arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 69)
25.03.2020
А. ҲОҶӢ
2835

 

(Давомаш)

Ҳасратмоҳ ба хонааш расида ба рӯйи пешайвон баромад ва ба девор такя зада, оҳи бадарде кашид. “Аз аввали дунё бахтам омад накард. Шавҳарам доим дар сафар буд. Беҳуда номашро Сафар наниҳода будаанд. Аввалҳо аз паси молу ҳоли колхоз мегашт, баъд ба сафарҳои хориҷӣ мерафтагӣ шуд. Барои ду сум пул кор кардан як умр аз зану фарзанд ҷудо. Ақаллан ҳамон духтараки гумшудаам мешуд, шояд ин қадар азоб намекашидам. Духтаракам тақрибан ҳамсоли зани ҳамин муаллим буд, агар мешуд, шояд имрӯз фарзандаш баробари писари муаллим мебуд. Хайр, чӣ кунам, Худо нахост ва ӯ гум шуд, чунон гум шуд, ки на паяшу на ҳайдараш маълум нест. Пас аз ором шудани ҷангҳо падараш борҳо ба шаҳр рафта ӯро ҷуст, аммо бенатиҷа... Ҳамшираи шафқате, ки ӯро парпеч карда ба ҳуҷраи дигар бурда буд ва аз он ҷо кӯдак гум шуд, кайҳо ба ватанаш кӯчида рафтааст. Мардакам аз кӣ пурсидану ба кӣ муроҷиат карданашро надониста бо ду дасти холӣ баргашт. Давоми шаш моҳ аз синаҳоям шир мерехт, аммо кӯдакам набуд, ки онро макад. Тақдир ҳамин будааст, чӣ илоҷ... Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ин Шафоат ба сарам чӣ балоҳоеро, ки наовард... Шукри Худо, ҳастанд ҳамсояю хешу табор, аммо аз они худат бошад дигар будааст...”. Ҳасратмоҳ ғарқи андешаҳо чӣ тавр аз мехаш канда кардани гӯсоларо надид ва гӯсолаи ширмак чорхеззанон ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Баробари дидани ин ҳол Ҳасратмоҳ давида аз ҷояш хесту аз пайи доштани гӯсола шуд, вале пояш ба санге бархӯрда, пару афтид. Вай гӯсоларо дашном дода аз ҷояш хестанӣ шуд, аммо пояш қувват накард ва дубора ба замин афтида, нола кард: ”Дар мотами соҳибат равӣ... Кошкӣ мемурдӣ, ки аз ту халос мешудам. Ман ин қадар ширу ҷурғотро чӣ кор мекунам? Барои кӣ ҷон меканам? Барои ҳамин Шафоате, ки якумра шармандаам карду Худо медонад, ки боз чӣ кор мекунад? Куҷо бошад он сархӯр, ки биёяду ин гӯсолаи зормондаи бешохбандро саришта кунад? Ҳоло ҳам ба умеди ҳамон муаллим мегардад? Имрӯз модарашро ба хок месупоранд, аҳволи худаш ҳам он қадар хуб нест мегӯянд. Сиҳат шавад ҳам ними одам мешавад. Акнун ин духтари беақл бо бачаи шикамаш чӣ кор мекунад? Худоҷон, ягон роҳи рӯшанро нишон деҳ, ки аз ғаму алам мемурам...”. Ҳасратмоҳ пои латхӯрдаашро молиш додаистода, бо азоб аз ҷояш бархост ва лангида-лангида ба суфаи зери айвон нишаст. Гӯсола ба хӯрдани алафҳои зери долон машғул шуда, дигар парвои аз пасаш омадани соҳибашро намекард, гӯё медонист, ки Ҳасратмоҳ дигар ӯро ба чанг дароварда наметавонад...

***

Шафоат аз дари бемористон баромада, ба истгоҳи мошинҳое, ки ба сӯи Сафеддорон мерафтанд, равон шуд. Вай кӯшиш мекард, ки бо ягон ҳамдеҳааш рӯ ба рӯ нашавад. Ба истгоҳ расида дид, ки як мошин аллакай аз одам пур шуда ба роҳ баромаданист. Аввал хост ба он савор нашавад, зеро ҳамаи мусофирон ӯро мешинохтанд ва дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ гуфта пурсиданашон мумкин буд, вале баъд аз раъяш гашт, зеро мошини оянда қариби бегоҳ ба тарафи деҳаи онҳо мерафт. “Ҳарчи бодо бод” гӯён, ба мошин савор шуд ва аз байни мусофирон гузашта ба нишастгоҳи қафо наздиктар омад. Як ҷавон аз ҷояш хеста ба ӯ дар паҳлуи зане ҷой дод. Шафоат нишастан замон ба ҳампаҳлӯяш нигариста, зани мулло Тоҳирро дид, ки бо ҳайрат ба вай менигарист. Холадухтари модараш теғ кашида ба ӯ нигаристу пурсид:

-Ҳамон саҳар омадагиат дигар нарафтаӣ? Дар ин ҷо чӣ кор мекардӣ? Духтари калон барои чӣ беҳуда дар кӯчаҳо мегардӣ? Шукр кун, ки аз қиссаи тую муаллим мардум алҳол хабар надоранд. Ман бо даҳони баста гаштаам, ба мулло ҳам гуфтам, ки агар ин гапро аз даҳонаш барорад, дигар бо ӯ зиндагӣ намекунам, беҳтараш талоқи маро диҳад. Номуси авлод барои ман аз ҳама чиз боло меистад,- шавҳарашро дар назар дошта гуфт хешдухтарашон.

Шафоат, ки аз ин вохӯрии ногаҳонӣ моту мабҳут гашта буд, ёрои ҷавоб гуфтанро надошт ва фақат бо аломати тасдиқ сар меҷунбонд. Зани мулло бо овози паст суханашро давом дод:

-Кӣ медонист, ки ин хел мешавад. Вай муаллимат ҳам бачаи беҷуръат будааст, наход барои ҳамин қадар кор шуда худатро ба ҷарӣ андозӣ? Мана модари бечорааш дилкаф шуда мурд. Мегӯянд, ки занаш ҳам ба ин ҷо омада будааст, лекин ман ӯро надидам... Ҳоло чандвақта шуд?

-Чӣ чандвақта шуд?-Ба маънии савол сарфаҳм нарафт духтар.

-Чӣ мешуд, бачаи дар шикамат будагӣ-дия!

-Аааа, намедонам се-чормоҳа будагист,-ба ёди Шафоат расид, ки ӯ дар назди муллою занаш ва модарашу Муртазо ҳомиладор аст.

-Калон шуда истодааст охир?

Шафоат худро нороҳат эҳсос карда, гапро ба дигар тараф тоб дод:

-Эҳ, барои чӣ зиндагӣ ин хел аст? Чаро одам чизеро, ки дилаш мехоҳад, ҳамонро нею чизеро, ки намехоҳад, ҳамонро соҳиб мешавад? -Ту худатро дар назар дорӣ? Гуфтании, ки мабодо шавҳарат мурда монад, чӣ кор мекунӣ? Натарс, вай намемурад, вале маъюби якумра шуданаш мумкин. Худат худатро ба чунин бало гирифтор кардӣ, акнун маҷбурӣ, ки ба тақдир тан диҳӣ...Хайр, Худо худаш амон диҳад, маъюб ҳам шавад, дар сари фарзандат падар бошад, шуд-дия...

Шафоат пас аз чунин “тасаллӣ” дигар бо зани мулло суҳбат кардан нахоста, гӯш ба суханони мардуми дохили мошин дод.

-Мегӯянд, ки ҳамин муаллими нав номи мактабро дар ноҳия бароварда, бачаҳоро оварда мардуми ин ҷоро қоил кардааст?-Саволомез пурсид як марди зиёинамо аз ҳампаҳлӯяш.

-Рост, ин мардак духтарони моро ба консерт оварду ҷазояшро дид,-хулосабарорӣ кард марди муллобашарае, ки ришаш тор-тор буду дар сар тоқии сафеди муллоёна дошт,-Худо даст надорад, ки занад, ана бо ҳамин роҳҳо одамро ҷазо медиҳад...

-Раҳимбой, ин хел нагӯед, муаллим вазифаашро иҷро карда, номи деҳаи моро дар байни дигар деҳаҳо баланд кард. Нишон дод, ки мо ҳам аз уҳдаи сурудхонию рақс мебароем ва мисли шумо танҳо гӯшаи масҷидро иҷора намегирем, охир “гоҳ Худою Расул, гоҳ нағмаю усул” гуфтаанд. Аз қадим мардуми мо дар меҳмонхонаҳо базми шодӣ мекарданд, вале имрӯз муллоҳои навбаромад ин чизҳоро манъ карда истодаанд. Худое накарда, зимоми давлат ба дасти шумобаринҳо меафтид, корамон танҳо гиряву нола мешуд. Ман ягон мактаби олиро нахондаам, аммо нисфи умрам дар муҳоҷират гузашта, одаму оламро дидам. Ба фикрам муаллим кори дуруст кард, ки чашми бачаҳои моро кушод. Аз ин пеш кадом муаллими мактаби деҳа ҷуръат карда онҳоро ба ягон фестивалу чорабинӣ мебурд? Ин мардак бурд, вале тақдираш ҳамин будааст, ки ба ҷарӣ афтид,-сухани худро бо афсӯсу надомат ба охир расонд марди зиёинамо.

Баҳси тарафдорону муқобилони ҳарду ҷониб то даромадгоҳи Сафеддорон идома ёфт. Шафоат хомӯшона ба мубоҳисаи ҳамдеҳагонаш гӯш андохта худ ба худ фикр мекард: “Муртазо ба ҷарӣ афтид, аммо ба ҷарии ман ва акнун ман бояд ӯро аз қаъри ин ҷарӣ бароварда раҳо кунам…”

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД