Formula novemver 2024
ДАРО, КИ ОБЛАВА НАБИНАД!
4508

 

“Ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва нафароне, ки ҳуқуқи озодшавӣ аз хизмати сарбозиро надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд”. Бо пахши ин хабар сар аз 1 - уми апрел дар Тоҷикистон барномаи даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз гардид. Чун анъана он то 31 - уми май идома хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои мавҷуда дар аввали моҳи апрел то анҷоми май сарбозоне, ки мӯҳлати хизматашон анҷом ёфтааст, ба хона фиристода мешаванд. Ҳамасола 15-16 ҳазор нафар ҷавон дар Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 27 аст, ба хизмати ҳарбӣ мераванд.

Бар асоси маълумоти расмӣ шумораи ҷавонони синни даъват дар кишвар наздик ба 600 ҳазор нафар аст. Зимнан, 150 ҳазор нафари онҳо бо сабаби корношоямӣ аз хизмати сарбозӣ озод шудаанд, ё лоиқи хизмат кардан нестанд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳифзи марзи кишвар ҳар як ҷавон бояд дар сафи Артиши миллӣ хизмат кунад. Вале чӣ боис гардидааст, ки имрӯз теъдоди ками ҷавонон бо хоҳиши худ ба хизмат мераванду маъракаи “облава” домани васеъ паҳн кардааст? Як назарсанҷии кӯтоҳи мо ин андешаро исбот кард. Аз миёни он нафароне, ки дар шабакаи иҷтимоии фейсбук дар ин мавзӯъ муроҷиат кардем, аксарият зулми рутбадорон, тарс, шароити вазнин ва монанди инҳоро сабаби саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ мешуморанд.

 


Аловиддин Абдуллоев: аз хизмат бо азоби алим ба Ватан баргаштам!


 

Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун, шоир ва рӯзноманигор дар робита ба ин мушкилӣ чунин гуфт: Ба андешаи ман, бархе аз ҷавонон ба хотири рӯ овардан ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ саркашӣ менамоянд. Ман худ шоҳиди ҳол ҳастам ва инро аз чанд ҷавонписар ҳам шунида будам, ки мегуфтанд: "Аз оне, ки 2 сол рафта дар аскарӣ хизмат мекунам, беҳтараш, ки ба Русия рафта, ду сол кор карда омада, зан мегираму чанд камбудии хонаро ислоҳ мекунам".

Саидэҳсони Ҷалолиён, рӯзноманигор ва ровии барномаи “Минбар” гуфт, ки воҳимаҳо аз вазъи нохуби қисмҳои низомӣ, худкушиву фавти хидматчиёни ҳарбӣ ва бозтоби он дар расонаҳо, муҳлати дурудароз, фароҳам нашудани имтиёзу шароити беҳтари кор дар идораҳо ва муҳлати дароз хидмат кардан боиси гурези даъватшавандаҳо ба хизмат мегардад.

Аъзамҷон Мухторов ҳанӯз донишҷӯ аст ва дур аз хонаву дар таҳсил мекунад. Вақте бо ин савол ба ӯ муроҷиат кардем, гуфт: набудани шароити хуб дар хизмати ҳарбӣ ва ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгуй набудани қисмҳои низомӣ, инчунин муҳлати хизмат ба ин сабаб шуда метавонад.

Сомон Исломов низ донишҷӯ аст. Ӯ ҳам ба андешаи Аъзамҷон мувофиқ буда, илова кард, ки кӣ мехоҳад 2 соли ҳаёташро сӯзонад, баъди шикоятҳои зиёди нафарони аз хизмат ҷавобшуда. “Бачаҳои хизматкардагӣ иқа воҳима мекунанд, ки баъди шунидан тамоман ҳавсалаи рафтанат пир мешавад”. Алиҷон Бобохонзода, як тан донишҷӯи дигар, ки пешааш сиёсатшиносӣ аст, андешаҳои Сомонро айнан гуфт.

Хушрӯзи Ҷамолиён ҳам рӯзноманигор аст. Ӯ дар робита бо маъракаи “облава” гуфт, ки “иҷборан бурдани ҷавонон ба андешаи инҷониб ин худ алакай оғози шиканҷа ба сарбозон ба ҳисоб меравад. Як мисоли одди бобати хизмат кардан дар сафи низомӣ. Дар Афғонистони ҷангзада хизмат кардан ба сафи артиш озод аст. На синну сол вуҷуд дорад, на чанд фарзанд доштан. То ҷое огоҳам маоши хуб ҳам медиҳанд”.

Аминҷон Раҳматзода ҳанӯз донишҷӯи соли дуюм аст. Ӯ дар фарқ бо дигарон дар Донишгоҳи миллӣ дарси ҳарбӣ мехонаду оянда баъди хатми донишгоҳ оҳиби рутба мешавад. Яъне, ин бори ӯро аз хидмат сабук мекунад. Вақте аз Аминҷон сабаби камтар бо ихтиёри худ ба сафи артиш пайвастани ҷавоноро аз нигоҳи ӯ пурсидем, гуфт: “Ҷавонон тарс аз он доранд, ки дар хизмати ҳарбӣ онҳоро мезананд. Ҳамчунин, хӯрокҳои бекалория медиҳанд. Ҳамин сабаб мешавад, ки ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ намераванд”.

 


Дон Жуан: “Облава” маро бинад, 2 км мегурехт, аммо…


 

Донишҷӯи дигари тоҷик Нилуфари Рӯзиқул хизмати Ватанро барои ҳар фарди ҷомеа қарзи шаҳрвандӣ мешумораад. Ӯ дар посух ба суоли мо гуфт: Муқаддасоти Ватанро ҳар як нафар бояд чун гавҳараки чашм муҳофизат кунад. Вале имрӯзҳо чунин ҳодисаҳо, ба монанди гурехтан аз облава ва ё рӯ тофтани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ зиёд ба назар мерасад, ки ин ҳам сабабхои гуногун доранд”.

Ба ақидаи Нилуфар, ки дар баробари донишҷӯӣ ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул аст, яке аз сабабҳои асосии саркашии ҷавонон латукӯби наваскарон мебошад, ки дар ин маврид расонаҳо бисёр мегӯянд. Ӯ мегӯяд, ки борҳо шоҳиди зиёди шикояти “дед”-ҳо аз хизмат шудааст. “Аксарияти ҷавонон пас аз хизмат шикоят мекунанд, ки аз ҷониби «дембел» - ҳо латукӯб мегаштанд. Аз нақли онҳо дигар ҷавонписарон ба тарс афтода, аз хизмати ҳарбӣ рӯ мегардонанд”.

Лашкар Шарифзода, таҳлилгар ва рӯзноманигор баръакси гуфтаҳои дигар ҳамсуҳбатони мо зикр дошт, ки “тайи солҳои охир бо далели беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ теъдоди ҷавонписарони ихтиёрии синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ бештар шудааст. Хизмати ҳарбӣ тибқи конститутсия ҳатмӣ мебошад. Мутаассифона, ҳолатҳои саркашӣ аз ин талаботи қонун гоҳо ба назар мерасад. Ин аз масъулияти пасти баъзе волидон ва худи ҷавонон дарак медиҳад. Ҳар як нафари мо бояд дарк намоем, ки сабаби ин ҳама тинҷиву осудагӣ хоби бароҳати шабҳои мо хизмати сарбозону афсароне ҳастанд, ки дар сарҳади давлатӣ шабзиндадорӣ мекашанд. Онҳо ҳам писар, шавҳар, падар ва ёру бародари касе ҳастанд. Пас ҳар як оила агар фикри зиндагии осуда ва амнияти давлатро хоҳад бояд писарашро ба хизмат фиристанд. Шарм аст, вақте баъзе волидон писарони худро аз хизмат гурезонда пинҳон мекунанд. Худи он ҷавононе, ки аз хизмат мегурезанд дар замири эшон ғурури ватандорӣ ва ҳисси миллӣ нест! Ба қавли шоир:

То бихобад миллате осуда дар болини ноз,

Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад”.

Тавре аз назарҳо бармеояд, аксарият сабаби асосии саркашӣ аз хизмат ё ба қавлле гурез аз облавачиёнро муҳлати дароз аскарӣ, шароити нохуб ва латукӯб дар қисмҳои ҳарбӣ мебинанд. Барои манъи облава ва ҷалби ҳарчӣ бештари ихтиёриён ба сафи артиш ҳамсӯҳбатони мо чанд пешниҳод карданд.

Хушрӯзи Ҷамолиён ҳамкории қисмҳои низомиро бо ВАО сабаби бисёртар диққат додани ҷавонон ба сафи аскарӣ медонанд. Ӯ мегӯяд, ки аз буду боши низомиён бояд ВАО ба таври воқеӣ хабар расонад ва баъзе пардаҳоро бардораду қолабҳоро шикананд, зеро мардум ба ВАО бештар бовар доранд. Бо ин роҳ мебинем, ки ҳама ба артиш меравад”.

Инчунин, Хушрӯз пешниҳод дорад, ки барои сарбозон маош муайян карда шавад. “Пешниҳод мекунам, ки бояд ба сарбозон як андоза мъоши хуб тартиб дода шавад, то онҳое, ки аз Русия депорт шудаанд, биёянду хизмат кунанд ва ҳам рӯзгорашонро пеш баранд. Пешниҳоди дигар ин аст, ки бояд хизмат воқеӣ ва бе шиканҷа бошад. Ҳодисаҳову хабарҳои зиёдеанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мавҷуд будани шиканҷаро дар хизмат маҳкум мекунанд.

 


“Хизмат кунад, мардак мешава”-мегӯяд ин ҳунарманди машҳур


 

Донишҷӯ ва ҳамзамон, фаъоли шабкаҳои иҷтимоӣ Шаҳзод Орифӣ назари Хушрӯзро тақвият дода, гуфт, ки яке аз роҳҳои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ҳавасмандии ҷавонон бояд бошад. Масалан, ба онҳо музди моҳонаи маош дода шаванд, то ки сарбозони оянда ҳавасманд шаванд.

Қобили зикр аст, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра сурат мегирад: даъвати баҳорӣ – аз 1 апрел то 31 май ва даъвати тирамоҳӣ — аз 1 октябр то 30 ноябр. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки аз ҷониби комиссияҳои тиббӣ солим ва коршоям эълон шудаанд, даъват карда мешаванд.

Тибқи нақшаи даъват ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 16 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд. Айни ҳол, дар кишвари мо зиёда аз 600 ҳазор ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ зиндагӣ доранд, аммо наздик ба 150 ҳазор нафари онҳо корношоям эълон шуда, аз хизмат озод гардидаанд Инчунин, наздик ба 100 ҳазор нафари дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Муҳлати хизмат дар сафи артиши Тоҷикистон 2 сол муқаррар шудааст, ки инро аксар ҳамсуҳбтони мо тӯлонӣ ва дилгирифт гуфта, хостори кам кардани он аз ҷониби мақомот шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл муовини вазири адлияи кишвар Абдуманнон Холиқов дар нишасти матбуотиашон хабар дода буд, ки ба хотири аз байн бурдани “облава” муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1, 5 сол мешавад.

Ҷаноби Холиқов дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки лоиҳаи қонун дар бораи поён бурдани муҳлати артиш ба парлумони пешин пешниҳод шуда буд. «Лоиҳаи қонун равон карда шуд, ки дар он мехоҳанд мӯҳлати хизмати артишро ним сол кам намуда, ба якуним сол баробар кунанд. Мо барои облаваро аз байн бурдан, аввал муҳлати хизматро кам мекунем”, - таъкид намуда буд муовини вазир. Инчунин, ӯ дар нишасти матбуотии коргоҳаш зикр кард, ки ин танҳо пешниҳод аз ҷониби вазорати мудофиа аст ва қабули он вақт талаб мекунад. Вале Парлумони гуфтаи муовини вазир дигар нест, зеро ин симматро шуруъ аз 2-юми март чеҳраҳои нав соҳиб шуданд. Баъди суханронии Холиқов Парлумон дар робита ба ин масъала чизе нагуфт. Аксарият умедворанд, ки бо омадани нафарони нав ба Парлумон баҳси облава, давоми чанд сол боз дар расонаҳои кишвар баррасӣ мешавад, ҳалли худро хоҳад ёфт. Вақт нишон медиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД