Sebiston new 2024 october
Дузде, ки такягоҳи камбағалон гашт
4676

Бен Далаҷ Ҳамзаро хатарноктарин хакер дар тамоми дунё эълон кардаанд. Ӯ сервери 217 бонк, аз ҷумла як бонки исроилиро шикаста беш аз 4 миллиард долларро рабудааст.

Хакер нисфи маблағи дуздидаашро ба созмонҳои ғайриҳукуматии Африқо барои кӯмак ба мардуми камбизоат фиристода, нисфи дигарашро ба созмонҳои башардӯстонаи Фаластин интиқол додааст.
Беш 280,000,000 долларро хакер ба ҳисоби ятимхонаю беморхонаҳо ва камбизоатон гузаронидааст.

 


Фарҳод Мақсудов, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви шаҳри Душанбе чанд моҳ боз ба бистари беморӣ меҳкӯб гаштааст. Фарҳодро хатои табибон якумра маъюб гадонд.

Хатои-табибон-Фарҳодро-якумра-маъюб-кард

 


Бен Далаҷро дар тамоми дунё дузду роҳзан эълон карда бошанд ҳам, мардум ӯро” қаҳрамони халқ” номида, дар ҳаққаш дуи нек мекунанд, зеро маблағе, ки хакери хайрхоҳ ба мардуми камбағал хайр кардааст, ҳатто аз буҷҷаи солонаи баъзе мамлакатҳо бештар аст.
Ба замми ин, Бен Далаҷ 8000 веб-сайти вазоратҳои корҳои хориҷии чанд кишвари аврупоиро шикаста, барои гирифтани раводид ба ҷавонони Алҷазоир кӯмак расонидааст. Бен Далаҷ тавонистааст ҳатто сайти ҳукумати Исроилро мусодира карда, аз он ҷо маводи муҳиму махфии Фаластинро ба даст оварад. Пас аз ин ҳамла ҳукуматдорони Исроил хакери алҷазоириро даъват карданд, то бо онҳо ҳамкорӣ карда, барои мустаҳкам кардани системаҳои компютерии Исроил кӯмак расонад, аммо хакер розӣ нашуд.
Интерпол беш аз се сол Бен Далаҷ Ҳамзаро ҷустуҷӯ намуда, билохира хакерро дар Тайланд боздошт намуд.
Суди Амрико ин хакери ҷавонро ба қатл маҳкум кард. Рӯзи ба дор овехтани Бен Далаҷ Ҳамза миллионҳо одамон ҷамъ шуда, ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуданд ва бародарона, бо чашмони пуроб бо ин дузди накӯкор видоъ намуданд. Ҳама бо як овоз мегуфтанд:
-Мо туро то абад фаромуш намекунем!
Шабнам Тоҳирӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД