arzon replenishment
Писар дар Русияву келин дар оғӯши ҳамсоя
12048


Хиёнати зани шавҳардор фош шуду....
Чанд рӯз боз дар шабакаи Ютуб навори видеоие давр мезанад, ки аз хиёнати як арӯсак дарак медиҳад.

Дар навор чанд нафар занҳо дар як хона ҷамъ шуда, ҷавони тахминан 18-20 солаеро истинтоқ менамоянд. Аз рафти сӯҳбати эшон аён аст, ки ин ҷавонро ҳангоми ишқварзӣ бо ҷавонзани шавҳардор хусуру хушдомани келинчак дастгир намудаанд. Ҷавон ҳама айбу гуноҳро ба сари арӯсак бор карда, қисса мекунад, ки бо воситаи як ҷӯрааш бо ин зан шинос шудааст. Онҳо дар боғ во хӯрдаанд, аммо духтар “дар хонаи мо ҳеҷ кас нест, биё ба хона дароем” гӯён, ӯро ба манзили зисташ ваъдат намудааст. Ошиқон хонаро хилват ёфта, бо ишқварзӣ машғул мешаванд, аммо ҳамин вақт хушдоман ё хоҳаршӯйи келинчак ба хона омада, ҳардуро дар рӯйи гуноҳашон дастгир менамояд. Ҷавон сароғоз “боварӣ надошта бошен, экспертиза барен, агар ман вая ягон кор карда бошам, ҳамаш мебурояд” гӯён аз худ мӯсичаи бегуноҳ тарошиданӣ мешавад, вале баъди он ки ӯро бо модар қасам медиҳанд, иқрор мешавад, ки келинчак дар оғӯшаш лучи модарзод ва онҳо бо бӯсу канор машғул буданд. Аҷибаш он аст, ки модари келинчаки хиёнакор тарафи духтарашро гирифта “шуш дер-дер мебиёяд охир...” гӯён, домоди дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаашро гунаҳкор месозад, мазмун, агар вай занашро патофта ба Русия намерафт, шояд духтараш ба оғӯши ҷавони бегона намедаромад ва ин рӯсиёҳиву шармандагӣ сар намезад. Ин моҷаро бо чӣ анҷом меёбад ва тақдири келинчаки хиёнаткор чӣ мешавад, маълум нест, вале ташвишовараш он аст, ки вақтҳои охир чунин ҳодисаҳои нангин дар кишвари мо тез-тез ба амал омада истодаанд.
Дар ҳамсоягии мо оилае зиндагӣ мекунад, ки ҳаёти серу пур доранд. Холаи Шамсия “ин духтарҳои шаҳрӣ ҳамаашон сарлучу пойлуч мегарданд” гӯён, ба писараш аз як деҳаи дурдасти Ғарм келин оварда буд. Арӯсак духтари қуръонхон буда, панҷ вақт намозашро тарк намекард. Шамсияхола ба қавли кампиракон ба ҷони келинаш бечора буд ва гули чизро ба арӯси хонадонаш хӯрондаю гули чизро пӯшонда, ӯро рӯйи даст бардошта мегашт, аммо чӣ мегӯед, ки баъди соҳиби ду фарзанд гаштан ана ҳамин ҷавонзани худошиносу қуръонхон по ба кӯйи зино ниҳода, ба шавҳараш хиёнат намуд.

 


 

 

Ҳамсабақонаш мегӯянд, мо пас аз дарс якҷоя бо ҳам ба ошхона рафтем, баъдан ҳар кас роҳи хонаи худро пеш гирифт.


 

Тамоми ҳамсояҳо хуб медонистанд, ки ҳар шаб пас аз соатҳои 12 як мошини бадвоҳимаи хориҷӣ пайдо мешавад ва келини Шамсояхола сару соз крада ба он менишинаду то субҳдам гум мешавад, аммо нағмаҳои ин зани маккораро ба хусуру хушдоманаш нагуфта, ба лаб мӯҳри хомӯшӣ зада мегаштанд, зеро боварии комил доштанд, ки Шамсияхола то бо чашмони худаш набинад, ҳаргиз ба хиёнати келини сатрпӯшаш бовар нахоҳад кард. Дуздию ғарӣ пушти саргини хар гуфагӣ барин, билохира ҳақиқат рӯйи об баромад ва шабе худи Шамсияхола келини қуръонхонашро бо марди бегона дастгир намуд. Овозаи бо марди дигар ишқварзӣ кардани зани Мансур то ба Русия низ расид ва ин ҷавони баномус тариқи телефон талоқи ҳамсари бевафояшро дод. Пас аз ин воқеан падару модараш аз баҳри он духтари беҳаё гузашта, оқаш намуданд. Имрӯз он келинчаки беандеша ба қавле дискоман шуда, шабҳо дар тарабхонаҳо нимаурён мерақсад ва зиндагиашро бо ҳамин роҳ пеш мебарад. Кӯдакони бегуноҳи Мансур аз рӯйи модар зиндаятим гашта, қатори сағераҳо дар яке аз ятимхонаҳои шаҳри Душанбе зиндагӣ карда истодаанд.
Омили аввали по ба кӯйи хиёнат ниҳодани иддае аз занҳои тоҷик, агар нодорию камбағалӣ бошад, омили дигараш ин муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Ба хотири дарёфти як пора нон ҷавонмардони тоҷик оила ва ҳамсарони ҷавони худро танҳо гузошта, ба Русия ва дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Мардоне ҳастанд, ки дар Русия зани рус гирифта, ҳамсару фарзандонашонро фармӯш месозанд ва ё бо сабабҳои дигар панҷ-шаш сол бедарак мешаванд. Табиист, ки на ҳар як зан тобу тоқати солҳои сол бе шавҳар зистанро дорад. Бархе аз занон ба хотири пеш бурдани зиндагӣ ва иддае аз рӯйи нафси шаҳвонӣ бо мардони дигар ошноӣ пайдо намуда, ба ҳамсарашон хиёнат мекунанд.
Мурод аз ин гуфтаҳо он аст, ки мардони тоҷик сар ба ҷайби андеша кашида, зану фарзандони худро муддатҳои дароз танҳову бе назорат нагузоранд, то ки рӯзе доғи сиёҳи бадномӣ насибашон нагардад. Азбаски ҷомеаи мо ҷомеаи суннатӣ ва аксари мардуми кишварамон пайрави дини мубини ислом ҳастанд, моро лозим аст, ки ба ин масъалаи нозук хеле эҳтиёткорона муносибат намоем.
Тибқи гуфтаҳои китоби муқаддаси Қуръон зино барои фарди мусалмон бадтарин гуноҳ буда, хиёнаткор дар ин дунё рӯсиёҳу шарманда ва дар охират ба азоби ҷаҳаннам гирифтор мешавад. Аз ҳама бадтараш он аст, ки вақте як зан ё духтари мусалмон, хоса тоҷик бо марди номаҳрам ишқварзӣ намуда, ба чанг меафтад, натанҳо обрӯи хиёнаткор дар ҷомеа мерезад, балки шаъну шарафи тамоми аҳли авлодаш паст гашта, як умр бадному рӯсиёҳ мешаванд. Ин ҳодисаҳо паёмадҳои дигари нохуш низ доранд, ки бадтаринашон худкушӣ ва кушторҳои номусӣ мебошад, ки ҳадаф аз он гӯё тоза кардани доғи бадномист, аммо зино доғест, ки онро бо чизе шуста намешавад, ҳатто бо хун!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД