arzon replenishment
Марги фоҷиавии ҷавонмарди регарӣ дар Зарафшон
3646

Мардуми тоҷик мақоли хубе доранд: “Эҳтиёт-ними ҳаёт!” Дар ҳақиқат бе эҳтиётӣ, хоса бе эҳтиётӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ метавонад ба сари инсон фоҷиаву бадбахтиҳои зиёдеро оварда, ҳатто боиси марг бигардад.

Далели равшани ин гуфтаҳо даҳҳо садамаҳои марговари нақлиётӣ мебошанд, ки ҳамарӯза бо сабаби худсарию беэҳтиётии ронандагону пиёдагардон дар шаҳру навоҳии кишварамон ба вуқуъ пайваста, боиси ҳалокати одамони бегуноҳ мегарданд. Иддае аз ронандагон ҳамин ки сари чамбарак нишастанд, худашонро шоҳу табъашонро вазир пиндошта, ончунон бовиқор мошин меронанд, ки мардуми пиёдагард ба назарашон мисли мӯрча менамоянд.


 ТЕНИСБОЗИ БЕ ДАСТ ДУНЁРО БА ҲАЙРАТ ОВАРД


 Ронандаи мошини “Хундай-Солярис» Азизов Фирдавс Шералиевич низ худро шоҳзода мепиндошт, аммо акнун аз карда садҳо бор пушаймон аст. Ин ҷавони 30-сола, ки сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ба қоидаҳои бехатарии роҳ риоя накарда, субҳи рӯзи 27-уми январ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Баҳовиддинов ба самти кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе дар рӯ ба рӯйи бинои Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ “Нури хирад” сокини шаҳри Турсунзода Шукуров Абдуназар Бобораҷабовичро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расид. Таҳқиқот аз рўи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД