Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 74)
30.03.2020
А. ҲОҶӢ
3135

 

(Давомаш)

Ҳасратмоҳ субҳи барвақт аз ҷояш бархост ва ин саҳар намозашро аз ҳарвақта дида, андаке барвақттар хонда ба хонае, ки Шафоат он ҷо мехобид, даромада ғур-ғур кард:

-Нисфи рӯз шуд, ҳанӯз ҳам ғелида мехобӣ?

Аз даруни ҷойгаҳи хоби духтараш садое набаромад. Ҳасратмоҳ хост ӯро ҷунбонда бедор кунад ва дасташро ба тарафи ҷойгаҳ дароз карда, кӯрпаро аз болои Шафоат гирифтанӣ шуд, аммо вақте як гӯшаи онро ба тарафи худ кашид, дид, ки дар ҷойгаҳ касе нест, танҳо кӯрпаро мисли оне, ки дар дарунаш касе хобида бошад, лӯнда карда мондаанд. Модар ба изтироб омада хост берунро хабар гирад, вале ба ёдаш расид, ки ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз он ҷо омада буд ва Шафоат дар рӯйи ҳавлӣ наменамуд. Ҳайрон шуд, ки ҳанӯз субҳ надамида духтараш ба куҷо рафта бошад. Ба дилаш оташ афтид, ки мабодо духтари беақл худашро ягон фалокат накарда бошад. Фарзанд чи хеле, ки набошад, барои модар азиз аст, Ҳасратмоҳ низ ба ташвиш афтида, ба ҷустуҷӯйи духтараш баромад. Боди саҳаргоҳ ба рӯяш зада, ӯро каме ба худ овард ва Ҳасратмоҳ ҳуши парешонгаштаашро каме ҷамъ карда ба андеша рафт, ки Шафоат дар ин каллаи саҳар ба куҷо рафта метавонад. “Шояд барои хабаргирии муаллим ба маркази ноҳия рафта бошад? Не, дирӯз худаш гуфта буд, ки дигар муаллим ба вай меҳр надорад, боз гуфт, ки кампири Холбибӣ модари аслии зани муаллим набудааст.» Дили Ҳасратмоҳро гургон тала мекарданд, ба саволҳои беҳисоби дар майнааш пайдошуда ҷавоби аниқ наёфта, вай қасд кард, ки аз таги замин бошад ҳам, Шафоатро меёбад ва ҳамаашро аз сари нав пурсида, буду шуди гапро фаҳмида мегирад. Вай бо ҳамин ният аз дарвоза берун шуда, аз пасаш дарро сахт пӯшид. Саги вафодори Шафоат Алопар низ аз пасаш берун шуда, мехост дар ҷустуҷӯйи соҳибаи зебояш ба ӯ кӯмак кунад, вале Ҳасратмоҳ ба сари саг дӯғ зада, ҷонварро аз роҳаш гардонд ва худаш ба сӯйи истгоҳи мошинҳои деҳа, ки ба самти шаҳр мерафтанд, равон шуд. Ӯ тез-тез қадам зада мехост бо мошини аввалин худро ба шаҳр расонад. Дар сари роҳ вай ҳамсояи девор дар миёнашон Холидаро дид, ки дар даст химчаи говронӣ аз он тараф меомад. Холида баробари дидани Ҳасратмоҳ ба ӯ наздиктар омада пурсид:

-Ин саҳар ба шумоён чӣ шудааст, ки очаю духтар барвақт ба тарафи Майдон (дар он ҷо мошинҳои шаҳррав меистоданд) меравед? Язнаам аз Русия меоянд?

Аз ин пурсиши ҳамсоя Ҳасратмоҳ ҳайрон шуда гуфт:

-Модару духтар? Шафоат ҳам ба ҳамон ҷо рафт?

-Э, Шафоат ҳанӯз торикӣ буд, ки ба Майдон рафт. Либосҳои озода дар бар дошт. Магар ту намедонистӣ?

Ҳасратмоҳ дар ҷавоб чизе нагуфта қадамашро тезтар кард. Холида аз паси ӯ садо баланд кард:

-Дер кардӣ ҳамсоя, мошини якум аллакай рафт, шояд духтарат ба он савор шуда бошад...

Ҳасратмоҳ суханони ҳамсояашро шунида бошад ҳам, дигар ба қафояш нигоҳ накарда, осемасар ба тарфи Майдон равона шуд. Ӯ азм дошт, ки ҳатман Шафоатро пайдо мекунад ва ба шаҳр рафта ба арвоҳи модари Муртазо фотеҳа мехонад. “Ҳарчи ҳам набошад, писараш шавҳари никоҳии духтарам аст...”,- аз дил мегузаронд ин зани деҳотӣ…

***

Дарди ҷонкоҳ тамоми вуҷуди Муртазоро ба сӯзиш дароварда, ӯ тоқати бардоштани ин дардро надошт. Ҳамшираи шафқат садои оҳу нолаашро шунида ба палата даромад ва набзашро санҷида, лаҳзае ҳолаташро муоина карду баргашта баромад. Симои ҳамшира ба назари Муртазо мисли он ки дар паси пардаи туман бошад, як намудор гашта боз пинҳон шуд. Пас аз лаҳзае ба палата доктор Салим даромад ва ба оҳу нолаи Муртазо аҳамият надода, захмҳои ӯро кушода дид, сипас ба ҳамшираи шафқат Маҳинабону, ки интизори супориши ӯ буд, нигариста гуфт:

-Сӯзандоруи карахткунандаи дард гузаронед, то андаке ором шавад, баъди як соат Сатторов омада, ҷойҳои шикастаашро бори дигар мебинад, шояд боз як бори дигар рентген кардан лозим ояд.

-Бечора, хеле азоб кашид, дубора рентген кардан шарт аст духтур?-дилсӯзона гуфт ҳамшира.

-Бе ин намешавад, баъзе устухонҳояш аз чанд ҷояш шикастагӣ, азоб кашад ҳам, мо бояд ҳолати ӯро ҳаматарафа омӯзем, то якумра маъюб шуда намонад. Душвор бошад ҳам, бояд тоқат кунад. Ҳамааш, агар хуб гузарад, пас аз шикастабандӣ ӯро ба палатаи умумӣ гузаронем ҳам мешавад, ҳарчанд ба гумон аст, ки пои ростааш ба шакли пештарааш баргардад, аз ҳад зиёд осеб дидагӣ...

-Доктор, дар бораи марги модараш ягон чиз намегӯем?-Бо овози паст пурсид Маҳина.

-Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Бечора худаш дар дами марг буд ва бо муъҷизаи Худованд аз лаби гӯр баргашт, магар мехоҳӣ, ки ӯро кушӣ?-Бо овози паст, вале бо қаҳр гуфт доктор Салим,-Ҳар касеро ҳам, ки ба дидорбинии ӯ меояд, пешакӣ огоҳ кун, ки дар ин бора чизе нагӯяд. Андаке беҳтар шуда сари по хезад, баъд ҳамаашро ба ӯ мефаҳмонем.

-Хуб шудааст. Бегоҳӣ баъд аз рафтани шумо як ҷавон омада, ин пулҳоро дод, ки барои доруворияш сарф кунем. Ман нагирифта гуфтам, ки ба духтур диҳед, аммо ӯ гуфт, ки вақт надорад ва рақами телефонашро монда рафт, ки мабодо боз ягон чиз даркор шавад, ба ӯ муроҷиат кунем. Номаш Фирӯз будааст, ба фикрам писари ҳамон кампире, ки дар ин ҷо буд...

-Ҳа, медонам, вай додарарӯси ҳамин муаллим аст. Пулҳоро ягон тин кам накарда, танҳо ба доруҳои бемор сарф кун. Бигзор онҳо дар дасти ту истанд,-инро гуфта доктор Салим пас аз ҳисоб кардани дастаи пул онҳоро ба Маҳина баргардонда дод ва аз дар баромад...

Маҳина сӯзандоруро ба даст гирифта ба сари бемор омад, то доруро ба бадани Муртазо, ки нолишаш бештар шуда буд, гузаронад. Ин дам ӯ андаке ба худ омада, бо забони лакнатдор гуфт:

-Духтурҷон, ба ман ягон доруе укол кунед, ки дигар ҳаргиз ба ҳуш наоям ва ин дарди ҷонкоҳро нафаҳмам...

-Майлаш, ҳозир ин хоҳишатро ба ҷо меорам,-гуфт бо табассум Маҳина ва идома дод,-Ҳоло мо ҳамроҳ дар тӯйи ту, мебахшӣ ба фикрам тӯйи ту шудагӣ, хайр дар тӯйи ман якҷоя рақс мекунем...

***

Садоқат ва Холбибӣ пас аз он, ки ҳамсояю ақрабои Ҷамиларо гусел карданд, дубора ба хонаи хоби Иқбол даромаданд ва ҳарду аз ду паҳлуи ӯ, ки масти хоб буд, нишастанд.

-Духтарам, биё як кор кун. Ҳамин писаракатро бе падар накун. Ман худам дар кӯдакӣ азоби бепадариро кашидаам ва чӣ будани ин дарди ҷигарсӯзро медонам.-Ба насиҳат даромад Холбибӣ.

Садоқат фаҳмид, ки модараш ба чӣ ишора мекунад, вале лаб ба сухан накушод. Вай чашмони аз гиря варамидаашро аз замин намебардошт.

-Охир, ин кор ба сари ҳар мард омаданаш мумкин аст. Мо занҳо пуртоқатем, вале мардонро Худо чунин офаридааст, ки зуд ба эҳсосот дода мешаванд, аммо баъд сахт пушаймон мешаванд. Муртазо ҳам мард аст ва ин хислатҳо дар ӯ ҳам будааст. Дидӣ, ки бечора ба чӣ ҳол расидааст, духтарҷон, як мурдаро ду мурда накун...

Ҳарчанд дигар дар чашмони Садоқат нам намонда буд, вале боз ҳам ду қатра ашк аз куҷое пайдо шуда, ба рухсорааш рехт...

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД