Sebiston new 2024 october
Кӯдаки 7-моҳа аз хунукӣ мурд
3215

 

Фоҷеаи даҳшатовари дар шаҳри Хабаровски Русия рӯй дода бисёриҳоро ба таҳлука андохт.

Субҳи 5-уми январ дар яке аз биноҳои истиқоматии ин шаҳр ҷасади шашхудаи тифлаки 7-моҳаеро пайдо намуданд, ки дар даруни аробачаи кӯдакона (каляска) аз хунукӣ мурда монда буд.

Тибқи иттилои REN -TV, сӯбҳи 5-уми январ модари 40-солаи ин тифлак ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, аз бад шудани вазъи саломатии фарзандаш хабар додааст, аммо вақте табибон расида омаданд, кор аллакай аз кор гузашта, кӯдак кайҳо мурда буд.

Баъдан маълум гашт, ки ин зани бераҳм худаш махсус кӯдакро ба балкон бароварда, дубора ба хона даровардани бачаро фаромӯш кардааст.


Ба хотири гуноҳ будан ё хатое кардан дар вақти офаридани нақш ба шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ муроҷиат накардам, зеро онҳо хеле эҳсосотиянд ва ҳар сухан гуфтанашон мумкин буд.


Сабаби чунин рафторнамудани ин модари сангдил дар он будааст, ки тифлаки ҳафтмоҳа тамоми шаб ғаш карда мегиряд ва ба асабҳои зан мерасад. Ба ҷойи он ки ба тифлаки бемораш (писарча дандон мебаровардааст) ягон дорӯ дода, кӯдаки бечораро ором созад, модари сангдил бачаро ба каляска хобонда, аробачаро ба балкон бароварда мемонад ва худаш ба хонаи гарму нарм даромада, гӯё чизе нашуда бошад, оромона сар ба болин мегузорад. Зан мақсад доштааст, ки бо ҳамин роҳ кӯдакро танбеҳ медиҳад ва баъди ором шуданаш ба хона медарорад, вале баробари сар ба болин гузоштан ин модари ғафлатзадаро хоб бурда, танҳо пас аз 5 соат бедор мешавад.

Сардии ҳарорати ҳаво дар Хабаровск дар ин шабу рӯзҳо то 20 дараҷа мерасад ва дар тӯли 5-соат дар балкони хунук зинда мондани ягон ҷонзод имкон надорад. Ин тифлаки маъсум низ ба сардии ҳаво тоб наоварда, дар даруни каляска аз хунукӣ мурдааст ва ҷасадаш шах шудааст.

Нисбати ин модари бераҳм парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД