Рузи 15-ми декабр дар саҳифаи фейсбукии гуруҳи “Мы мигранты” расмҳои якчанд муҳоҷири лату куб шуда нашр гардид.
Баъдан маълум гардид, ки ин муҳоҷирон шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон буда рӯзи 14-ми декабр ба дасти кормандони амнияти Русия меафтанд ва бо сабабҳои номаълум сахт лату кӯб мешаванд. Муҳаммадшариф Абдулло, намояндаи муҳоҷирон дар шаҳри Маскав дар саҳифаи фейсбукииаш ҳодисаи мазкурро чунин шарҳ дод:
“Ҳодисаи имрӯза бароям аҷиб буд. 22 муҳоҷири тоҷикро мақомоти ОМОН-и Русия, мурданак лату кӯб кардаву таҳқир намудаанд. Бидуни шарҳ… Чаро? Аз қавли ҷабрдидаҳо чеҳраи онҳо ба ОМОН хуш наомадааст.
Муҳоҷирон ноумед шудаанд, ки касе ба додашон нарасида ва ба мо шикоят бурданду аксҳои зарбаи хурдаашонро равон кардаанд. Ин хабар тақрибан аз 4 нафари мухталиф ба расона ворид шуд. Аммо ҳамаи онҳо як хоҳиш доштанд, ки номашон гуфта нашаваду сабташон агар истифода мешавад, танҳо дар ҳолати тағйир додани садо.”