arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 65)
21.03.2020
А. ҲОҶӢ
2498

 

(Давомаш)

-Бале, он духтар ҳам толибааш буду ҳам ҳамсояи мо ва бо ҳар баҳона ба хонаамон меомад. Ман аз куҷо донам, ки байни ваю шавҳарам ин хел нағмаҳо будааст, вагарна ӯро ба остонаи дарам наздик шудан намемондам. Дар назари аввал духтари боодоб ва тарбиятдида менамуд...

-Хайр, шумо зиқ нашавед духтарам. Ҳоло аз паси гӯру чӯби хушдоманатон шавед. Худо ба шавҳаратон шифо диҳаду ба по хезад, ақлаш медаромадагист... Модари вай ку ба шумо бадӣ накардааст...

-Не, модари Муртазо ба ман ҳам модар барин буд. Ин зани бечораро ҳам ҳамин кори писараш кушт. Аз Худо талаб мекунам, ки сиҳат шуда хезад, вале дигар ҳаргиз ба рӯяш нигоҳ намекунам. Иқболҷон агар ӯро падар гуфта суроғ кунад, садди роҳаш намешавам, аммо худи ман аз дидораш безорам... Маро мебахшед духтурҷон, ки ин гапҳоро ба шумо гуфта, вақтатонро гирифтам. Худам не, аламам гап мезанад. Канӣ он духтар ҳоло ҳамин ҷо бошаду ман ба ӯ нишон диҳам, ки рафтори сабукпоёнааш ба чӣ оварда расонд...

Бо шунидани ин суханони Садоқат бадани Шафоатро ларза гирифт. Қариб буд гӯшаи пардае, ки дар паси он пинҳон шуда буд, аз дасташ раҳо шуда, пайкари ӯ аз паси он намоён шавад. Вай базӯр лаб зери дандон гирифта ба идомаи суханони Садоқат гӯш дод.

-Рости гап, ман ҳоло дар як ҳолати бад қарор дорам, ки аз ин мусибат ҳам бароям бадтар аст. Намедонам ба шумо гӯям ё нагӯям, зеро дар ин дунё дигар касе, ки дарди дили маро гӯш кунад, намондааст. Ба ҷуз ҳамин модарҷонам,-ба тарафи дар, ки дар он ҷо Холбибӣ меистод, ишора намуд Садоқат, -аммо модарам ҳам қудрати бардоштани ин қадар ғурбатро надоранд... Шумо дар назарам мисли падарам намуда истодаед, барои ҳамин ба шумо мегӯям…. агар нагӯям, мекафам...

Садоқат ба тарафи Холбибӣ нигариста гуфт:

-Очаҷон, шумо як муддат маро бо духтур танҳо гузоред, ман аз ин кас як чизро пурсам, баъд рафта аз паи гӯронидани холаам мешавем (Садоқат аз рӯзҳои аввали ба хонаи Муртазо қадам гузоштанаш хушдоманашро бо меҳр “хола” мегуфт).

Холбибӣ нею нестон накарда, бо нӯги рӯймолаш ашки чашмонашро поккунон аз дар баромад ва ба сӯйи баромадгоҳ, ки он ҷо ҷавонон бо кӯмаки бародарони шафқат ҷасади Ҷамиларо ба мошин бор мекарданд, равон шуд. ..

-Канӣ духтарам, акнун бигӯй, ки чӣ дард дорӣ,-ба паси мизи дар як гӯшаи палатаи эҳёгарӣ гузошташуда гузашт доктор Салим ва ба Садоқат дар курсии назди он гузошташуда ҷой нишон дод.

Садоқат ба ҷои нишондодаи духтур нишаст ва оҳи бадарде кашида ба сухан оғоз намуд. Дар пинҳонгоҳи худ Шафоат низ гӯшу ҳуш шуд, ки зани Муртазо чӣ дарди пинҳоние дошта бошад, ки онро танҳо ба ҳамин духтури мӯйсафед бовар мекунад…

-Духтур, шумо занеро, ки ҳоло аз дар баромад, дидед. Ман боварӣ доштам, ки вай модарам аст, аммо ду рӯз пеш фаҳмидам, ки ӯ модари ҳақиқии ман набуда, маро аз замони кӯдакиам калон карда будааст…

-Инро ба ту кӣ гуфт?-Пас аз оне ки Садоқат дарди дилашро ба ӯ бовар карда гуфт, духтур бо ӯ “ту” гуён муроҷиат намуд.

-Касе нагуфтааст, ҳодисае шуд, ки ман аз ин асрор хабардор шудам. Аз байни коғазҳои куҳна васиятномаи падари раҳматиамро ёфтам. Аниқтараш, падархондамро... Дар он гуфта шудааст, ки дар вақти таваллуд шудани ман дар шаҳр байни гурӯҳҳои силоҳбадаст ҷанг мерафтааст ва падарам мани бесоҳибмондаро аз ким кадом таваллудхона ёфта ба хона овардааст. Ман дар 23-соли умрам ягон бор фикр накарда будам, ки фарзанди онҳо нестам, шояд аз ҳамин сабаб пас аз он ки ҳақиқатро фаҳмидам, ҳеҷ ба худ намеоям. Ду рӯз боз мисли мӯйи дар оташ афтида печутоб хӯрда чӣ кор карданамро намедонам…  

-Шояд ин ҷо иштибоҳе рафта бошад, мазмуни он васиятнома чизи дигар будагист ё он сохтаю бофта аст…. Агар ту духтари падару модарат намешудӣ, онҳо кайҳо ин гапро ба ту мегуфтанд. Мабодо ту он васиятномаро ғалат нафаҳмида бошӣ?

-Не, духтурҷон, ана он васиятнома,-инро гуфта Садоқат аз сумкачаи дар дасташ буда коғази зардшудаеро бароварда, ба доктор Салим дароз кард ва духтур онро кушода ба хондани он оғоз намуд...

Бо шунидани ин суханони Садоқат қалби Шафоати дар паси парда пинҳоншуда сахт-сахт ба таппиш даромада, аз дил мегузаронд: «Маълум мешавад, ки зани Муртазо духтари ин зан набудааст ва аслу насабаш ҳам маълум нест. Хуб, канӣ бубинем минбаъд чӣ мешавад...” Баногоҳ мисли он, ки ӯро барқи баландшиддат зада бошад, тамоми вуҷуди Шафоат ларзида рафт, зеро ба ёдаш апаи гумшудааш расид, ки падару модараш ӯро дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳр гум карда буданд. “Наход, Садоқат ҳамон апаи гумшудаи ман бошад?!” Ба бадани духтар рашъа дамид, вале ӯ тамоми қувваташро ҷамъ карда худро ба даст гирифт, то фаҳмад, ки дар он коғаз чӣ навишта шудааст.

-Агар ба ин коғаз бовар кунем, падару модари аслии ту аз ҳамин минтақаҳои мо будаанд, лекин ман ба ин чандон бовар надорам, зеро мардуми ноҳияи мо пештар ҳам дар таваллудхонаи худамон таваллуд мекарданд,-гуфт нобоварона духтур баъди хондани васиятнома.

-Он вақт ҷанг будааст, мумкин бо ягон сабабе модарам ба шаҳр рафта дар ҳамон ҷо таваллуд карда бошад...

-Инашро танҳо модарат ба ту гуфта метавонад. Модари ҳозираат. Аслан ту ба ин чиз бовар накун. Танҳо модарат ҳақи гапро гуфта метавонаду халос... Барои як пора коғаз шуда худатро азоб надеҳ. Модар ҳамонест, ки туро ба воя расонидааст, вагарна ҳамаи ҳайвонҳо ҳам таваллуд мекунанд. Барои ин зиқ нашав духтарам,-инро гуфта доктор ба тарафи кати баланди шуъбаи эҳёгарӣ назар кард ва дид, ки аз зери рӯйпӯши сафед даст ё пои Муртазо ба ҳаракат даромада, андаке ҷунбид. Доктор саросема аз ҷояш хеста ба тарафи кат рафт ва ҳамшираи шафқатро, ки шояд дар берун буд, даъват кардаистода, овоз баровард:

-Маҳина, зуд ба ин ҷо биё...

(Давомашро фардо соати 21 интизор шавед)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД