Гулдона аруси баҷоии Қадами Қурбон аст?-унвон дошт сӯҳбати видеои хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ Рустам Азимӣ бо сарояндаи умедбахш Гулдона Алиёрзода.
Пас аз пайдо шудани ин навори видеои дар Ютубканали ОИЛА-ТЧ сару садоҳо байни мардум ҳаргуна ба гӯш мерасид. Мардум ҳадс зада мегуфтанд, ки Гулдона дар ҳақиқат арӯси баҷоии Қадами Қурбон аст ва нияти Қадамро аз ҳамсараш ҷудо карданро дорад.
Мегӯянд, ки баъди тамошои ин видео зани Қадами Қурбон ба сари Гулдона омадааст. Оё ин овозаҳо ҳақиқат доранд? Барои аз асли воқеъа бохабар шудан, Рустам Азимӣ бо Гулдона ҳамсӯҳбат гашт.