Рашид! Пеш аз Русия рафтанат домонамро бо чормағзи пуч пур карда гуфта будӣ, ки хостгорҳоям як ҳафта пас ба хонаатон мераванд, дили падару модаратро пешакӣ ёб, то ба онҳо ҷавоби рад надиҳанд.”
Мани сода ба гапҳои ту бовар карда, ба падарам ошкоро гуфтам, ки ман наӯздида дорам, вале аз байн се сол гузашту аз хостгорҳои ту то ҳол дарак нест. Борҳо модаратро дар назди хонаамон дидам, вале сари қадам аз дарвозаамон даромада, дулу нияти хостгорӣ доштанашро нагуфт. Як рӯз аз хоҳарат туро пурсидам, лабашр бурма карда “Ту ба акаи ман чӣ кор дорӣ ?!” гуфт. Аз шарм замин накафид, ки дароям. Мани сода ба ваъдаҳои хоми ту бовар карда, тамоми хостгоронро рад намудам, акнун ҳама аҳли оилаамон таъна мезананд, ки чанд тобистон тирамоҳ шуд, домод кай хостгор мефиристад?! Дидагонам аз раҳпоӣ хираю чашмаи оби чашмонам аз гиристан хушк шуд, охир кай меоӣ? Дигар тобу тавонӣ интизорӣ надорам.
Модарам қасам болои қасам хӯрда мегӯяд, ки ин дафъа ягон мӯйсафеди асобадаст ё марди кару гунг бо нияти хостгорӣ аз дарам дарояд, туро дарҳол бароварда медиҳам!
Рашид, агар сустӣ кунию маро ба каси дигар ба шавҳар диҳанд, ҳаргиз гуноҳатро намебахшам. Барои маро панҷ соли дароз бо ваъдаҳои хом аҳмақ карданат дар рӯзи қиёмат аз гиребонат мегирам, Рашид!
Рухшона аз ш. Ваҳдат