- Салом акои Аловиддин!
- Ба фикрам "Шӯхиҳои Аловиддин"-ро ёд кардед-а, ки занг задед?!
- Бе гуфтугӯ! Ҳазлҳои намакинатон табъи касро болида мегардонанд, вале ин навбат мо бо дигар масъала ба шумо занг зада истодаем. Мехоҳем донем, ки ҳаҷвнигори машҳур Аловиддин Абдуллоев аз мактаби мардонагӣ гузаштааст ё не?
- Ба аскарӣ рафтан ё нарафтани маро донистан мехоҳед?
- Қурбони аҳли фаҳм шавем. Канӣ росташро гӯед, ба Модар-Ватан хизмат кардаед, ё дар пушти ягон бутта пинҳон шуда…
- Э додар, дар замони мо “облава” гуфтанӣ гап набуд, вале бачаҳо бо ихтиёри худашон бо сари баланд ба аскарӣ мерафтанд, чунки хизмат кардан он солҳо боиси ифтихор буд. Соли 1984 маро ба аскарӣ гирифтанд, вале соли 1986 бо азоби алим ба Ватан баргаштам.
- Дар куҷо хизмат кардед?
-Шаш моҳи аввал дар шаҳри Москва, ки он ҷо фақат омӯзиш буд, хизмат кардам, баъд моро ба Украинаи ғарбӣ ба шаҳри Коломия, ки дар ин минтақа хизмат кардан бисёр душвор буд, фиристоданд. Дандоншикан бошад ҳам, нангу номуси тоҷикона намегузошт, ки лаб ба шиква кушоям, чунки дар як қисми ҳарбии калон ман ягона тоҷикбача будам. Шукрона мекунам, ки аз хизмат бо сари баланд ба Ватан баргаштам.
- Муносибати дигар аскарону афсарон бо шумо чӣ гуна буд? Аз “дед"-ҳо шатта намехӯрдед?
- Бовар кунед, маро аз командир то сарбози қаторӣ дӯст медоштанд, чунки дар чорабиниҳои фарҳангӣ баромад карда, бо ҳазлҳои намакини худ табъи онҳоро болида мегардонидам. Ҳамаашонро чунон механдондам, ки аз хандаи зиёд қариб рӯдакан мешуданд.
- Таманниёти шумо ба афсарони кишвар!
-Муборак бошад иди Артиши миллӣ ва рӯзи ватандӯстон ба мардуми азизи кишвар!
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ