Заҳри тақдир
Падару модарамро дар ёд надорам ва то синни шонздаҳсолагиям намедонистам, ки ману хоҳаракам барои падару модаре, ки маро бо сад меҳрубонӣ калон мекарданд, ҷиян ҳастем, на фарзанд. Вақте шонздаҳро пур кардам, падарам маро наздаш шинонид ва навозишкорона гуфт:
-Писарам, ту бояд сарнавишти худатро донӣ. Ҳангоме, ки ту сесолаю хоҳаракат Анор яксола будед, падару модарат бемор шуда, пайи ҳам дунёро тарк гуфтаанд. Модарат бемории кӯрруда будаасту мегузарад гуфта, ба ҷойи дард ҳар гуна ашёҳои гармро гузоштан гирифтааст. Вақте ки ӯро ба духтур бурданд, аллакай дер шуда буд. Пас аз марги модарат падарат ба дарди ҳиҷрон тоб наоварда, рӯ ба май оварда, ҳар рӯз шароб менӯшид, то ки ғаму андуҳи дилашро фаромӯш созад. Азбаски пештар касали зардпарвин шуда буд, ҷигараш тоби бардоштани ин қадар машруботро накард. Дар сари соли модарат мо ӯро аз даст додем. Модарат як падари пир дошт, ки наметавонист шуморо ба тарбияи худ гирад, тағоят ҷавонмарди меҳрубон буд, вале занаш ба фарзандхонд кардани шумоён розӣ нашуд. Ману янгаат ҳамон шабу рӯзҳо шаҳу арӯси нав будем ва ҳанӯз тарбияи фарзандкалонкунӣ надоштем, вале ба хотири дар кӯча намондани шумоён қарор додем, ҳар чӣ бодо бод, ҳардуи шуморо фарзандхонд карда ба тарбияи худ мегирем. Падару модари ман барвақт аз дунё гузашта буданду ғайри падари ту ва аммаат дар дунё дигар ягон одами наздик надоштам, аз ҳамин сабаб наметавонистам тақдири шумоёнро ба Худованд ҳавола намоям. Хуллас, ҳамин тавр ту ва Анор фарзандони мо шудед. Нигору Хумор баъдтар ба дунё омаданд… Ман пас аз ин гуфтугӯ як моҳ бо дили сиёҳ гашта бошам ҳам, баъд шукронаи Худованди мутаол ва янгаву амаки меҳрубонамро карда зиндагиро идома додам…
Ёри сағира Худост
Амакам тиҷорат мекарданд ва мо ҳама аҳли хонадон ба вай ёрдам медодем. Кору бори савдоро аз амакам омӯхта, баъди хатми мактаб мағозаи алоҳидаи худро кушодам. Ростӣ, ҳеҷ умед надоштам, ки ин қадар зуд корам ривоҷ мегирад, вале Худованд пеши кори маро кушода карду дар як муддати кӯтоҳ пай дар ҳам шаш мағоза кушодам. Акнун худам аз хориҷа бор меовардаму фоидаи калон меёфтам ва дар баробари ин, дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ғоибона таҳсил низ менамудам.
Хандаи бахт
Амаку янгаам духтари зебоеро аз хешони падарам ёфта маро хонадор карданд. Ҳамсарам хатмкардаи коллеҷи тиббӣ ва духтари қоматбаланди сафедандому дилкаш буд. Дар атрофам духтарони зебои зиёде парвона буданд, вале баъди зан гирифтан дигар ба касе назар намекардам, чунки ҳамсарамро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштам. Аз чизе камбудӣ надоштем. Ҳавлиҳои кӯҳнаи падариро афтонида ба ҷояшон хонаҳои сеошёнаи зебое сохтам ва аз биноҳои баландошёна низ чанд хонаи нав гирифта, падару модарамро ба зиёрати Хонаи Худо фиристодам. Худованд ба ману ҳамсарам ду шоҳписари зебо ато намуда, бахти моро дучанд гардонд. Хоҳарам Анор низ акнун духтари қадрас шуда, талабгорони зиёде дошт, аммо азм дошт, ки то Донишгоҳи тиббиро хатм накунад, шавҳар намекунад. Амаку янгаам «бигзор хонда, дипломашро бигирад» гӯён, Анорро ба ҳоли худаш монда, Нигору Хуморро, ки аз ӯ хурдтар буданд, ба шавҳар доданд. Шавҳарони ҳарду хоҳарам амакбача буда, дар хориҷа кору зиндагӣ мекарданд ва баъди тӯй арӯсонашонро бо худ бурданд. Мо аз омад кардани бахти Нигору Хумор шодмонӣ карда, шабу рӯз Худо мегуфтем, ки дари бахти Анор низ тезтар кушода шавад…
Хостгорони ҷандапӯш
Анор донишгоҳро хатм карда дар яке аз беморхонаҳои калонтарини пойтахт ба кор даромад. Аз байн нав ду-се моҳ гузашта буд, ки як шом зану марди деҳотие дарамонро куфтанд. Хизматгорзан ба модарам чизе гуфт, ки он кас зуд ба сӯйи дарвоза рафтанд. Як зани қадпаст ва марди сиёҳи ришдоре бо либосҳои куҳнаю назарногир аз дар даромаданд ва дастурхони дасташонро ба дасти хизматгор дода, ҳамроҳи модарам ба меҳмонхона гузаштанд. Мо онҳоро нашинохта бошем ҳам, аз рӯйи таомули тоҷикона «обу иззат» кардем. Дар рафти суҳбат маълум гашт, ки онҳо ба хоҳарам Анор хостгорӣ омадаанд.
-Бародари азиз, мо мардуми камбағалем, хеле камбағал. Дар қишлоқ ду хонаи лоин дорему даҳ фарзанд. Писарамон бо қуввати худаш кадом як техникумро хатм кард, аммо дар ягон ҷо кор накарда, дар шаҳр саланг-саланг мегардад. Чанде пеш бемор шуда дар беморхона хобида буд. Дар ҳамон ҷо вай бо духтари шумо шинос шудааст, агар розӣ бошед, моро ба хешӣ қабул кунед,-Ба падарам нигариста гуфт мӯйсафед.
Падарам чӣ ҷавоб доданашро намедонист, вале баъди чанде хоҳарам омаду ҳама чиз аниқ шуд. Анор гуфт, ки новобаста аз ҳама камбудиҳои писари ин мӯйсафед ба ӯ мерасад. Ояндаи хоҳарамро андеша карда, ман Анорро ба хонаи дигар бурдам ва рост ба чашмонаш нигариста гуфтам:
-Хоҳарҷон, боварӣ дорӣ, ки хушкардаат туро хушбахт кунад, охир вай ба бисту шаш даромада, то ҳол дар ягон ҷо кор накарда будааст. Фардо ҳоли ту чӣ мешавад?!
-Акаҷон, ман ҳамин қадар сол гашта сари шуморо хам накардам. Бародари миллионер дорам гуфта, мисли дигар духтарҳо аз шумо мошину зару зевар талаб накардам ва ҳаргиз намекунам. Ман ҳамин ҷавонро дӯст доштам ва аз шумо танҳо як дуои сафед мехоҳам. Акаҷон, илтимос, розӣ шавед, зиндагиямро худам мебарам,-бо сари хам гуфт хоҳарам.
Ман, ки якравии Анорро хуб медонистам, ноилоҷ монда падарамро ба гап даровардам, ки хостгории ин одамони камбағалро қабул намояд.
МУРДА БОЛОИ МУРДА ДАР ОИЛАИ ДОСТИЕВҲО
Домоди бекафан
Аз тарафи домод як ҷиҳози ниму нимкола оварданд ва хостанд тӯйи хоксоронае ороста арӯсро баранд, вале ман намехостам хоҳаракамро мисли беваҳо бе базму бозӣ гусел намоям. Аз ҳисоби худам тӯйи осмонкаф ороста, чанд ҳофизи номдор овардам, то рӯзе Анор нагӯяд, ки падару модар надоштаму бо сабаби ятимӣ орзую ҳавас надидам.
Домоду арӯс маслиҳат карданд, ки баъди як ҳафта ба шаҳр бармегарданд ва ягон хонаи иҷора гирифта, зиндагиашонро дар ҳамин ҷо идома медиҳанд, вале баъди оне ки Анорро ба деҳа бурданд, ману падарам маслиҳат карда, хонаи сеҳуҷрагии дар бинои баландошёна доштаамонро ба номи Анор гузарондем ва барои омадани навхонадорон онро бо мебелу дигар таҷҳизоти зарурии рӯзгор пура ҷиҳозонидем. Падарам гуфт, ки бигузор онҳо дар ба дар нагашта, дар хонаи худамон зиндагӣ кунанд, вале шавҳари ландаҳури Анор набояд донад, ки ин хона аз они занаш аст. Хона расман ба номи Анор бошад ҳам, бигзор ҳуҷҷатҳояш дар дасти ман бимонанд.
Маҷнунро бо чашми Лайлӣ бубин
Янгаҳои аз қафои арӯс рафта бо димоғи сӯхта ба хона баргаштанд. Аммаам сарашро дошта ашк мерехт ва ҳар замон зери лаб мегуфт:
-Ин духтари босаводу боақл чӣ кор кард-а? Зиндагии ин оила мисли зиндагии ҷӯгиҳост…
Вақте ки Анору шавҳараш аз деҳад баргаштанд, ман ба чеҳраи хоҳарам зеҳн монда ба ҳақ будани суханони аммаам боварӣ ҳосил намудам. Домоди бекафан дар баробари тайёрхӯриаш боз чунон бадрӯй буд, ки ғаши касро меовард. Қади паст, лабони ғафсу ба қавле «чухт», бинии ба бинии хук монанд, сари пачақ ва мӯйи тунуки зарду чашмони калон-калони қурбоқамонанди янзнаамро дида дилам беҳузур шуд ва аз дил гузарондам, ки хоҳари босавод, бо обрӯ, қоматбаланд ва барф барин сафеди сиёҳчашму сиёҳабрӯи ман, ки мисли парӣ зебост ва садҳо талабгор дошт, дар ин маймун чӣ ёфта бошад, ки ишқи бачаҳои номдору пулдорро рад карда, ба ҳамин бачаи қишлоқии пойлуч ва бекафану беномус расид…
Зани баномус
Рӯзи дигар ман Анору шавҳарашро ба мошини худам нишонда ба хонаашон бурдам. Хоҳарам бо дидани хонаи пур аз ҷиҳоз, ки ба таври замонавӣ таъмир шуда буд ва дили кас дар он боғ-боғ мешукуфт, хурсанд шуда, маро ба оғӯш гирифт ва бо чеҳраи хандон гуфт:
-Акаҷон, ҳазор раҳмат барои ин ғамхориатон! Ташвиш нашавед, ман ҳар моҳ сари вақт иҷорапулиятонро медиҳам.
Аз пешонии хоҳарам бӯсида посух додам, ки дар ин бора тамоман фикр накунад…
Алфонс
Иллат дар гандаю шабушк дар ҷанда гуфтагӣ барин, язнаи безеби ман бар замми нуқсонҳои доштааш боз алфонс баромад. Вай мисли шоҳзодаҳо рӯзи дароз ду даст дар киса саланг-саланг мегашту хоҳарам шабу рӯз кор карда, ӯро мехӯронду мепӯшонд, вале сир бой намедод.
Ҳамин тавр аз байн як сол гузашту онҳо соҳиби духтараки зебое гаштанд. Анор баъди таваллуд карданаш хонанишин шуд ва барои он ки зиндагии онҳо пеш равад, падарам ба ман маслиҳат дод, ки домодро ба тиҷоратам ҷалб карда, бо ҳамин восита ба хоҳаркам ёрӣ расонам. Ман розӣ шудам ва аз бегона дида шаҳвари хоҳарам хубтар аст гӯён, ба язнаам вазифаи асосӣ-ҷамъ кардани пули борро бовар кардам, вале…
Дузди худӣ
Домод аз савдогарон ва магазинчиҳоямон ҳар ҳафта рафта пули бори маро ҷамъ карда оварда ба дастам медод. Ӯро дар ин байн чанд бор ба хориҷа бурдам, то роҳу равиши бизнесро омӯзад ва ҳатто мошин харида додам, то ки пиёда нагардад. Акнун бурути домоди алфонси моро табар намебурид. Гумон доштам, ки язнаам то қиёмат аз ман миннатдор шуда, оҳиста-оҳиста роҳи худро меёбад ва ба қатори одамон медарояд, вале ин кӯрнамак ба қадри некиҳои ману падарам нарасида, даст ба дуздӣ зад. Он аблаҳ гумон дошт, ки ман намефаҳмам, вале ман медонистаму ба хотири хоҳарам чизе намегуфтам. Хомӯшии маро алфонс-домоди дузд дигар хел фаҳмида, аз дуздии хурд ба дуздии калон гузашт ва хазинаи моро қариб холӣ карда монд. Дигар тоқат накарда гуноҳашро ба гарданаш дайн намудам ва ӯро аз кор рондам. Бисёр мехостам, ки вай қаҳр карда талоқи хоҳарамро дода равад, вале язнаи беномусам ҳатто фикри аз Анор ҷудо шудан надошт. Вай ба сӣ даромада бошад ҳам, то ҳол дар зиндагӣ коре накарда буд, акнун хонаву дари тайёрро монда, куҷо ҳам мерафт?
Бизнес-леди
Дидам, ки шавҳари хоҳарам нангу номус надорад, ба Анор пул додам, то ки тиҷорати худро вобаста ба тиб кушояд. Кордонӣ дар хуни мо будааст, хоҳарам дар як муддати кӯтоҳ ба бизнес-леди табдил ёфт. Акнун Анор соҳиби сарвату боигарии зиёде гаштааст ва сари чанбараки мошини хориҷӣ нишаста ба куҷое, ки дилаш хоҳад, сафар мекунад. Шавҳараш гоҳ-гоҳ ба корҳои ӯ ёрӣ медиҳаду дигар рӯзи дароз бекор аст.
Шавҳар беномус, ки шуд…
Як рӯз ҳамроҳи як шарики тиҷоратиям ба як осоишгоҳи бонуфуз барои се рӯз роҳхат гирифтем. Мехостем дар муҳити ором корҳоямонро ҳаллу фасл кунем. Рӯзи дуюм зери мизи сояи дарахтон ба шоҳмотбозӣ машғул будем, ки Анорро дидам. Хоҳарам бо як марди қоматбаланди зебо оғӯш ба оғӯш дар бораи чизе суҳбат карда бо завқмехандиданд. Хайрият, ки рафиқам хоҳарамро намешинохт, ман худамро ба нодонӣ задам ва гӯё чизе нашуда бошад, бозиро давом додам, вале бегоҳ хонаро хилват ёфта ба Анор занг задаму дар куҷо буданашро пусон шудам. Хоҳарам хоболудона гуфт:
ПИСАР ДАР РУСИЯВУ КЕЛИН ДАР ОҒӮШИ ҲАМСОЯ
-Акоҷон, ман бо сафари корӣ дар як ноҳияи дурдаст қарор дорам, ҳамин ки омадам, занг мезанам…
Баъди пурсуҷӯҳои зиёд ва пул доданҳо аз як корманди осоишгоҳ фаҳмидам, ки ин ҷуфт зуд-зуд барои ду- се рӯз ба дамгирӣ меомадаанд. Диламро сагон тала мекарданд, охир хоҳари шавҳардори ман бо марди бегонае ба фисқу фуҷур машғул аст. Магар ман даюсам?!
Иқрори гуноҳ
Пас аз як ҳафтаи хуни ҷигар хурданҳо хоҳарамро ба тарабхона даъват карда таъкид намудам, ки ба ӯ як кори ниҳоят муҳим дорам. Анор бо хушнудӣ таклифамро пазируфт. Хоҳарам табъи маро хира дида, пичиррос зад:
-Акаҷон тинҷӣ? Гап занед, талхаамро накафонед…
-Тинҷӣ, шавҳарат чӣ хел?-Гапро аз дур сар кардам ман.
-Шавҳарам, гаштаст. Ҳамроҳи духтарам корҳои хонаро ба сомон мерасонаду баъд ба кор меравад.
-Ба кор?- Пурсидам бо ҳайрат.
-Мегӯяд, ки дар як фирма кор ёфтааст. Ба гуфти худаш дар мағозаҳои шаҳр сақичу печенӣ ва ҳар гуна шириниҳо тақсим мекардааст, вале ягон тин пулашро то имрӯз надидаам,-даст афшон хоҳарам.
-Хайр, барои пивонӯшияш пул ёбад, кифоя аст,-гуфтам лаб газида ва сари мақсад омадам:
-Анор, ман туро як ҳафта пеш дар осоишгоҳ бо як марди ношинос дидам. Росташро гӯй, он мард кист?
Анор каме дасту по хӯрду баъд нигоҳашро ба як нукта духта гуфт:
-Бо ин мард ман шаш сол боз шиносоӣ дорам, ӯ баъд аз шумо дар зиндагӣ такягоҳи ман аст, дар мавридҳои зарурӣ зуд ба ёрӣ мешитобад. Зан дорад, вале ман ӯро дӯст медорам…
Аз ин иқрори рӯирости хоҳарам ҳайрон шудам, вале ӯ ба ман имкони гап задан надода гуфт:
-Акаҷон, илтимос, маро айб накунед, аз мард будан хаста шудаам. Мехоҳам худро зан ҳис кунам, мехоҳам марде дар паҳлӯям бошад, ки ақаллан гоҳ-гоҳ ба ман ғамхорӣ кунад. Маро бубахшед….
Ростӣ, дилам ба хоҳарам сӯхт, вале гуноҳашро бахшиданӣ набудам, аз ин рӯ, насиҳаташ кардам:
-Анор, ту зани шавҳардор ҳастӣ, обрӯи маро андеша намекунӣ?! Ман туро хуб мефаҳмам ва ин даъфа чизе намегӯям, вале як бори дигар чуни номаъқулӣ карданатро бинам, баъд аз худат гила кун! Хаста шуда бошӣ, аз шавҳарт ҷудо шуда ба ҳамин мард рас, охир ту ҳоло ҷавонӣ…
-Не, акаҷон шавҳари ман ин салиби ман аст, то охири умр худам мекашамаш. Духтарам падарашро бисёр дӯст медорад, намехоҳам фардо фарзанди маро таъна зада гӯянд, ки модари ту ду шавҳар кардааст…
-Набошад дигар ин номаъқулиро накун! Аз ман умед дошта бошӣ, дигар ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравӣ!- Гуфтам қотеъона ва аз ҷоям бархостам. Хоҳарам талх гирист ва ман инро аломати ризоияти ӯ фаҳмидам…
Дарди ниҳон
Аз ин сӯҳбати ману Анор як сол сипарӣ мешавад. Дар ин миён дигар ягон қадами ноҷойи хоҳарамро мушоҳида накардам. Барои асли ҳолро фаҳмидан аз пушташ одам мондам, вале «ҷосус»- низ дар се моҳ ягон кори хатои Анорро наёфт. Бо ин ҳама дилам то ҳол ором намегирад. Шавҳари хоҳарам, ки акнун бо шиками дамидаю пешонии калаш безебтар шудааст, зарае парвое надорад, ки дар дунё чӣ гап аст. Дилам ба ҳоли хоҳарам месӯзад, зеро дар зиндагӣ аз як мард дида зиёдтар кор мекунад, аммо гумон мекунам, ки ӯ ҳоло ҳам бо ҳамон мард вомехӯрад, зеро акнун зуд-зуд ба хориҷа сафар мекунад.
Шояд шумо маро марди занмиҷоз ва сергап хаёл кунед. Дар асл ман ба мардоне, ки сирри каси дигарро мебароранд, нафрат дорам, аммо имрӯз мушкили ба сарам омада маро дарун ба дарун хӯрда истодааст. Илтимос, маслиҳатщои худро аз ман дареғ надоред.