arzon replenishment
Истаравшан: Абдуваҳоб Достонро табаршап кард
2590

Дар Вилояти Суғд боз як ҳодисаи хунин ба вуқуъ пайвастааст. Моҷарои лафзии ҳамсояҳо дар шаҳри Истаравшан бо табаршап анҷом ёфта, бар асари ин ҷанҷол як ҷавони 22-сола дар хуни худ оғӯшта гашт...

Расул, яке аз ҳамдеҳагони ҷабрдида дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ сабабҳои сар задани ин моҷарои хунинро шаҳр дода, чунин гуфт:
Марде, ки Достонро табаршап кард, Абдуваҳоб ном дошта, 30-сола аст. Ин ду ҳамсоя дар оғоз бо ҳамдигар ҳазлу шӯхӣ намуда, қофиязанӣ мекунанд. Достон дар омади гап, шӯхӣ ба шӯхӣ Абдуваҳобро дашном медиҳад. Абдуваҳоб ин суханро нисбат ба худ таҳқир ҳисоб карда, сахт ба ғазаб меояд ва Достонро се табар мезанад. Ин ҷавони 22-сола дар як дам дар хуни худ ғарқ гашт ва ҳамсояҳо ӯро ба беморхона бурданд. Айни замон Достон дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан таҳти назорати табибон қарор дорад. Абдуваҳобро кормандони милиса бо дастони баста пешандоз карда бурданд...


Марги фоҷиавии ҷавонмарди регарӣ дар Зарафшон


Ин моҷарои хунин дар ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваста, нисбати гумонбар парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки барои табаршап кардани ҳамсоя Абдуваҳобро чанд сол аз озодӣ маҳрум месозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД