очаш баъзан гиря мекунад, ки бачама аскарӣ бурданд, ман вая дилбардорӣ карда мегум, ки мардакай, мон хизмат кунад, баъд ба қадри зиндагӣ, ба қадри падару модар ва зану фарзанд мерасад.

-Акаи Қадам, вақтҳои охир телефонатонро намебардоред. Магар аз мо, кормандони сомонаи Оила хафа шудаед?

-Албатта хафа мешам, баъди он ки шумо Миною Гулдоная арӯси ман баровардед, ҳар рӯз чанд кас занг мезанад, ки акаи Қадам, муборак шавад, меган зани дуюм гирифтӣ...

-Ин гапро мо набаровардаем, дар байни халқ чунин овоза буд ва ба хотири фаҳмидани ҳақиқат мо бо шумо дар ин хусус сӯҳбат кардем.

-Хайр, кори шумо журналисто ҳамин аст. Фақат илтимос, нависед, ки Қадами Қурбон занҷаллоб нест. Ман як зан дорум ва 28- сол боз бо ҳамин очаи бачаҳом зиндагӣ карда гаштам.Ҷонум фидош.

-Дар иди артиши миллӣ ба мухлисонатон чӣ таманно доред?

-“Сари паваротай!” Иди артиши миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Хамрохзода 2020-02-19, 15:05
Аз хизмати аскари мегузанд чи маъно дорад?Навиштаатон пур аз хато асту лекин <мегузанд> дар сомонае ки хонандаи зиёд дорад хеле дагал аст.
Посух
Ноз 2020-02-19, 16:20
Шабнам тохири. Чумлатон хатоги дорад. Солхои охир аксари чавонон аз хизмати АКСАРИ Ё АСКАРИ МЕГУЗАНД навищтагияй бо😂😂😂😂😂😂😂😂
Посух
Камолиддин 2020-02-19, 16:59
теХел. Ваха ха ха. Хози ай хандара мекафум. Оила Пеш аз чоп як бор матнатона хонед. Галат дар сахифаи асоси. охир “телех”-и ман дар тамоми тӯйҳо ҳамин бачам буд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Хамрохзода 2020-02-19, 15:05
Аз хизмати аскари мегузанд чи маъно дорад?Навиштаатон пур аз хато асту лекин <мегузанд> дар сомонае ки хонандаи зиёд дорад хеле дагал аст.
Посух
Ноз 2020-02-19, 16:20
Шабнам тохири. Чумлатон хатоги дорад. Солхои охир аксари чавонон аз хизмати АКСАРИ Ё АСКАРИ МЕГУЗАНД навищтагияй бо😂😂😂😂😂😂😂😂
Посух
Камолиддин 2020-02-19, 16:59
теХел. Ваха ха ха. Хози ай хандара мекафум. Оила Пеш аз чоп як бор матнатона хонед. Галат дар сахифаи асоси. охир “телех”-и ман дар тамоми тӯйҳо ҳамин бачам буд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД