(Давомаш)
Баробари даъвати доктор Салим аз дар духтараки пуррапайкар-ҳамшираи шафқат Маҳина даромада, дар даст сӯзандору ба тарафи кати бемор равон шуд, вале доктор бо ишораи даст ӯро боздошта, худаш ба сари бемор ҳозир шуд. Вай пилки чашмони Муртазоро бо ангуштонаш боз намуда, андаке ба он зеҳн монд, баъд ба тарафи Маҳина баргашта гуфт:
-Ба ҳуш омада истодааст, вале беҳтар мебуд, ки беҳуш мемонд, чунки дар ҳолати беҳушӣ дардро он қадар эҳсос намекунад. Андаке сабр кун, баъд ана ин доруро гузарон,-доктор аз байни бастаи доруҳо як ампуларо ҷудо карда ба Маҳина дароз кард.
Садоқат, ки бо диққат ба ҳар як ҳаракати духтур ва ҳамшираи шафқат назорат мекард, гуфт:
-Духтур, чӣ доруе, ки даркор бошад, гӯед, ман ба Фирӯз мегӯям, зуд ёфта меорад...
-Алҳол доруҳои худамон басанда аст, лозим шавад, мегӯем. Ҳоло ягона дору барои ин ҷавонмард оромӣ ва муқобилияти организми ҷавон ба дарди тоқатфарсо аст. Шаш ҷои устухонҳояш шикастааст, ростӣ ман ҳайронам, ки чӣ тавр бо ин қадар захмҳои вазнин ӯ зинда мондааст.
-Муртазо дар зиндагӣ ҳам бисёр марди батоқат буд, ман ҳайронам, ки чӣ гуна ба доми як духтари наврас афтид,-бо ҳасрат ба забон овард Садоқат.
Бо шунидани ин суханон дар паси парда авзои Шафоат беҷо шуда, хост дод занад, ки эй занак, ман ҳам ӯро дӯст медорам, Муртазо ба доми ман не, ба доми ишқ афтодааст, аммо ин дам коре шуд, ки ҳаргиз на Садоқат ва на Шафоат онро интизор набуданд. Пилки чашмони варамидаи Муртазо якбора каме боз шуданд ва ӯ нимбеҳуш садо баровард:
-Иқбол...
Баъд аз таваллуди писарчааш Муртазо ба занаш мисли аксари тоҷикон ҳамин тавр номи фарзандашро гирифта муроҷиат мекард. Ҳоло маълум набуд, ки ӯ бо гирифтани ин ном писарашро даъват мекунад ва ё занашро. Аз рӯйи одат Садоқат хост “Лаббай дадаҷонаш” гуфта, ба тарафи кати ӯ равад, аммо аз ҷояш каме ҷумбида бошад ҳам, қадаме ба пеш нагузошт. Доктор дудилагии Садоқатро пай бурда, бо аломати “ба назадаш рав...” сар ҷунбонд. Садоқат беҷуръатона ба сӯйи кати Муртазо қадам гузошт. Дили Шафоат дар пинҳонгоҳаш сахт-сахт тапида, ба кафидан наздик мешуд. Садоқат қадамҳояшро базӯр-базӯр бардошта, гӯё ба пояш санг баста бошанд, дили нохоҳам ба тарафи Муртазо равон шуд. Вақте ки ӯ ба сари болини шавҳараш расид, дилаш якбора таҳ кашида рафт. Сару рӯйи Муртазо варам карда, атрофи чашмонаш сип-сиёҳ буданд. Дар чанд ҷои пешониаш хун шах шуда монда буд. Наход ин ҳамон Муртазо бошад? Наход ин марди сару рӯяш сиёҳу кабуд ҳамон шавҳари дӯстдоштааш бошад, ки замоне бо ишқу муҳаббат ба ӯ хонадор шуда буд? Шояд ба ҷои қаҳр карда ба шаҳр рафтан дар он ҷо мемонду мисли дигар занҳо аз гиребони он духтари бероҳа гирифта, шавҳарашро аз чанги ӯ халос мекард, беҳтар буд? Шояд он вақт на модари Муртазо мемурду на худаш ба ин ҳол меафтид? Афсӯс, ғурури аз ҳад зиёд имкон надод, ки Садоқат ин корро кунад ва оқибат мардаки бечора ба ин ҳол расид. Дар қалби Садоқат ким-кадом як ҳиссиёти аҷибе ба ҳаракат даромад ва ҷавонзан ба сари шавҳараш хам шуда пичиррос зад:
-Муртазо...
Пилки чашмони Муртазо андаке боз шуданд. Симои Садоқатро дар пеши назари худ дида, вай лабони парсинбастаашро бо забонаш тар карда чизе гуфтанӣ шуд, вале натавонист. Садоқат пахтаи дар болои тумбочка гузошташударо ба даст гирифт ва Маҳинае, ки то ин дам дар даромадгоҳ доруи духтур ба ӯ дода дар дасташ рост меистод, ба вай наздик шуда, шишачаи маҳлулдореро ба Садоқат дароз намуд. Ҷавонзан пахтаро бо он маҳлул тар карда, лабони Муртазоро бо он тоза кард. Муртазо бори дигар андаке ҷунбида чашмонашро нимабоз намуд ва канда -канда гуфт:
-Маро...маро...бубахш Садоқат. Ман лоиқи ту нестам… Иқболамонро эҳтиёт кун...
Садоқат ҳарчанд кӯшиш мекард, ки заррае ба ин мард ҳисси меҳру муҳаббат ва ё дилсӯзӣ нишон надиҳад, аммо наметавонист, зеро селоби ашки чашмонаш мисли он, ки шабнам субҳгоҳон аз рӯйи себарга лағжида ба замин меафтад, ба рӯяш шорида имкони гап задан намедод. Ӯ бесадо гиря мекард, ҳам барои худаш, ҳам барои Муртазо ва ҳам барои хушдоманаш Ҷамила, ки ӯро мисли модар дӯст медошт... Гиряи бесадои Садоқат дили доктори мӯйсафед Салимро ҳам ба риққат овард ва ӯ ба зан наздик шуда, мисли он, ки падар духтарашро насиҳат карда истода бошад, бо овози ларзон гуфт:
-Духтарам, ҳам худат ва ҳам шавҳаратро бо гиряат зиқ накун, ҳоло ӯ дар пеш кори бисёре дорад. Чанд ҷояшро бояд шикастабандӣ кунем. Ана баъд омада бо ӯ суҳбат мекунӣ...
-Садоқат,-бо овози ларзон садо баровард Муртазо,-ман лоиқи ту нестам, аммо модарамро хабар гирифта ист, вай туро дӯст медорад...
Бо шунидани ин суханони Муртазо доктор ва Садоқат ба ҳамдигар нигоҳ карда монданд. Шафоат дар паси парда ба ин манзара бо қалби пурхун нигоҳ мекард ва мисли он ки сурати беҷон бошад, чӣ кор карданашро намедонист. Садоқат ба доктор Салим нигариста гуфт:
-Духтурҷон, ба ӯ дурустакак нигоҳ кунед, ҳарчанд дигар шавҳарам набошад ҳам, ман аз вай фарзанд дорам...Хайрият, ки Иқбол ҳамроҳи тағояш аст ва падарашро дар ин ҳол намебинад, вагарна намедонам ҳолаш чӣ мешуд. Бе ин ҳам марги модаркалонаш ба писарам таъсири бад мерасонад…
Онҳо аз дари палатаи эҳёгарӣ берун шуданд, Маҳина низ аз пасашон баромад. Дар дохили палата ба ҷуз садои нафаскашии бемор дигар чизе шунида намешуд. Шафоат оҳиста аз пинҳонгоҳи худ, аз паси пардаи кунҷи палата берун шуд.
(Давом дорад)