Иброҳим Ҳаматои мисрӣ ягона теннисбози бе даст дар ҷаҳон аст...
Иброҳим аз овони кӯдакӣ ба тенисбозӣ шавқу завқи беандоза дошт, аммо дар пайи як ҳодисаи нохуш аз ҳар ду дастонаш маҳрум гашт. Ба ҷойи ӯ каси дигар мебуд, шояд аз зиндагӣ навмед гашта, тамоми орзуву ҳавасҳояшро дар дил гӯр мекард, аммо Иброҳим Ҳаматоӣ ба тақдир тан надода, тамоми қувваю маҳораташро сарф намуд, то ягон усули дигари тенисбозиро омӯзад. Пас аз машқҳои пай дар пайи ҷонкоҳ ӯ тавонист бо даҳон доштани ракетка ва бе даст тенисбозӣ карданро ёд гирад.
Имрӯз ракеткаи теннис дар даҳон ин ҷавон чунон моҳирона тенисбозӣ мекунад, ки ҳатто тенисбозони касбӣ дар ҳайрат мемонанд.
Соли 2014 Иброҳим аз ҷониби Федератсияи ҷаҳонии тенниси рӯйи мизӣ барои иштирок варзидан дар бозии ҷаҳонӣ ба шаҳри Токио и Ҷопон даъват шуда, бо теннисбозони машҳури ҷаҳон қувваозмоӣ намуд.
Зуҳро миллионер шуду Фотима алкаш
Имрӯз аксари одамони дасту пойи солим дошта набудани ҷойи корро баҳона карда, даст ба дуздӣ, талбандагӣ, қаллобӣ ва дигар амалҳои носавоб мезананд, аммо ин марди бе даст тавонистааст дунёро ба ҳайрат биёрад.
“Ман дар синни 10-солагӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш аз ҳарду дастонам маҳрум шудам, аммо меҳру муҳаббати зиёд ба бозии тенниси рӯи мизӣ боис гашт, ки баъд аз 3-соли фоҷиа боз ба ин бозӣ рӯ биорам. Кӯшиш намудам, ки ракеткаи теннисро зери бағал дорам, аммо аз ӯҳдааш баромада натавонистам. Ба тақдир тан надода, қарор додам, ки ракеткаи теннисиро дар даҳонам биқапам”-қисса кардааст Иброҳим.
ФОТИМА МАШРАБОВА ЗАНИ ПРОКУРОР МЕШАВАД?
Дар як сӯҳбати дигараш ин тенисбози бе даст чунин гуфтааст:
“Ман дар зиндагиям аз ду ҷиҳат муваффақам: тенисбозӣ ва оиладорӣ! Занам, ки дӯсти аз ҳама наздик ва маънии зиндагиам гаштааст, аз ҳар як холе, ки ман аз бозии тенис мегирам, курта-курта гӯшт мегирад...” Умедворем, ки ҳаёти ин тенисбози бе даст ба дигарон намунаи ибрат мегардад ва барои ба мақсад расидан аз таҳти дил кор карданро меомӯзанд. Дар дунё ягон коре нест, ки одамизод аз ӯҳдааш баромада натавонад, фақат барои расидан ба қуллаи мақсуд инсон бояд аз таҳти дил кӯшиш карда, ҳамеша дар такопӯ бошад. Тақдири одамӣ дар дасти худи ӯст, пас биёед мисли Иброҳим тақдирсози хеш бошем, на тақдирсӯз!