(Давомаш)
Шафоат нӯг-нӯги по ба назди кати баланде, ки Муртазо аллакай рӯзи дуюм он ҷо мехобид, омад. Ба чеҳраи сиёҳу кабудгаштаи Муртазо нигариста дили духтарро воҳима фаро гирифт.”Наход мурад? Он гоҳ ҳол мо чӣ мешавад?” Ғайриихтиёр ӯ акнун танҳо дар бораи худаш не, балки дар бораи ҳамаи онҳое, ки ба ин моҷаро кашида шуда буданд, фикр мекард. “Чаро ӯ номи писарашро гирифта чашм кушод? Шояд дар ин дунё барояш азизтарин инсон ҳамон писараш аст? Аниқ, ки ҳамин тавр аст...” Шафоат чанд лаҳза ба рӯйи Муртазо нигариста, баъд овоз баровард:
-Муртазо...
Бемор чашмонашро накушод. Духтар даҳонашро ба гӯши Муртазо наздиктар оварда гуфт:
-Муртазо, чашматро кушо, ин ман, Шафоат...
Пилки чашмони бемор андаке ҷунбиданд ва ӯ чашм накушода лаб ҷунбонд:
-Ҳа, фаҳмидам, ки Шафоатӣ, чӣ мехоҳӣ?
Аз ногаҳон чашмашро накушода овоз баровардани Муртазо духтар як қад парида, сарашро ба қафо кашид, вале зуд худро ба даст гирифта гуфт:
-Мехоҳам, ки ҳарчи зудтар сиҳат шавӣ...
-Дигар сиҳат шуданам дар гумон аст, хезам ҳам, маъюб мемонам. Маслуқ ба кӣ даркор? Ту ҳам дигар аз паи ману бемории ман нашав. Ту духтари ҷавон ҳастӣ,-бо овози ларзон, канда-канда гуфт Муртазо. Шафоат, ки аз ин суханони Муртазо сахт ба шигифт омада буд, худро дошта натавониста гуфт:
-Чӣ гуфта истодаӣ? Ман мефаҳмам, барои занат шуда ин тавр мегӯӣ. Мехоҳӣ бо ҳамин роҳ аз ман халос шуда, боз ба назди Садоқатат баргардӣ...
-Илтимос, маро азоб надеҳ, вай маро дигар ҳаргиз қабул намекунад. Ту ҳам намехоҳӣ шавҳари маслуқ дошта бошӣ. Беҳтараш мемурдам ва ...
-… ва аз ман халос мешудӣ. Ин орзуятро як тараф мон, ба замин дароӣ, аз гӯшат, ба осмон бароӣ, аз поят мекашам.
-Агар зинда монам...
-Ту ҷонсахтӣ, Худо хоҳад, сиҳат мешавӣ...Ҷонсахт намебудӣ, аз Ҷари Калон афтода зинда намемондӣ...
Ин дам аз дар асбобҳои доругузаронӣ дар даст ҳамшираи шафқат Маҳина даромад, ки пас аз баромадани Садоқату доктор Салим аз ҳуҷра баромада буд. Ӯ баробари дидани одами бегона дар ҳуҷраи эҳёгарӣ, дар болои сари бемор якбора дар ҷояш шах шуда монд ва баъди лаҳзае худро ба даст гирифта бо ҳайрат пурсид:
-Ту кистӣ, дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Ба ин ҳуҷра даромадани одамони бегона манъ аст...
Муртазо, ки андаке ба ҳуш омада буд ва суханҳои алоҳидаро фарқ мекард, зери лаб гуфт:
-Ӯ Азроил аст ва барои гирифтани ҷони ман омадааст...
Ин суханони ӯро Маҳина нашунид ва фақат дид, ки лабони бемор ҳаракат карда истодаанд.
-Зуд аз ин ҷо баро, ки ҳоло духтур омада маро аз кор пеш мекунад. Чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ?
-Ман...ман... роҳгум задам...
-Зуд аз ин ҷо баро духтарак, беморхона, хусусан шуъбаи эҳё ҷои ҳар кас нест. Ту ба назди кадом бемор омадӣ?
Шафоат дигар ба ягон саволи Маҳина ҷавоб надода, аз паҳлуи ӯ гузашта ба берун баромад. Дар рӯйи ҳавлӣ мошинҳое, ки бояд мурдаи Ҷамиларо мебурданд, як-як аз ҳавлии бемористон баромада, ба тарафи шаҳр равон мешуданд...
(Давом дорад)