(Давомаш)
Ҳасратмоҳ баробари аз дарвоза даромадани Шафоат ба ӯ дарафтод:
-Дар куҷоҳо мегардӣ? Аз туро кофтан дар пойҳоям ҷон намонд. Гумон кардам, ки ту ҳам аз паси ҳамон муаллими хушкардаат худатро ба ҷарӣ партофтӣ...
-Кош ҳамин тавр мешуд, ки ту аз ман халос мешудӣ, оча! Куҷо мешудам, рафтам, ки бинам муаллим чӣ аҳвол дорад. Ба ҳар ҳол, ману вай никоҳ дорем-ку,-рӯймолашро аз сараш гирифта истода ҷавоб дод Шафоат
-Марги ҳамон никоҳ шавад, на зан буданат аниқу на чизи дигар. Муаллимат сиҳат шуда хезад, хоҳ маъюб бошад, хоҳ сиҳат, рост ба пеши ҳукумат мераваму мегӯям, ки туро зан карда гирифтааст. Ман дигар дар назди мардум шарманда шудан намехоҳам. Фаҳмидӣ? Занаш баргардад ҳам, зани дуюм шуда мегардӣ...
-Оча, ман дар он ҷо будам. Занаш ҳам омада буд...
-Шармандаҳо, ҳам тую ҳам занаш! Вай занаки беақл агар шӯяшро партофта намерафт, мумкин, ки ту ҳам ба никоҳ розӣ намешудӣ. Акнун ду зан дар гирди як маслуқ парвона шуда гардед...
-Ман парвона намешавам. Ман дигар бо ӯ вохӯрдан ҳам намехоҳам...
Аз ин суханони духтараш Ҳасратмоҳ бештар ба ғазаб омада, мушташро кулӯла кард, то, ки ба пешонааш фарорад, вале азбаски дар умраш ба сари ӯ мушт набардошта буд, худро дубора қафо кашид ва дасташро поин андохта бо зарда пурсид:
-Аз куҷо пайдо шудани тифли шикаматро ба мардум чӣ хел мефаҳмонӣ? Мегӯӣ, ки мисли Бибӣ Марям ӯро ба ту Худо додаасту аз чӣ хел пайдо шуданаш бехабарӣ?!
Бо шунидани ин суханони модараш дар гирди лабони Шафоат табассум пайдо шуд. Ба ёд овард, ки чӣ тавр муаллими Муртазо дар бораи пайдоиши ҳазрати Исо дар батни модараш қисса карда буд. Он ҳазрат бе падар пайдо шуда будааст. Аҷиб, модараш инро аз куҷо медониста бошад? Ҳасратмоҳ гӯё саволи дар майнаи духтараш пайдошударо аз нигоҳаш хонда бошад, оҳи сарде кашида гуфт:
-Падарат мегуфт, ки ҳамин гуна як ривоят дар Қуръон ҳаст, ки Худованд дар шиками Марями пок ҳазрати Исоро бе падар ҷон ато намудааст, аммо ту Бибимарям нестӣ, бача ё духтари дар шикамат буда ҳам ҳазрати Исо нест. Ӯ бояд падар дошта бошад...
Шафоат, ки хаёлаш ба қиссаҳои муаллим аснои ба экскурсияҳо рафтан банд буд, суханони охирини модарашро нашунида пурсид:
-Киро мегӯӣ, оча?
-Киро мешуд, ҳамон туҳфаи ба ману падарат мекардаи туро-дия!
-Охир ман дар шикамам чизе надорам...
Аз суханони охирини Шафоат Ҳасратмоҳ як қад парида дубора пурсид:
-Чӣ гуфтӣ? Боз як бор такрор кун?...
-Мегӯям, ки дар шиками ман чизе нест. Ман ҳомиладор нестам...
Ҳасратмоҳ намедонист ба ин гап бовар кунад ё не. Ӯ ба духтараш наздик шуда, мисли он ки ӯро ба оғӯш мегирифта бошад, бо дастони шахшӯлаш аз болои курта шиками Шафоатро палмосидан гирифт.
-Ту чӣ кор карда истодаӣ оча? Гуфтам-ку, ман дар шикамам бача- мача надорам...
-Онро чӣ кор кардӣ? Бо роҳи зӯрӣ ғалтондӣ? Кай?
Шафоат дасти модарашро аз рӯйи шикамаш дур кардаистода, дар болои суфаи айвон нишаст ва сари Алопарро, ки бо тумшуқаш пойҳои ӯро бӯй мекашид, дастмолкунон гуфт:
-Оча, ман ҳомиладор набудам, ин гапро танҳо барои тарсонидани тую Муртазо бофтам, то ки ба никоҳ розӣ шавед. Ба мақсадам расидам, аммо…
Ҳасратмоҳ, ки аз ин суханони шунидааш ба ҳолати нимбеҳушӣ афтода буд, андаке ба худ омада пурсид:
-Ту рост мегӯӣ? Дар шикамат бача надорӣ? Пас, ин мазҳака барои чӣ лозим буд?
Шафоат бо нӯги туфлиаш ба рӯйи хок хат кашидаистода, бо овози паст гуфт:
-Оча, агар ҳамин хел намегуфтам, Муртазо ҳеҷ гоҳ маро ҳамчун зан қабул намекард. Он вақт ман ӯро сахт дӯст медоштам...
-Ҳоло чӣ? Аллакай дилат хунук шуд? Ҷавоб деҳ , духтари булҳавас! Ҳамон вақт дилакат мард хосту...а... барои ба дом андохтани мардаки бечора чунин дурӯғ гуфтӣ?
Аз ин суханони заҳрогини модар дили Шафоат ба ларза даромад ва ғазабашро ба сари Алопари бечора, ки дар зери офтоби баҳорӣ, дар пеши пои Шафоат сарашро болои дастонаш гузошта мехобид, фурӯ рехта, бо пояш ҷонвари бегуноҳро як лагад зад. Саг, ки чунин зарбаро аз соҳиби дӯстдоштааш интизор набуд, нолакунон ба як тараф гурехт. Алопар ангосзанон гӯё аз Шафоат мепурсид: “Ман чӣ гуноҳ кардам?”
-Ҳайвони бечора чӣ гуноҳ дорад? Ман гапи ростро гуфта истодаам, агар дар вақташ иқрор мешудӣ, ки дар шикамат бача надорӣ, шояд ин корро ислоҳ кардан мумкин буд ва он бечора ҳам худро ба ҷарӣ намеандохту модараш ҳам зинда мемонд...
-Не, модари ӯ зинда намемонд. Инро духтур гуфт ва ман бо гӯшҳои худам шунидам. Кампир касалии дил дошта, маргаш наздик будааст...
-Духтур Худо нест, ки чӣ қадар умр дидани одамро донад. Мумкин вай андаке дертар мемурд ва роҳати бачаю келинашро медид, аммо ту мисли балои ногаҳонӣ якбора пайдо шуда, ба сари онҳо ин қадар мусибат овардӣ. Дурӯғ гуфта, мардакро аз зану бачааш ҷудо кардӣ. Ҳамон занаки хуб, зани Муртазоро хонавайрон кардию очаашу хушдоманашро сарсон карда ба ин ҷо овардӣ ва гирён кардӣ..
-Вай очаи ӯ нест...
-Чӣ хел? Магар хушдомани Муртазо очаи Садоқат намешавад?
-Не, инро ман бо ду гӯши худам шунидам. Ӯ ба духтур ҳасрат кард, ки гӯё падару модараш ӯро аз куҷое гирифта калон кардаанд ва инро танҳо ҳамин шабу рӯз фаҳмидааст...
-Кӣ ҳасрат кард? Садоқат?
-Бале, вай васиятномаи падарашро ёфтааст, ки дар он дар ин бора навишта шуда будааст...
-Ту инро аз куҷо фаҳмидӣ? Худаш ба ту гуфт?
-Оча, ту маро масхара мекунӣ? Магар Садоқат ба ман апа мешавад, ки дарди дилашро мегӯяд? Ҳамин хел тасодуф афтод, ки ман инро аз пинҳонгоҳам шунидам.
-Аз пинҳонгоҳат боз чӣ гапҳо шунидӣ?-Б о зарда пурсид Ҳасратмоҳ.
-Тамасхур накун оча, ман аз он ҷо бисёр чизҳоро шунидам. Шунидам, ки Муртазо ҳаргиз маро дӯст намедоштааст. Шунидам, ки зани Муртазо аз тарафҳои худамон будаасту... дар овони тифлӣ ба дасти модари ҳозирааш афтодааст...
Суханони охирини Шафоат андешаи Ҳасратмоҳро ба куҷое бурд ва ӯ дигар ба духтараш эътибор надода, бо ҳуши парешон дари хонаро боз намуду калавида- калавида ба хона даромад ва аз пасаш дарро тараққосзанон пӯшид. Шафоат бо як вазнинии ба ӯ хос набуда аз ҷояш бархоста ба тарафи Алопари ранҷида, ки дар як гӯшаи ҳавлӣ мехобид, равон шуд, аммо саг баробари наздик шудани ӯ аз ҷояш хеста аз дарвоза берун баромад...
(Давом дорад)