Ҳукумати Маскав тасмим гирифтааст, ки аз оғози соли 2020 арзиши патентро боз ҳам баландтар бардорад.
Интизор меравад, ки нархи патент аз 5000 рубли русии феълӣ то 5350 рубл боло хоҳад рафт. Қарори мазкур аллакай дар як ҷаласаи хосаи раёсати ҳукумати шаҳри Маскав мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.
Мақсади боло бурдани нархи патентро шаҳрдори Маскав дар коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар пойтахти Русия маънидод менамояд. Сол то сол қиматтар кардани патент дар Русия ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола арзиши ин ҳуҷҷати муҳим, ки бе он муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар ҳатто як рӯз ҳам озодона кору зиндагӣ карда наметавонанд, боло меравад. Соли 2018 арзиши Патент 4500 рубл буд, дар байни ҳамагӣ ду сол нархи он то 5350 рубл қимматттар гашт.
Мавриди ёдоварист, ки қаблан президенти Русия Владимир Путин аз мақомот дархост карда буд, ки раванди гирифтани патентро барои муҳоҷирони меҳнатӣ содатар карда, нархи онро дигар боло набаранд, аммо вақте ки масъалаи пул дар миён аст, гуфтаҳои сарвари давлат ба ёди роҳбарони зинаҳои поёнӣ намерасад.
Русия аз ҳисоби фурӯши патент 57 миллиард рубл даромад гирифтааст ва шаҳрдори Маскав Сергей Собянин далели боло рафтани арзиши патентро ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон нисбат медиҳад.